Главная / Илм / Суханони уламо дар бораи Имом Шофеъи

Суханони уламо дар бораи Имом Шофеъи

Ибни Касир мегуяд: «Бисёре аз имомони бузурвор Имом Шофеъиро мавриди ситоиш карор додаанд. Аз он чумла, Абдуррахмон ибни Махди, ки аз Шофеъи хост китобе дар усули фикх таълиф кунад ва Имом Шофеъи низ китоби «Ар-рисолат»-ро навиштанд, у барои Имом Шофеъи дар намоз дуо мекард. Аз он чумла устодаш Молик ибни Анас ва Кутайба ибни Саъид, ки мегуянд: «Шофеъи имом хастанд». Хамчунин Суфён ибни Уяйна ва Яхё ибни Саъиди Каттон, ки дар намоз барои Имом Шофеъи дуо мекарданд. Абуубайд мегуяд: «Фасехтар, окилтар ва ботаквотар аз Шофеъи надидаам».
Довуд ибни Алии Зохири китобе дар фазоили Имом Шофеъи навишта, ки дар он мегуяд: «Шофеъи хислатхои некуе дорад, ки гайри у надорад. Аз он чумла, шарафи насаб, сиххати дину акида, саховати нафс, огохи ба сахех ё заиф, носих ва мансух будани хадис, ва хифз доштани Куръону хадис ва зиндагии хулафо, китобхои муфид ва шогирдону ёрони хуб монанди Ахмад ибни Ханбал, ки дар зухду такво ва пайрави аз хадис машхур аст».
Ахмад ибни Ханбал мегуяд: «Фасехтар ва бофахмтар аз Шофеъи надидаам».
Инхо намунае чанд аз фазоили Имом ва акволи уламо дар бораи у мебошад, ки муносиб ба ин китобчаи мухтасар аст.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222