Главная / Илм / ТАШКИЛ ЁФТАНИ ХИЗБУ ЧАРАЁНХОИ СИЁСИ.

ТАШКИЛ ЁФТАНИ ХИЗБУ ЧАРАЁНХОИ СИЁСИ.

Дар ибтидои асри ХХ пеш аз хама дар зери таъсири инкилоби рус дар Туркистон фаъолияти созмонхои сиёсии буржуази фаъол гашт. Робитахои миллатчиёни буржуазии Туркистон бо Туркияи Усмони хануз дар охирхои асри XIX сар шуда буд, ки дар он миллатчиёни тотор сахми калон доштанд. Равияхои панисломи ва пантурки идеологияи асосии чавонтуркон буд. Пешвоёни чараёни панисломи таргиб мекарданд, ки давлатхои исломи дар зери парчами ислом муттахид шаванд. Чараёни панисломи барои аз байн бурдани фархангу забони мардуми форсизабон хавфи чидди надошт, зеро забонхои арабию форси якдигарро эътироф мекарданд.
Чараёни пантуркисти бошад бевосита барои фишор овардан ба забони форси, туркигардонии тамоми форсизабонон киш ба харч, медод.
Пешвои чавонтуркон Анварпошшо, Талъатпошшо, Чамолпошшо ва дигарон буданд. Онхо акидахои пантуркиро дар байни халкдои сохили Волга, Кавказ ва Осиёи Миёнаро таргиб намуда, онхоро даъват менамуданд, ки дар зери парчами давлати Усмони муттахид шаванд. Ходими пантуркистон Зиё Гулаки руи рост иброз дошт, ки ватани туркон танхо Туркияву Туркистон не, балки кишвари беканори Турон аст». (Гафуров Б. Точикон. К.2.- С.257).
Соли 1909 дар Истамбул «Чамъияти Бухоро оид ба интишори дониш дар байни Ом» таъсис ёфт. Макоми ин ташкилот дар пахн намудани гояхои пантурки хеле зиёд аст. Ин чамъият дар тахти назорат ва химояи шуъбаи маорифи партияи чавонтуркон «Иттиход ва тараки», ки рохбари он доктор Нозим буд амал мекард.
Бо ташаббуси «Чамъияти Бухоро» аз Осиёи Миёна ба макотиби олии Истамбул садхо нафар чавонон фиристода шуданд, ки онхо баъди баргаштан ба Осиёи Миёна акидахои пантуркистиро таргиб мекарданд.
Дар бисёр мавридхо ташвикоти онхо натичаи дилхох доданд.
Дар зери таблиги ин чараён баъзан точикон ба форсизабон ва ориённажод будани худ шубха пайдо карданд. Мардуми Бухорову Туркистон то истилои Руссия ва пайдо шудани чараёни миллатгарои – пантуркизм худро аз чихати милли чудо намекарданд ва миллат гуфта таалукоти дини- мазхабии худро дар назар доштанд.
Пантуркизм тахти никоби панисломизм амал мекард. Азбаски туркон сунни мазхаб буданд ва аксари точикон низ ба ин мазхаб мутааликанд, ба хотири гояхои исломи ва ягонагии мазхаб ба зуди тахти таъсири паисломизми турки меафтоданд.
Забони форси бошад, чун забони дин баробари забони араби шинохта мешуд. Ин забон забони давлати, забони дабистону мадраса, забони муоширати тамоми кавмхои минтакаи васеъ аз укёнуси Хинд то Кафкоз ва аз даштхои Казок то водии Кашкари Чин буд.
Махз дар зери таъсири пантуркизм куввахое миллатгарои пайдо шуданд, ки максадашон барангехтани ихтилофоти мазхаби буд. Бо хамин рох дар байни кавмхои эронинажод низои мазхаби барангехтани шуданд. Ба ин кор мустамликадорони рус низ хавасманд буданд. Низое, ки мохи январи соли 1910 дар Бухоро байни мазхаби шиаю сунни ба амал омад, мисол гуфтахои болоянд. «Як маъмури рус бо фармони генерал-губернатор дар беруни дарвозаи Бухоро идорае ташкил карда, шабу руз ба корхои махфие машгул буд. Бо эрониёни Бухоро мусохиба карда, аз точикон эхтиёт шуданро тавсия менамуд. Дар сухбат бо точин онхоро бовар мекунонд, ки эронихо ба мукобили шумо тайёри дида истодаанд» (Айни С. Таърихи инкилоби Бухоро. – С.89).
Чи тавре, ки маълум мешавад дар ин мочарои байни кавмхои эронинажод сахми идеологхои пантурки хеле калон буд.
Миллатчиги ва миллатчиёни буржуази, ки идеологхои асосии он пантуркистон буданд, дар таърихи халки точик сахми муайяни манфи бозиданд.
Робитаи миллатчиёни буржуазии Туркистон ва Туркия хануз дар охири асри XIX сар шуда буд. Ин робитахо пас аз инкилоби соли 1908- уми чавонтуркон боз хам инкишоф ёфтанд. Пешвоёни чавонтуркон Анварпошшо,
Талъатпошшо, Чамолпошшо акидахои пантуркиро таргиб намуда, мекушиданд, ки халкдои сохили Волга, Кавказ, Закавказия ва Осиёи Миёнаро дар зери рохбарияти Туркия ба як «давлати мусулмони» муттахид намоянд.
Ба максади амали кардани нияти худ (таъсис додани давлати «Туркони Кабир») пешвоёни чавонтуркон ба Осиёи Миёна чосусон ва эмиссарони худро мефиристоданд. Онхо дар ин чо адабиёти лозимиро пахн намуда, корхои ташвикоти мебурданд.
Соли 1909 дар Истамбул «Чамъияти Бухоро оид ба интишори дониши муфид дар байни ом» таъсис ёфт. Ин чамъият тахти назорати махсуси шуъбаи маорифи хизби чавонтуркон «Иттиход ва таравди» ва ходими намоёни он доктор Нозим амал мекунад.
Дар баробари ба Осиёи Миёна фиристодани чосусон, идеологхои пантуркисти ба тайёр кардани мутахассисон аз хисоби чавонони Осиёи Миёна дивдати махсус медоданд. Соли 1910 мактабхои олии Истамбул аз Осиёи Миёна кариб сад нафар донишчуй кабул карда буданд. (Гафуров Б. Точикон. Ч.2.- С. 258).
Яке аз сарварони намоён ва рохбарони оявии чадидони Осиёи Миёна Мунавваркори Г.Абдурашидов буд. Вай дар нашрияхои панисломия фаъолона ширкат намуда, китобхо ва мачалахои туркиро тарчума ва нашр мекард. Чадидхо дар шахрхои Осиёи Миёна ташкилотхои гуногуни «Имдоди Туркия» таъсис медоданд. Фаъолияти онхо асосан ба суст намудани таъсири Россия ва баланд бардоштани нуфузи Туркия равона карда шуда буд.
Чадидон ва пайравони онхо пантуркистон аз номи «тамоми мусулмонон» гап мезаданд. Лекин онхо аз халки мехнаткаш дур буда, манфиатхои як гурухи хурди буржуазияи миллиро химоя мекарданду халос.
Дар солхои аввали Хокимияти Шурави намояндагони пантуркизм бо тамоми кувва кушиш мекарданд, ки ба таъсиси 4,умхурии Точикистон халал расонанд.
Намояндагони ин чараён – Анварпошшо, Таълатпошшо, Чалолпошшо ва дигарон буданд, ки онхо халки мусулмони Осиёи Миёнаро ба муттахидшави бо давлати Туркияи «усмони» даъват менамуданд. Ходими намоёни пантуркизм Зиёгулкали буд. у накшахои худро чунин иброз дошта буд: «…ватани туркони-на Туркияву Туркистон, балки кишвари абадзиндаи беканори Туронай». (Гафуров Б. Точикон. к. 2.- С.257).
Дар даврае, ки забонхои форси, араби бо хам мувофикат мекарданд, ва яке дигареро эътироф мекард, ин чараён барои аз байн бурдани фархангу забони форсизабони Осиёи Миёна хавф надошт. Вале баъдтар чунин хавф зиёд шуд. Зеро ин чараён бевосита барои фишор овардан ба забони форси, туркигардонии тамоми форсизабонон кушиш мекард.
Тамоми ин кишхои чудоиандозони, миллатгарои ва патуркист дар таърихи халки точик накши муайян бозиданд. Чунин кушишхои чудои андози барои ташаккули миллати точик, ва ягонагии онхо халал расонда, сабабхои пайдо шудани хиссиёти махалгарои гардид, ки окибатхои онро мо дар вокеъахои солхои охир эхсос намудем. Инчунин, фаъолияти миллатгарои дар вакти гузаронидани таксимоти маъмури – территорияви накши муайян бозид.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222