Сарчашмахои яхудияро хадди акал метавон ба ду давра таксим кард. Давраи аввал сарчашмахоест, ки дар заминаи соф яхуди, дини мусави ба вучуд омада, ташаккул ёфтаанд. Навиштачоти мукаддас (Сфарим)–и ин давра дар навишти кутохи иброни чун Танах маълум аст, ба он пеш аз хама Таврот -«Панчкитоб»-и Мусо: китобхои «Хастй (Бытие)», «Хуруч (Исход) », «Левит» (Левит) », «Ададхо (Чисел) » ва «Такрори шариат (Второзаконие) », ва 21 китоби анбиё (Невеим), ки хусусияти динию сиёси ва таърихию таквими–хронологи доранд ва 13 китоби (Кэтувим) жанрхои мухталифи дини дошта шомиланд.
Кисмати аз хама кадими Танах ба асри X т.м. тааллук дорад. Ин кисмат дар худуди соли 444 т.м. сабти хатти ёфтааст. Корхо оид ба тартиб додани матни конунишудаи Навиштачоти мукаддас дар асрхои 111-11 т.м. ба анчом расида буд.[1]
Сарчашмаи кадимтарин «Панчкитоб»-и Мусо аст, ки дар китоби аввали он асоси назарияи комсомологии яхудиён (пайдоиши олам, ва сохтмони коинот, пайдоиши инсон ва таърихи ибтидоии устуравии бани Одам) баён шудааст, дар китоби дуюм ва сеюм рисолати Мусо ва вахй ё авомири Яхва ба бани Исроил, ки ба Мусо нозил шудааст ва ду китоби баъди низ дорои дастурот мазхаби ва ахбори таърихии бани Исроил баъд ва хаводиси хуруч аз Миср мебошанд.
Дигаре аз сарчашмахои мухимми дини яхудия Мирдаш-Галах-тафсирхои Таврот, Мишна–мачмуи конунхо ва мукарароти яхудия ва Талмуд– шарххои амали ба матни Мишна мебошанд, ки худуди асрхои 2-5 м. комилан такомул ва тадвин шудаанд. Талмуд дар аввал хамчун суннати шифохи ва дар асри 3 м. ба шакли китобат гирдовари шудааст. Чунон ки дар боло гуфта шуд, дар Таврот тасаввурот дар бораи хаёти ондунёви вучуд надорад, вале дар Талмуд ба ин таълимот ахамияти фавкулодда дода шудааст. Дар он оид ба киёмат -рузи маъшар (явмул-хисоб) ва мукофоти амал ва гайра муфассал маълумот дода шудааст. Ва чунон ки гуфта шуд, ин тасаввурот дар заминаи таъсири дини зардуштия ба вучуд омадаанд. Ду варианти Талмуд мавчуд аст, ки яке бобули ва дигаре фаластини мебошанд. Дар Талмуд дастуроти асосии маросимию шаръии яхудия инъикос ёфтааст, дар он 248 фармоиш (амри маъруф) ва 365 мухаррамот (нахий аз мункар) мавчуд аст.
Чунон ки дар ибтидо гуфтем, дини яхудия тавхиди мебошад, яъне таълимоти онро бовари ба вучуди Худои ягона ташкил мекунад.
Худои ягона Яхво (Иегова) ва Саваоф ном дорад. Вале дар ибтидо, чунон ки аз мазмуну мундаричаи Панчкитоби Мусо истинбот мешавад, хануз эътикод ба тавхиди холис вучуд надоштааст. Худои яхудиён дар Таврот дорои фарзандон аст ё худ дар баробари у худоёни дигар ва вучуди худои миллатхои дигар рад карда нашудаанд.
Аз боби мисол дар Таврот чунин мехонем: «Вакто ки дар руи замин одамон зиёд шудан гирифтанд ва аз онхо духтарон таваллуд шуданд, он гох писарони Худованд диданд, ки духтарони одамзод хушруянд, хар як кадомеро , ки хуш мекарданд, барои худ ба занимегирифтанд.» / Хасти.6:1-2/; ё худ «Ва бигу фиръавнро: Худованд чунин мегуяд: Исроил писари нахустзодаи Ман аст» / Хуруч. 4: 22/.
Дар Панчкитоби Мусо харчанд борхо даъват шудааст, ки ба худоёни дигар ибодат накунанд \Хуруч. 23:13, 24,32,33\ва барои худ худои рехта (буттахо) масозад, вале дар хеч чо формули «нест худое ба чуз Яхво» ба чашм намерасад. Баръакс, дар он аз Яхво хамчун «Худои худоён ва Худованди худовандон»\Так. шари. 10:17\ чун дар анчумани худоёни юнони ёд шудааст. Хулоса, масъалаи яктои (ахадият ва вахдонияти)-и Худои таъоло дар Таврот мавриди таъкид ва бахси чидди карор нагирифтааст. Яхво дар Таврот камтар дар бораи ягонагии худ гап мезанад.
Яхво танхо худои миллати яхуд аст, у худро чун худои тамоми инсоният, худои олам эълон намекунад. У ба Мусо мегуяд: «Ман Худои падари ту, Худои Иброхим, Худои Исхок ва Худои Якубам». Мусо ба Фиръавн мегуяд: «Худованд Худои ибриён, маро назди ту фиристода.» /Хуруч.7:16/. Ин худ гувохии он аст, ки харчанд пайравони дини мусови ба як Худо ( худои холик, каххор ва интикомгир, худои чаббор ва муъчизаофарин) бовари доштанд, вале ин маънии инкори вучуди худоёни дигар ё худои халкхои дигарро надоштааст. Этикоди яхудиён дар ин давра, на монотеисти, балки генотеисти мебошад. Генотеизм (ё энотеисти) як шакли бисёрхудои аст, ки вучуди худоёни дигарро инкор намекунад, вале як худоро аз байни онхо хамчун худои асосии худ интихоб мекунад.
Гайр аз ин дар «Панчкитоб»-и Мусо хеч гуна ишорае дар мавриди хаёти пасазмарги нест ва хеч гуна ваъдаву ваъиде дар мавриди хаёти он дунё дода нашудааст. Тамоми тахдидхо ва ваъдаи мукофоти амал, ки аз Яхвост, ба зиндагии вокеии заминии яхудиён тааллук дорад.
Бани Исроил тибки Таврот халки баргузидаи Яхво мебошанд, вале бо вучуди ин Худо дар хангоми риоя накардани авомири У бе тараххум онхоро чазо медиханд ва хар гуна балохоро бар сарашон мефиристад.
Мухимтарин ахкоме ки дар Таврот, китоб «Хуруч» боби 20 омадаанд, ахкоми дахгонаи (илохи) ба Мусо мебошанд:
- (2) « Ман Парвардигори туам, ки туро ( бани Исроил) аз сарзамини Миср. аз хонаи гуломй берун овардам.
2(3) Туро худоёни дигаре чуз Маннабояд бошад.(4). Бароихуд бутматарошва хеч гуна тасвире аз он чй дар осмони аъло ва он чй дар каъри замин ва дар обхои зери заминаст, макаш. (5) Ба онхо сачда набарва онхоро ибодатмакун:
3(7) Номи парвардигоратро бехуда ба забон магир. Чунки Парвардигор касеро, ки бехуда исми Уро ба забонмеорад, бечазо нахохадгузошт.
4(8) Рузи шанберо фаромуш макун, то онро мукаддас донй(9) Шаш руз кор кун ва хар коре, ки дорй анчом дех.(10). Вале рузи хафтум -шанбе рузи Худованд- Худои туст: дар он хеч коре накун, на писари ту, на духтари ту, на гуломи ту, на хайвони ту, на мусофири ту, ки дар хонаи ту аст.(11). Чунки дар зарфи шаш руз Парвардигор осмон ва замин, бахр ва хар чй дар он аст офарид: ва дар рузи хафтум ором гирифт. Бино бар ин Худованд рузи шанберо муборак хонд ва онро мукаддас намуд.
- (12). Падару модари худро иззат намо, то умри ту бар замине, киХудованд- Худо додааст дароз шавад.
- (13) Одам макуш.
- (14) Зино макун
- (15). Дуздй макун.
- (16) Дар хакки ёрони худ шаходати дуруг мадех.
- (17) Хонаи ёри худро тамаъ накун: зани ёри худ, на бандаиуро, на канизиуро, на хариуро хеч чиз аз чизи наздикони худ талабнакун.»- Инхоянд он дах ахкоми асосии илохй, ки ба Мусо нозил шудаанд.
[1] Основы религиоведения: Учеб/ Ю.Ф. Борунков, И.Н. Яблоков,К., Никонов и др., М.: Высш. шк.,1998.-С.133.