Главная / Илм / ТАНОСУХ ВА КАРМА

ТАНОСУХ ВА КАРМА

Таносух ва карма аз мухимтарин усули дини хиндуия мебошад. Таносух(инкарнатсия) аз як тан баъди марг ба тани дигар гузаштан рухи инсон аст. Ин занчираи такрор ба такрори аз тан ба тан гузариши рухро хиндувон сансара меноманд. Дар хар таваллуди нав вобаста аз сарнавишт(карма), ки дар зиндагии пешина касб кардааст рухи шахс метавонад ба мартабаи болотар аз мартабаи кабли ваё поёнтар болову поин равад.Таваллуи нав метавонад дар сатххои гуногун: наботи, хайвони, хашарот, кастахои паст, миёна ва боло сурат гирад. Махз дар кадом сатх аз нав таваллуд шудани рухи инсон аз конуни карма- дуввумин назарияи барахмания вобаста аст. Танхо дар ду мавриди истиснои -яке пас аз расидани рух ба макоми човидони, ба олитарин мартаба, яъне вахдат бо Брахмо ва дигаре сарнагун шудани он ба таври абади ба пасттарин мартаба ин гардиш катъ мегардад.

sansara

Дини барахмания, метавон гуфт, ки заминаи гоявии сохти каставии Хиндустон буд. Ба гайр аз чор табакаи номбурда: барахмани, кашатри, васи ва шудра дар дохили он низ чандин кишри табакоти фаръи ба вучуд омадаанд.

Тибки асотири хинди кастахо аз узвхои алохидаи бадани Барахма: аз дахони у – барахманхо, аз дастонаш – кшатрихо, аз миёнаш – васихо ва аз пойхояш шудрихо ба вучуд омадаанд ва у вазифаю макоми хар кадоме аз ин чор костаро муайян кардааст.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурух хамчун коллектив

Аз тахлилхои психологии дар боло кардашуда доир ба гурух хамчун коллектив бармеояд, ки хар кадаре, ки гурух …

222222222222222