Стратегияи инноватсиони дар корхона: Ташкили идораи фаъолияти инноватсиони баходихии мачмуи ва омузиши инноватсиониро пешбини ва муайян мекунад. Пеш аз хама, фарк карда тавонистани инноватсия аз тагйиротхои ночиз дар махсулот ва равандхои технологи (масалан тагйиротхои эстетики – ранг, шакл ва гайра), мебошад. Тагйиротхои ночизи зохири ё техники дар махсулот, ки истифодаи сохтории онро бетагйир гузошта, бо аломатхою хусусиятхояш арзиши махсулот, маводхои таркибии ба он дохилшаванда, бо вусъат додани намудхои махсулот аз хисоби азхудкунии истехсолоти пештар дар корхонаи мазкур тавлиднашаванда, вале аллакай дар бозори махсулот машхур гардида, ки бо максади конеъсозии талаботи чори ва афзун намудани корхона сурат мегирад, зарур мебошад.
Дар адабиёти илми вобаста ба аломатхои технологи инноватсия ба чунин гуруххо чудо мешаванд:
- инноватсияхои махсулоти, онхо истифодаи нав, маснуоти нимтайёри нав ва кисмхои мукаммалкунандаи онхо, дарёфти махсулоти усулан навро дар бар мегиранд;
- инноватсияхои раванди, ки усулхои нави ташкили истехсолот (технологияи нав)-ро ифода месозанд. Инноватсионихои раванди метавонанд бо барпосозии сохторхои нави ташкили дар хайати корхона, ширкат алокаманд бошанд.
Аз руи намудхои пешниход барои бозор пешбинишаванда инноватсияхороба хелхои зерин таксим менамоянд:
- барои сохахои чахони нав;
- барои сохахои кишвари нав;
- барои корхонаи мазкур (гурухи корхонахо).
Аз руйи мавкеъ дар низом (дар корхона, дар ширкат) метавон инноватсияхоро аз хамдигар ба таври зерин чудо намуд:
- инноватсияхо дар рохи воридшави ба корхона (тагйирот дар интихоб ва истифода накардани ашё, мошинхо ва тачхизот, иттилоот ва гайра);
- инноватсияхо дар рохи хоричшави аз корхона (маснуот, хизматрасонихо, технологияхо, иттилоот ва гайра);
- инноватсияхои сохтори бохамдигар алокаманди сохахои гуногуни корхона (идорави, истехсоли, технологи).
Вобаста ба мохияти тагйиротхои воридшаванда инноватсияро базаминави, кулли, бехбудсозанда, дигаргунсозанда чудо мекунанд.
Гурухбандии инноватсия бо назардошти сохаи фаъолияти корхона хусусияти пурраи самти истифодаи онро шарх медихад.
Аз руи ин нишонахо инноватсияхои зеринро аз хам чудо месозанд:
- технологи,
- истехсоли,
- тичорати,
- ичтимои,
- сохаи идоракуни.
Аз руи тарзи бавучудоии инноватсия онро метавон ба реактиви ва стратеги чудо намуд. Ба реактиви инноватсияхое тааллук доранд, ки мавчудияти корхонаро дар мубориза бо ракибон дар бозор таъмин менамояд. Инноватсияхои стратеги – ин он навоварихоест, ки максади дар оянда сохиб шудан ба бартари дар ракобатро дорад.
Ба хамин тарик, гурухбандии инноватсия аз руйи нишонахои дар боло овардашуда, таъсиси низоми татбики менечменти инноватсиониро фарохам меоварад.
Дар менечменти инноватсиони мавкеи маркази, асоси ба коркарди стратегияи инноватсиони ва тадбирхое дода мешавад, ки барои амали намудани он равона карда шудаанд. Тахия ва истехсоли намудхои нави махсулот самти афзалиятноки стратегияи корхона мегардад, зеро хамаи самтхои бокимондаи онро муайян менамояд.
Раванди татбики менечменти инноватсиони ба таври умуми масъалахои зеринро пешбини менамояд,
- тартиб додани накша ва барномахои фаъолияти инноватсиони;
- назорат ва чараёни тахияи махсулоти нав ва дар амал чорисозии он;
- баррасии лоихахои бавучудовардаи махсулоти нав;
- пешбурди сиёсати ягонаи инноватсиони, хамохангсозии фаъолият дар вохидхои истехсоли;
- таъмини барномахои фаъолияти инноватсиони бо захирахои молияви ва модди;
- таъмини фаъолияти инноватсиони бо хайати шахсии кормандони сохибихтисос;
- ташкили гуруххои максадноки муваккати барои халли мачмуи мушкилихои инноватсиони аз андеша то истехсоли гурухии махсулот;
- ташкили мониторинги татбики накшахо ва барномахои фаъолияти инноватсиони.
Интихоби стратегия кафили муваффакиятноки фаъолияти иктисодист. Корхона, агар самти тагйиротхои вазъиятро пешбини икарда натавонад ва ба онхо мутобик нагардад, метавонад дучори бухрон гардад. Интихоби стратегия – кисми мухими таркибии даври менечменти инноватсиони ба шумор меравад. Дар шароити иктисоди бозаргони барои рохбарияти корхона доштани махсулоти хуб кофи нест. Вай бояд бодиккат пайдоиши технологияи навро назорат кунад ва чори намудани онхоро дар фаъолияти иктисодии худ ба накша гирад, то ин ки аз ракибонаш акиб намонад.
Банакшагирии стратеги ду хадафи асосиро таъкиб мекунад. Аввал – таксим ва истифодаи самараноки захирахо. Ин ба ном «стратегияи дохили» ба шумор меравад. Истифодаи захирахои махдуд, ба мисли сармоя, технология, кормандон ба накша гирифта мешавад. Ба гайр аз ин, сохахои навро интихоб намудани корхона, баромадан аз сохахои гайридилхох, интихоби «портфели» самаранок аз тарафи корхона сурат мегирад. Дуюм – мутобикшави ба мухити беруна. Дар ин маврид, барои таъмини мутобикшавии самараноки ба тагйироти омилхои беруна (тагйиротхои иктисоди, омилхои сиёси, холати демократи, вазъияти экологи ва гайра) вобастабуда вазифа гузошта мешавад.
Банакшагирии стратеги бо баргузории тадкикотхои сершумор, чамъовари ва тахлили маълумотхо асос меёбад. Ин ба баходихии мунтаззами бозор имкон медихад. Дар айни замон, бояд дар назар дошт, ки дар шароити гузариш ба бозор, аксаран кисми таркибии стратегия тагйир меёбад. Бинобар ин, стратегия бояд ба тарзе тахия гардад, ки дар сурати зарурат он бо дигараш иваз гардад, ё ин ки ба холатхои тагйирёбанда мутобик карда шавад.
Тартибу тахияи стратегия аз ифодаи максади умумии корхона, ташкилот огоз мегардад, ва он бояд ба хар як менечер, сохибкор фахмо бошад. Максадгузори дар алокаи корхона бо мухити беруни, бозор, истеъмолкунанда ва сатхи талаботи инноватсионии он накши мухимеро мебозад.
Пас аз интихоби хадаф бояд ду чамбаро ба назар гирифт, муштарии корхона кист ва кадом талаботхоро он метавонад конеъ 80
созад. Пас аз муайян намудани хадафи умумии давраи дуюми банакшагирии иктисоди сурат мегирад. Хамин тавр, пас аз муайян намудани хадафи умуми давраи дуюми банакшагирии иктисоди, яъне мушаххас сохтани хадаф сурат мегирад. Дар айни замон, фарзан метавонанд хадафу максадхои зерин муайян шаванд,
- Фоиданоки -масалан дар соли чори ба он бояд ноил шуд, ки 8 млн. сомони фоида ба даст ояд;
- Бозорхо (хачми фуруш, сахми бозор, чори кардан дар холатхои нав), масалан сахми бозорро то 20%, ва ё хачми фурушро ба 40 хазор дона расонидан;
- Махсулноки, масалан ба хисоби миёна коркарди як соати як коргар 8 вохиди махсулот;
- Махсулот (хачми умумии истехсол, истехсоли моли нав ва ё аз истехсолот баровардани баъзе намудхо ва гайра);
- Захирахои молияви (хачм ва сохтори сармоя, таносуби сармояи худи ва замини, хачми сармояи дар гардишбуда ва гайра);
- Иктидорхои истехсоли, бино ва иншоот;
- Корхои илми-тадкикоти ва тачрибавию накшакаши ва чори намудани технологияи нав (нишондихандахои асоси, хусусиятхои технологи, арзиш ва мухлати чорисози);
- Ташкилот – тагйирот дар сохтори ташкили ва фаъолият, масалан, кушодани намояндагии корхона дар минтакаи муайян;
- Захирахои инсони (истифодаи онхо, омузиш ва гайра);
- Масъулияти ичтимои.
Банакшагирии стратеги ба хисобу китоб, баходихи ва тахлили мухити беруни ва дохилии корхона такя мекунад. Равандхо ва тагйирот дар мухити беруни ба микёс ва самаранокии фаъолияти инноватсионии корхона таъсири хаётан мухим мерасонанд. Омилхои асосии бо мухити беруни вобастабуда – иктисодиёт, сиёсат, бозор, технология, ракобат мебошанд. Хусусан, ракобат омили мухим ба хисоб меравад. Бинобар ин, бояд ракибони асосиро ошкор намуда, мавкеи онхо дар бозор (сахми бозор, хачми фуруш, максадхо ва гайра)-ро муайян намуд. Омузиши дакики тарафхои кави ва заифи ракибон ва мукоисаи натичахои онхо бо нишондихандахои худ, дар хубтар андешидани стратегияи мубориза дар ракобат имконият медиханд.
Ба омилхои саросарии мухити беруна самтхои ичтимоию маъмури ва экологи дохил мешаванд. Корхона инчунин бояд тагйиротро дар холатхои демографи, сатхи тахсилот ва гайра ба инобат гирад. Тахлили мухити дохили бо максади муайян намудани тарафхои кавию заиф дар фаъолияти корхона, муайян сохтани вусъати минбаъдаи микёси истехсолот ва мушаххас сохтани бозори ракобат гузаронида мешавад.
Стратегия нуктаи харакати тадкикотхои назарияви ва тачрибавии корхонахо ба хисоб меравад. Корхонахо метавонанд бо он фарк кунанд, ки то кадом андоза рохбарони онхо карорхои халкунанда кабул мекунанд ва онхо бо стратегияи истифодаи навовари алока доранд. Агар менечерхо кушишхои татбики навоварихоро дастгири намоянд, эхтимолияти он, ки дар корхона навигарихо чори хоханд шуд, меафзояд. Дар ташкили менечменти инноватсиони ва то чи андоза ба чараён дохил намудани карори рохбарияти болои ахамияти максадхои стратеги ва молияви боло меравад.
Дар шароити чахоншави рушди менечменти инноватсиони барои рушди нишондихандахои сифатии корхона ва афзоиши истехсол ва фуруши махсулоти ба ракобат тобовар дар бозор, ки аз хисоби имкониятхои зехни пурра мегарданд, нигаронида шудааст.
Хусусиятхои хоси давраи кунунии рушди фаъолияти инноватсиони, дар бахшхои бузурги бозор ташкили мачмуи ягонаи илми-техники ба хисоб меравад, ки дар раванди вохиди тадкикот ва истехсолот муттахид сохта мешавад. Ин алокаи наздики хамаи мархилахои даври «илм – истехсолот»-ро пешбини менамояд. Ташкили низоми яклухти илму истехсолоту фуруш ба таври объективи дар таъмини рушди инноватсиони ва талаботи самти бозории корхона ифода меёбад. Таъмини рушди инноватсиони дар солхои 80-уми асри ХХ ба он оварда расонид, ки дар сиёсати инноватсионии корхонахои азим тамоюли тагйири самти фаъолияти илми-техники ва истехсолию фуруш ба вучуд омаданд. Он, пеш аз хама, бар кушиши афзоиши вазни киёсии маснуоти нави бо илм вобастабудаи намудхои махсулот ифода мегашт, ки фурушашон ба вусъати хизматрасонихои дахлдори мухандиси, машварати ва гайра мусоидат мекард. Аз тарафи дигар кушиши кам кардани харочоти истехсоли махсулоти анъанави мушохида мешавад.
Тачрибаи рушди иктисоди нишон медихад, ки ин тамоюлот махсусан дар менечменти инноватсиоии сохаи мошинсозии давлатхои пешкадами чахон ба хуби зохир мегардад, онхо кушишхои худро барои коркард ва истехсоли махсулоти мураккаби технологи (техникаи радиоэлектрони, махсусан микропротсессорхо, техникаи авиатсионию кайхони, тачхизоти энергетики, воситахои автоматики ва гайра) равона намудаанд. Онхо кушиш менамоянд, ки аз хисоби монополизатсияи чунин маснуот боздехии фаврии сармояро таъмин намуда, пешдастиро дар бахшхои муайяни бозори мошин ва тачхизот нигох доранд. Дар як вакт онхо мекушанд харочоти истехсолот дар сохахои анъанавии мошинсози бо максади баланд гардидани ракобатнокии онхо, харчи бештар камтар гардад.