Кисми зиёди халки точик дар каламрави аморати Бухоро зиндаги мекард ва аз ходисахои инкилобии соли 1917 дар канор монд. Амири Бухоро дар теллеграммаи худ ба генерал- губернатор ба муносибати «Хуши ба хуши ва ба тарики осоишта ба сохти нав гузаштани Туркистон мамнунияти самими»-и худро баён намуд. Агенти сиёси императори дар Бухоро бо карори хукумати мувавдати резидентии Россия номида мешуд. Дар худи аморати Бухоро кариб ягон дигаргунии чузъи ба амал наомад. Аммо дар махалхои руснишин вазъият тезу тунд гашт.
Хануз, 8-уми марти соли 1917 коргарони рохи охани станцияи Когон намоиши шашхазорнафара ташкил доданд. Мехнаткашон яроку аслихаи политсейхоро кашида гирифта, махбусони сиёсиро озод карданд.
Дар шахрхои Бухорои нав (Когон), Чорчу, Тирмиз, Карши Советхои депутатхои коргарону солдатхо ташкил шуданд.
16 апрел ба эътирози партияи муросогар нигох накарда, Советхо ба намояндаи Хукумати мувавдати-резидент Миллер нобовари эълон кард ва дар охири апрел карор бароварданд, ки аз болои фаъолияти Резидент назорат чори карда шавад. Дар як вакт сафхохи Советхо аз созишкорон тоза карда шуданд.
Амири Бухоро мохияти Хукумати мувавдатиро фхмида, кадре ором гашт. 10 марти соли 1917 амири Бухоро эътироф намуд, ки созишномаи соли 1868 байни Россия ва Бухоро минбаъд хам риоя карда шуда, Бухоро дар зери протекторати Россия хохад монд.
Бо маслихати Резидент 18-март амир лоихаи ислохотро кор карда баромад. «Манифест-и амир мухимтарин масъалахои сиёси ва иктисодиро мебоист дар бар мегирифт. Аз чумла, идоракунии мамлакат дар асоси интихоби, таравдиёти саноати, чори кардани адолати ичтимои, ба тартиб даровардани андозхо, кушодани матбаа ва масъалахои дигар дар «Манифест» мебоист халли худро меёфт. Рузи 8 апрел бахшида ба эълон кардани «ислохот» чадидон ва гуруххои дигар намоиш ташкил намуда, ба амир миннатдории худро баён карданд. Дар асли кор чадидхо дар Бухоро барои гузаронидани ягон хел ислохоти асоси харгиз намекушиданд. Онхо ба амир талаботи катъи пешниход накарданд ва тарафдори сохти идоракунии амири буданд. Факат кушиш мекарданд, ки бо ёрии хукумати мувавдати дар системаи идоракунии баъзе ислохотхо дароварда, иштироки намояндагони худро дар идоракуни таъмин намоянд. Ба ин максад намоиш ташкил карданд. Вале амир, ки аз хар гуна чамъомаду намоишхо дар тарсу вахм буд, бо ёрии сарбозон ин намоишро пахш намуда, аз бахри ичрои хамаи ваъдахои бардуруаш гузашт. Хамин тавр манифест доир ба «ислохот» 14 апрел бекор карда шуд. Баъд аз намоиш хучуми куввахои иртичои бар зидди хама гуна амалиётхои озодихохи пурзур гардид. Махбасхонахою канахонахои аморат пур аз махбусон шуданд. Унсурхои демократи барои ёри ба комитети ичроияи Шурои депутатхои коргарону солдатхои Когон мурочиат карданд. Шуро ба амир мактуб фиристода таъкид кард, ки ин бетартибихоро бас кунад. Баъд барои озод кардани махбусон бо розигии резидент Комитет аз Самарканд ба Бухоро кушун фиристод. Баробари ба шахр даромадани аскарон махбусон аз бандихонахо озод шуданд.
Дар рохи гузаронидани ислохот гурухи чадидон бо рохбарии Мунзим ва созмони чавонбухориён зери рохбарии Файзулло Хучаев ва Абдуррауфи Фитрат саъю кушиш намуданд. Дар ибтидои соли 1917 ин ду гурух ба фиркаи ягонаи чавонбухориён мутахид шуданд, ки раиси он Мунзим интихоб гардид.
Ба хайати рохбарияти он Абдуррауфи Фитрат, Файзулло Хучаев, Ахмадчон Хамди, Усмон Хочаев ва дигарон шомил буданд. Фирка ба воситаи намояндаи Россия дар Бухоро Миллер ба амир дар бораи гузаронидани ислохот таъсир расонидани буд. Рузи 7-апрели соли 1917 чаласа дар бораи гузаронидани ислхот фармони амирро хонданд. Мувофики он амир барои чори намудани тартибу низом, бархам додани рафторхои худсарона, ислохоти козихона ва андозхо, гузаронидани интихобот ва ташкили мачлис, чори намудани хисобу китоби харчу мадохили мамлакат, озодии матбуот ва кушодани чопхонахоро ваъда кард. Вале аз ин икдоми гаразноки амир хамаи мардум огох гардиданд.
Фармонро дар навбати аввал чавонбухориён гарму чушон кабул карданд. Рузи дигар хазорхо нафар бо хисси каноатманди бо парчаму шиорхо ба намоиши шукрона баромаданд. Вале амалдорон ва рухониёни иртичои бар зидди ислохот баромада ба амир фишор оварданд.
Кори Ибод (яке аз рухониён ) дар хонахои Девонбеги ва рохбарони дигари аксулинкилоби дар чои дигар ба
гарданашон фута андохта бо нидохои зерин халкро мешурониданд: «Во шариато, во дино, во Куръон, эй
мусулмонхо дин аз даст рафт, шариат тамом шуд, акнун руи занхоятонро мекушоянд, ба номуси занхоятон тачовуз мекунанд, фарзандхоятонро дар мактаби кофири
мехононанд. Эй ахли имон, барои хифзи дин, имон ва шариат айрат кунед, ба казо хозир шавед! Чадидхо байрок бардошта баромаданд. Чаноби олиро бекор мекунанд!» (Холикзода А. Таърихи сиёси.- С.36).
Баъди чанде дар хонахои Девонбеги издихоми калоне чамъ шуда, бо шуру гавго ба суи касри подшох равон шуданд. Онхо бозорнишинхоро мачбур карданд, ки дуконхоро баста ба издихом хамрох шаванд. Балвогарон ба кароргохи амир рафта аз амалдорони у супориши зарури гирифта ба назди Кушбеги рафтанд, хабсу катли чадидонро талаб карданд.
Худи хамон шаб дар бораи бекор кардани фармон амир амр дод. Дар Бухоро рузхои тира сар шуданд. Хар шахсеро, ки дар бораи ба чадидон хамрох гумонбар мешуд, чазо медоданд. Устод С.Айниро хам 75 дарра зада ба обхона партофтанд. Як кисми ислохотпарастон гурехта чони худро халос карданд. Садхо нафар ба катл расонда шуданд. Аз чумла баробари С.Айни Сирочиддин хам.
Хамин тавр якумин кушиши дар Бухоро ислохот ба вучуд овардан ба нокоми анчом ёфт. Аъзоёни бокимондаи созмони чавонбухориён дар хоричи Бухоро амалиёти худро давом доданд. Бахсу мунозирахои тулони бо он оварда расонд, ки хайати рохбарияти он тагйирот, сохтори ташкилии он такмил дода шуд ва тирамохи соли 1917 барномаи тоза худро тахия намуд.
Ин барнома нисбати сохти амири гузашт карданро дар назар дошта, ислохотхои сиёсию ичтисоди ва ичтимоиро дар тахти назорати амир дар назар дошт.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …