Главная / Илм / Сохтори сиёсимаъмурии Осиёи Миёна дар давраи гуломдорй.

Сохтори сиёсимаъмурии Осиёи Миёна дар давраи гуломдорй.

Сохти гуломдорй, баъд аз чамъияти ибтидой, аввалин чамъияти синфй буда, асоси сиёсй-ичтимоии онро моликияти хусусй ба хисоб меравад.
Дар Авесто оид ба масъалаи ташкили давлатхои ибтидоии гуломдорй маълумот дода мешавад. Ин давлатхо аз хисоби муттахид шудани кабилахо пайдо шуда аз давлатхое, ки дертар ташкил ёфтанд, фарк доштанд. Кисми асосии сокинон дар холати сохти авлоди карор доштанд.
Чамъияте, ки онро Авесто тасвир мекунад, чамъияти патриархалии чорводорону зироаткорон буда, дар он нобаробарии молй хукумфамо мебошад. Мувофики Авесто зинаи поении чамъият хона хамчун истикоматгохи оила ва хочагии вай ба шумор меравад.Сардори оила катхудо иманопати мебошад.
Оилахои ба хам хешу наздик авлод (вис) ба хисоб рафта ба он факат хешони падарй дохил мешуданд. Фарзандони хохар ба авлоди падари худ дохил мешуданд. Сардори авлод «виспати» номида шуда аз кабили муйсафедони обруманди авлод интихоб мешуд. Дар як вакт «виспати» козй ва сардори деха ба шумор мерафт.
Иттиходияи авлодхоро дар дохили кабила «занту» меномиданд.Дар худуди кабилахо мачлиси халкй ва шурои муйсафедон- «ханчамана» анчанхо гузаронда мешуданд.
Байни кабилахо ва вилоятхо иттиходхо баста мешуд, ки онро дахю ва сардори онхоро дахюпати мегуфтанд. Хокимияти дахюпатиро шурои муйсафедон назорат мекард.
Дар яке аз кисмхои Авесто-Мехр яшт доир ба муттахидшави вилоятхо ба дарачаи ташкилшавии давлат сухан меравад.
Дар баробари Авсето муаллифони юнонй оид ба се иттиходияи бузург, хамчун давлатхои нахустини Осиёи
Миёна-Хоразм, Бохтар ва Сугд маълумот медиханд.
Дар нимаи асри VI п.м. давлати пуркувват таъсис ёфт, ки дар таърих ба номи империяи Хахоманишиён (550-331) маълум мебошад. Номи сулола аз номи саравлоди он Хохман хокими вилояти Форс гирифта шудааст.
Дорои I (522-486) барои мустахкам намудани пояхои сиёсии давлат зарур донист, ки дар мамлакат ислохот гузароннад. Ислохот тамоми сохахои маъмурй молиявиро дарбар мегирифт.
Империяи Хахоманишиниён хокомияти мутлако
мутамарказонида шуда буд. Шох хокимони мутлак буд ва хукми у конунй ва тагйирнопазир буд. Дар назди шох Шурои дарборй, аз 9-нафар иборат амал мекард, ки танхо хукуки машваратй дошт.
Идораи маъмурй аз се девон, девони молия- хазинаи подшох, девони додбарй (козй, суд) ва девони артиш иборат буд. Сардори девонхо аз тарафи шох аз байни ашрофони форс таъин карда мешуданд.
Дар давлати Хахоманишиён мамлакат ба 20- сатрапия таксим карда шуд. Аз болои фаъолияти сатракхо идораи маъмурй-назоратй ва хадамоти махфй назорат мекард.Осиёи Миёна ба чор сотратя: Бохтар, Сугд, Хоразм ва Порт саккоихо -массаггтто таксим мешуд. Ба хайати империя Хахоманишинхо хамрох шудани Осиёи Миёна раванди таравдиёти муносибатхои гуломдориро дар ин сарзамин тезонид.
Баъд аз забткорихои юнону- макдунй, давлати Порт вусъат гирифта, ин давлат аз соли 247 п.м.то соли 224-и милодй вучуд дошт, ки он дар баркароркунии истиклолияти сиёсй ва фарханги миллии мардумони эронинажод баъди истилои Искандари Макдунй сахми калон гузоштааст. Давраи салтанати Порт-инкишофи минбаъдаи муносибатхои гуломдори мебошад.
Дар дарбори шохи Порт ду Шуро-шурои хешовандони наздики шох ва шурои ашрофон ва мубадон амал мекард. Дар корхои давлат, сардори сарбозони шох-хазорапати макоми хоса дошт. Дар ин давра дар Осиёи Миёна сохти табакавй чой дошт.Чамъият ба се табака: озодагон
(ашрофон) чанговарон, кишоварзон ва хунармандон таксим шуда буд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222