Дар сар то сари мамлакати Шурави чустучуи хаммаслакони гуруххои опозитсиони, миллатчиён, чосусони империализм, душманони халк сар шуд. Точикистон, ки кисми чудонашавандаи ИЧШС буд аз ин маърака дар канор намонд. Дар мавчи ин туфон хазорхо нафар шахсони миллатдуст ва зиёиёни бохирад талаф ёфтанд.
Бо Карори КМ ХКИШ аз 5-декабри соли 1933 дар Точикистон таъкиботи васеи сиёси сар шуд. Карори мазкур рохбарони он вактаи чумхури Н.Махсум раиси КИМ, А.Хочибоев раиси шурои вазирони халк ва Ш.Шотемур, А.Мухиддинову дигарон барои вайрон кардани самти сиёсати хизб ва миллатгарои гунохкор донист.
Шахсони мазкур дар охири солхои 20 ва ибтидои 30 барои пешрафти чумхури, химояи манфиатхои милли халки точик хизмати зиёд карданд. Онхо часурона дар назди хукумати шурави масъалаи аз нав дида баромадани таксимоти Милли-худудии Осиёи Миёна, ба Точикистон муттахид кардани мавзеъхои точикнишии, ки аз каламрави он берун монда буданд, барои барраси пешниход карданд. Хизмати ин ватанпарварон дар ташкилёбии ЧШС Точикистон низ басо калон аст. Бо игвои душманони халки точик рохбарони марказ аз ин рафтори рохбарони Точикистон норози шуданд ва онхоро дар миллатчиги айбдор карданд. Соли 1933 чаласаи КМ Точикстон онхоро аз вазифахои иш олкарда сабукдуш карда шуда, ба чазо махкум карданд.
Дар як вакт айбчуй аз болои А. Мухиддинов сар шуд. А.Миддинов яке аз созмондихандагони чамъияти «Тарбияи атфол» дар Бухоро буд. Дар рузномаи «Правда» маколае чоп шуд, ки дар он А.Мухиддинов аз тарафи ракибонаш чун «кулак» ва миллатгаро ба калам дода шуд.
Сабаб дар он буд, ки А.Мухиддинов дар баромадхои худ сабабхои ба Афонистон фирор намудани мардуми пахтакорро ошкоро нишон дод. у кайд намуд, ки сабаби фирор иллатхои ичтимоию иктисодии сиёсати хукумати маркази аст. А.Мухиддиновро чун душмани рохи пешгирифтаи хизб, тарафдори сохти сармоядори, химоятгари кулакхо ва рохбари «Иттиходи Шарк» дере нагузашта аз вазифа дур ва бо карори ОГПУ аз 31 майи соли 1934 бо хамрохи боз 78-нафар бо айбномаи миллатгарои буржуази ба катл расонда шуд.
Яке аз шахсони сарсупурдаи миллати точик, ки курбони шаспарасти гардид, Ш.Шотемур буд. Ш.Шотемур аз рузи нахустин дар системаи хизби ва давлати хизмат карданаш муборизаи худро барои хифзи хукук озодихои Точикистон огоз намуд. Ин муборизаи у то охирин нафаси хаёташ давом дошт.
Маъною мароми зиндагии Ш.Шотемур тамоми умр хизмати содиконаи халки точик буд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …