Системаи асаби одам
дар мукоиса аз системаи
асаби тамоми мавчудо-
ти дигар мукаммалтар буда, шаклхои олии инъикоси пси-
хологи ва системаи мураккаби амалу рафторро дар наму-
ди фаъолияти бошуурона имконпазир мегардонад.
Сохтори мураккаби он, ки аз шабакаи наххо ва гиреххои
зиёди асаби, инчунин ретсепторхои ба шаклхои мухтали-
фи таъсироти мухит мутобикшуда таркиб ёфтааст, аксу-
ламалхои зуд ва дакик, механизми соддаи хосилшавии
алокахои муваккатии асаби, ки азхуднамоии тачрибахои
нави хаёти бо онхо алокаманд аст, инчунин тахлили
амики таъсироти мухит ва рафтори мураттабу муракка-
бро таъмин менамояд.
Тамоми ташкилахои
асаби аз хучайрахои асаби
таркиб ёфтаанд. Хучайраи
асаби нейрон ном дорад.
Микдори нейронхо танхо дар
магзи сари одам ба 1012 (як
триллион) мерасад.
Хучайраи асаби сохтори му-
раккаб дорад. Он аз тана ё
сома, ядро ва шохахои
кутоху дароз иборат аст.
Шохаи дароз дар як нейрон
одатан якто буда аксон ном
дорад. Шохахои кутохи
хучайраи асаби якчандто бу-
да, дендрит номида мешаванд. Аксон ва дендритхои як
хучайраи асаби бо хучайраи дигар тавассути синапсхо
пайваст шуда, барои интиколи импулсхои асаби аз як
нейрон ба нейрони дигар хидмат мекунанд. Синапсхо
ташкилахои махсуси асабие мебошанд, ки алокаи
муваккати ё тулонию устувори байнихамии хучайрахои
асабиро таъмин мекунад.
Пайвасти миллиардхо нейрон ташкилахои муракка-
би асаби ва шабакаи сершохаи робитаи байни онхоро ба
вучуд овардааст, системаи асаб но-
мида мешавад.
Системаи асаби одам аз ду
кисмат иборат аст: кисми маркази ва
кисми канори (перифери,. Расми 7.
Кисми марказии асаб ё системаи
марказии асаб (СМА) аз хароммагз
ва магзи сар иборат аст. Магзи сари
одам, ки 1/50 хиссаи вазни бадани
уро ташкил медихад, ташкилаи му-
раккабтарини биологи дониста ме-
шавад. Вазни ин узв дар навзоди
такрибан 350г, ва дар одами болиг ба хисоби миёна 1400г
– ро ташкил медихад. Он дар синни 18 – 30 солаги вазни
максималии худро сохиб гардида, пас аз 50 – солаги мун-
тазам хурд ва сабук шудан мегирад, ки сабабаш пиршавии
бофтахои асаби ва атрофия (хушкшави) – и магз мебошад.
Магзи сар дар навбати худ, аз магзи дарозруя, магзи
миёна, магзи мобайни, магзча ва магзи пеш таркиб ёфта-
аст. Расми 8.
Хароммагз. Мо пештар кайд кардем, ки дар системаи
асаби гирехшакл гиреххои алохида вазифахои худро ба
таври мустакилона ичро мекунанд. Дар баъзе намоянда-
гони системаи асаби мутамарказ низ ин чиз дар шакли
мухторияти нисбии хароммагз боки мондааст. Масалан
тачрибахои физиологи рус И.П.Павлов нишон доданд, ки
дар сурати дур кардани магзи сари курбока хам он мета-
вонад бо панчааш барои аз худ дур сохтани ангезандаи
ногувор (кислотаи ба пусти вай чаконидашуда) кушиш
кунад. Ин имкониятро ба вай фаъолияти автаномии
хароммагз фарохам меоварад. Хароммагзи инсон аз
мухторият махрум аст, вале дар натичаи хамкори бо дигар
сохторхои системаи асаб функсияхои мухими психикиро
ичро менамояд.
Хароммагзи одам дар ковокии сутунмухра чойгир
шуда, бевосита хам бо магзи сар ва хам бо системаи асаби
канори пайваста аст. Вобаста ба мавкеи чойгиршавиаш
он, дар ичроиши фаъолияти психики яке аз вазифахои
мухимро ичро мекунад, ки он хам бошад, таъмини робита
дар байни «штаб» – магзи сар ва узвхои канории организм
мебошад. Вазифаи дигари мухими ин узв аз фаъолияти
рефлектории он бармеояд. Дар хароммагз маркази бисёр
рефлексхои мухим чойгиранд.
Магзи дарозруя аввалин барчастаги дар канори бо-
лоии хароммагз аст, вале барчастаги дар ин кисмати си-
стемаи асаб тагйироти ягона нест, дар ин чой сохтори
таркибии магз низ тагйир меёбад. Хамаи ин нишонаи он
аст, ки хароммагз ба охир расида, узви дигар – магзи сар
огоз меёбад. Махдудшавии баъзе вазифахо дар ин мин-
така имконият медихад, ки онро хамчун кисми алохидаи
магзи сар бахо дихем.
Дар магзи дароз-
руя марказхои бисёр
рефлексхои гайри-
шарти чойгиранд (дар
бораи рефлексхо нига-
ред ба зермавзуи
баъди). Аз он чумла
маркази рефлекс-хои
таппиши дил, нафас-
каши, фурубари, чудо-
шавии оби дахон, арак-
чудокуни, атсазани,
сулфа-зани, хикакзани,
кай-куни, чудошавии оби дахон, рефлексхои мавкеи бадан
дар фазо ва гайра. Ичроиши вазифахои ин марказхо аз
шуъбахои олии (кишрии) магзи сар идора карда меша-
ванд.
Магзи миёна дар болои магзи дарозруя чойгир
шуда, давоми онро ташкил медихад. Дар он хучайрахои
зиёди асаби чамъ омада, марказхоеро ба вучуд меоваранд,
ки аз руи вазифаашон ба ду гурух чудо карда мешаванд:
марказхои хисси ва эффектори (харакати). Марказхои
хисси ба шиддати мушакии тамоми бадан ва ба ин васила
ба тамоми харакатхои одам ё хайвонот таъсир мерасо-
нанд. Вазифахои марказхои хисси бошад, бо функсияхои
бинои ва шунавои алокаманданд. Маркази ба ном «старт –
рефлексхо» низ дар магзи миёна чойгир аст. Ин рефлексхо
вазифаи эхтиёткунанда дошта, дар он зохир мешаванд, ки
одам ё мавчудоти дигар хангоми таъсироти ногахони як-
бора ва бе сарфахм рафтан ба ходиса магурезад, худашро
панах месозад, чашмашро мепушад ва монанди инхо. Ин-
чунин дар магзи миёна рефлексхои тарзи ист, нигох доша-
ни мувозинати бадан хангоми рост рох рафтан, харакат ба
баланди ва нишеби, чархзани ва г. чойгиранд.
Магзи мобайни дар кисми марказии магзи сар чой-
гир буда, аз се тараф бо магзи миёна, магзча ва нимкур-
рахои магзи пеш пушонида шудааст. Магзи миёнаро мар-
кази эхсос меноманд, зеро хама роххои асабии аз узвхои
хис ба сохаи кишрии магз раванда тавассути он мегуза-
ранд. Марказхои мухими хиссиёт ва эмотсияхо низ махз
дар ин сохтори магз чойгиранд. Тавассути таъсироти
барки ба баъзе нуктахои он дар хайвонот ва инсон хиссиё-
ти газаб, каноатманди ё тарсро ба вучуд овардан мумкин
аст. Дар магзи мобайни инчунин марказхои физиологии
танзими харорати бадан ва иштихо низ чойгиранд. Хан-
гоми таъсири сунъи ба китъаи муайяни он иштихои бар-
тарафнашаванда ба вучуд меояд ва хангоми таъсир ба
китъаи дигар бошад, новобаста аз гуруснагии чандруза
хайвон ба хурок эътибор намедихад.