Главная / Илм / ТАСБЕХИ ТАРОВЕХ

ТАСБЕХИ ТАРОВЕХ

Дар манобеъ ва сарчашмахои шаръ – Куръон ва суннат дар бораи он чизе, ки имруз бо номи тасбехи таровех шинохта мешавад, ривояте собит нашудааст. Аз амалкарди сахобагони киром танхо хамин кадар бармеояд, ки онхо пас аз хар чор ракъат намоз, ки бо ду салом баргузор мегардид, таваккуфи нисбие менамуданд. Зеро онхо намози таровехро низ хеле дароз ва бо тааммул мехондаанд.

Дар Муваттаи имом Молик ривоят шудааст, Бакараро дар хашт ракъат (намози таровех) мехонд. Агар онро дар дувоздах ракъат мехонд, мардум онро сабук мепиндоштанд» . Бинобар ин, онхо пас аз хар чор ракъат каме дам мегирифтанд ва хар кас дар нафси худ такбир, тасбех,, тахлил ва салавот мегуфт.

Баъдхо хамон такбиру тасбех, ва тахлили онхо ба сурати тасбехи таровех даромадааст, ки имруз дар сарзамини мо навъи хоссе аз он маъмул мебошад. Ба хар хол, вакте он бо садои дилангези кориён бо овози баланд хонда мешавад, руху калби намозгузоронро халоват мебахшад ва дар онхо таассуроти маънави ва рухиёти некеро ба вучуд меоварад. Дар дахаи ахир ва ё чанд шаби охири мохи Рамазон бошад, мардум бо сузу гудоз ва бо шавку шури имони ба ин мохи баракат ва хамчунин бо намози таровех ва барномаи хатми Куръони карим дар ин мох, хайру хуш менамоянд.

Тасбехи таровех дар мохи Шарифи Рамазон

Субхона зилмулки валмалакут, субхона зилиззати валъазамати валкудрати валкибриёи валчабарут, субхоналмаликилхаййиллазй ло яному вало ямут.

Суббухун куддусун раббуно ва раббулмалоикати варрух,. Ло илохаиллаллоху, настагфируллох ха ва насъалукал чанната ва наъузу бика минаннор.

Эълоуссунан, бахши сеюм, Тасбехи таровехи дахаи ахири мохи Рамазон Тасбехи таровехи дахаи ахир

Субхонал ханнонил маннон, субхонал маликил ддайён, алмаъруфи билэхсон валмавсуфи би-лгуфрон. Алвадоъ, алвадоъ, ё шахра Рамазон, алвадоъ, алвадоъ ё шахрал баракати валэхсон!.Алфирок, алфирок, ё шахра таровихи ваттасобихи ва хатми Куръон!.

Аввалуху рахматун ва авсатуху магфиратун ва охируху ъиткум минаннирон. Ло илоха иллал-лоху настагфируллох ва насъалукал чанната ва наъузубика минаннор.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222