Ояндаи инноватсияи мушаххас на танхо аз даврахои он, инчунин аз дар кадом шакл карор доштанаш низ (яъне гояи илми, ноу-хау, накшаи ибтидои ё чоришуда) вобаста аст. Барои кишвархои Иттиходи давлатхои мустакил аксар вакт суръати кутохи даври инноватсиони ва алокаи сусти байни даврахои он хос аст. Аз руи баъзе бахохо, танхо бинобар монеъахои идори, мухлати таъсиси низомхои нави технологи 3-5 маротиба тул мекашад.
Масалан, дар саноати кимёвии Россия дар хачми умумии истехсолот хиссаи маводу молхои пешкадам нисбат ба кишвархои тараккикарда 2-3 маротиба камтар мебошад. Вазни киёсии хамаи махсулоте, ки бо технологияи кухна истехсол мешаванд, 60%-ро ташкил медихад.
Ивазшавии раванди технологи пас аз хар 20-30 сол ба вучуд меояд, хол он ки дар тачрибаи чахони он дар хар 7-8 сол руй медихад. Дар саноати мошинсози танхо кариб 20%-и тачхизот дар сатхи дастовардхои чахони карор дораду халос, 26%-и он бояд иваз карда шавад. Ин маълумотхо бори дигар зарурияти тезонидани фаъолнокии инноватсиониро дар хамаи сохахои хаёт собит месозад ва мо низ бояд ба инноватсия ру оварем.
Минбаъд тибки натичахои тадкикот сабабхоеро, ки аз руйи он тичорати хурду миёна барои ичрои барномахои азими байналмилали ба мисли ЭВРИКА чалб шудаанд, мисол меорем:
- кам гардидани таваккалсозии молияви (80%-и шахсоне, ки дар пурсиш иштирок кардаанд);
- пайдо кардани шарики мувофики технологи (70%);
- таъмини бозори зарурии фуруш (30%);
- баромад ба бозорхои нав (31%).
Дар айни замон, ба таври баробар пастравии истехсолот ва бекурбшавии пул боздошта шуда, дар иктисодиёт ба вучуд омадани баъзе муътадилихо ва чоннок гардидани фаъолнокгардии инноватсиони, хусусан дар сохаи махсулоти гизои, мошин ва тачхизот, инчунин дар сохаи саноати кимиёви ва истехсолоти маснуъоти нассочи ва либосвори мушохида мешаванд. Мувофики маълумоти омори, микдори муассисахои саноатии аз беруни Россия ба технологияи нав сохибшуда дар соли 1997 дар сохаи истехсоли махсулоти озука – 46 корхона, истехсоли мошину тачхизот – 29, дар сохаи саноати кимиёви -18, дар сохаи истехсоли маснуъоти нассочи ва либосвори – 10 корхонаро ташкил медиханд. Микдори корхонахое, ки технологияи худро ба берун аз Россия баровардаанд, мутаасифона, чандон зиёд нест. Масалан, дар сохаи истехсоли мошин ва тадчхизот-хамаги 3 корхонаро ташкил медиханд.
Вазни киёсии корхонахое, ки дар чараёни технологи иштирок менамоянд, аз микдори умумии корхонахои технологияи нав дарёфтнамуда, дар сохаи истехсоли махсулоти озукавори 54,8%, истехсолоти коркарди чубу тахта ва когазу селюлоз – 50%, дар саноати маъдани кухи – 47,6%, дар истехсолоти махсулоти нассочи ва
либосвори – 38,8%, дар корхонахои ба сохаи металлурги технологияи навро вогузорнамуда – 4,9% дар истехсолоти нассочи ва либосвори – 4,5%; дар саноати истихрочи маъдани кухи – 4,4% дар истехсолоти коркарди металл – 4,2%-ро ташкил медиханд. Хамаи ин баёнгари он аст, ки дар ин самтхо чоннокшавии инноватсиони ба вучуд меояд.
Асосан, кисми зиёди сохахои дар боло номбаршуда бо коркарди пурраи ашёи хом ва канданихои фоиданок машгул набуданд. Бо ин кор ширкатхои хоричи машгул буданд, вале ракамхо гувохи онанд, ки Россия хамчун кишвари дорои ашёи хом боки нахохад монд.2
Бо дарёфти истиклолияти сиёси ва иктисоди, кишвархои ИДМ бо мушкилихои нихоят мураккаб, яъне интиколёбии (трансформатсияи) илмхои мохияти минтакавидошта ба илми ба халли вазифахои дар назди давлатистода кодир, хамчун мачмуи хочагидории мустакил карордошта, дучор гардидаанд. Пас, аз бархамхурии Иттиходи Шурави хеч як комплекси илми-техникии миллии кишвархои ИДМ-ро ба истиснои россияги ва украини наметавон ба радифи комплексхои мустакил, ки дорои иктидори зарурии зехнии дарбаргирандаи сатху вусъати тадкикотхои илми бошад, дохил намуд. Аз руйи баъзе маълумотхо, хатто дар Россия сатхи худтаъминкунии иктисод бо ихтирооти илми пас аз бархамхурии Иттиход то 44% ва имкониятхои кишвар дар тахия ва чори намудани техника ва технологияи нав – 50- 60% кохиш ёфтааст. Табиист, ки дар дигар кишвархои ИДМ ин холат боз хам вазнинтар аст.
Маълум аст, ки ба тахлили рушди илми-техникии чунин кишвархо, ба монанди Белоруссия, Казокистон ва Украина таваччух зохир гардад. Зеро, махз хамин кишвархо дар миёни кишвархои ИДМ дорои иктидорхои нисбатан азими илми-техники мебошанд. Тахлили холат ва ояндаи рушди илм дар ин кишвархо барои кишвархои дигар бахри баркарор ва рушди алокахои илми-техники дар асоси муносибатхои нави иктисоди, инчунин бахри мухайё сохтани имконияти ташкили фазои ягонаи технологи зарур аст.
Дар Чумхурии Белоруссия бо вучуди анчом додани як катор чорабинихои азим оид ба ташаккули илми, дар нимаи дуюми солхои 90-ум, мучтамаи илми-техникии милли ба омилхои чиддии харобкунанда дучор гардид. Сабабгори асосии чунин равандхо кам гардидани хачми маблаггузории илми- милли, бухрони тулонии иктисоди гардиданд.
Дар давраи солхои 1991-1998 Чумхурии Белоруссия иштирокчии барномахои зиёди байналхалки ва иттиходияхо гардид, ки он ба руи кишвар имкониятхои васеъро бахри баркарорсозии хамкори дар бунёди технологияи пешкадам, кабл аз хама, ба шарикони аврупои боз намуд ва ин ба дарёфти захирахои иловагии молияви бахри дастгирии сохаи илми-техники мусоидат намуд. Масалан, олимони беллоруси дар 159 адад лоихахо барномахои байналмилалии ИНТАС иштирок намуданд, ки хачми маблаггузории онхо кариб 5 млн. евроро ташкил дод.
Бо дарёфти истиклолияти сиёсию иктисоди Чумхурии Казокистон бо мушкилии нихоят мураккаб-интиколдихии илми собики минтакави, ки кодир ба халли вазифахои дар пеши кишвар карордошта бошад, дучор гардид. Дар солхои охир масъалахои мухими рушди илми- техникии кишвар мавриди баррасии тезу тунд карор гирифт.
Бо назардошти ахамияти ин масъалахо аз тарафи Хукумати Чумхурии Казокистон дар миёнахои соли 1999 Консепсияи фаъолияти инноватсионии Казокистон тартиб дода шуд, ки он мархила ба мархила расидан ба максадхои дар пеш гузошташударо пешбини менамояд. Дар мархилаи аввал ташкили истехсолоти начандон калони ба содирот нигаронидашуда, ба накша гирифта мешавад, ки дар заминаи чунин як ихтироъоти илми-тадкикоти ё озмоишию конструктории бахри чори намудани накшахои пешбинигардида, бунёд мегардад. Лоихахои алохидаи ояндадори барномаи миёнамухлат метавонанд, барномаи дарозмухлатро ташкил диханд. Объектхои инноватсионихо дар ин мархила, яъне истехсолот ва сохахои бузург ба ташаккули бозори худии фуруш ва муайян намудани сиёсаташон дар бозори истеъмоли кодиранд. Тахмин меравад, ки барномахои кутохмухлат, миёнамухлат ва дарозмухлати рушд, ба таври баробари чори гашта ва якдигарро пурра хоханд кард.
Бояд эътироф намуд, ки рушди инноватсиони, амалан ташкил намудани сохаи нави иктисодиёт, ки барои содироти махсулот нигаронида шудааст, асосан аз хисоби имкониятхои миллии худ имконпазир аст. Хамин тавр, аз тарафи олимони Донишгохи давлатии Казокистон оид ба иттилооти илми-техники бонки маълумотхои «технологияхои нав» ташкил карда шудааст. Дар он маълумот оид ба 800 ихтироъоти нави институтхои казокистони, лабораторияхо ва олимони алохида чамъ оварда шудааст. 15%-и онхо аз санчишхои озмоишию истехсоли гузашта, бо потентхо хифз карда шуда, амалан барои истифода омодаанд.
Ба таври васеъ чоннокшавии фаъолиятхои инноватсионии корхонахои казокистони, ташкили инфрасохтори махсусро такозо менамояд, ки шабакаи васеи ширкатхои хурди инноватсиони, фондхои мубтакири, ширкатхои консалтинги, марказхои инноватсионию технологи, паркхои техники бояд кисме аз онхо гарданд.
Узбекистон дорои заминаи бойи ашёи хом ва модди-техники барои инкишофи саноати сабук (пахта, пилла, каракул, пашм, нахи сунъи ва гайра) мебошад. Барои фаъолияти самараноки саноати сабук дар чумхури хамаи зерсохахои хамдигарро такмилдиханда (25 зерсоха) муттамарказонида шудаанд. Дар низоми саноати сабуки Узбекистон 250 корхонаи саноати амал мекунад.
Бо назардошти максад, вазифахо ва самтхо, принсипхои фаъолияти инноватсиони, тарзхои ташкили он, дарёфти иттилооти дахлдор муайян карда мешаванд. Аз чумла, онро метавон бо рохи тахкики аз тарики интихоб гузаронидашуда (ба воситаи саволномахо), ташкили хазинаи маълумотхо, сабти фаъолияти иннноватсионихо ва ихтироъоте, ки барои хар як муассисаи иннноватсионию сармоягузори нигаронида шудааст, пайдо намуд. Ин имкон медихад, ки раванди иннноватсиони 35
дар шароити рушди муносибатхои бозоргони мавриди тахлил ва ояндабини карор бигирад. Аз тарафи олимони Узбекистон бо дастгирии хазинаи «Евросиё» аз хисоби маблагхои пешниходнамудаи Очонсии рушди байналхалкии ИМА (и$АГО) аз руи саволномахо гузаронидани пурсишро дар 1500 муассисаи чумхури, ки бо тавлид ва азхудкунии техника ва технологияи нав машгул буданд, анчом додаанд. 653 саволнома ба низом даровардашуда, пешниходи 357 ташкилот, аз чумла – 68 ташкилоти давлати ва 289 – гайридавлати (корхонахои муштарак, чамъиятхои саххоми, ширкатхои хусуси) тахлил карда шудаанд. Тахлили 570 пешниходхои инноватсиони ва 415 – сармоягузори нишон доранд, ки муассисахои илми ва ширкатхо, ки ба иннноватсиони машгуланд, дар аксар маврид ихтироъотро дар
сохаи асбобсози ва маводшиноси – 157, химия – 126, физика – 83, биология – 79 ва тиб – 56 ихтироъотро пешниход менамоянд. Дар миёнаи таклифхои иннноватсиони кариб 160 равандхои технологи ва хатхо, аз чумла 23 – минитехнологи (технологияи хурд) мавчуданд.
Бо максади ошкор сохтани мутобикати тамоюлхои рушди равандхои иннноватсиони ба самтхои рушди иктисодию ичтимоии чумхури тахлили таклифхои иннноватсиони дар вобастаги ба сохахои мучтамаи комплекси хочагидори сурат гирифтааст. Кисми зиёди таклифхои иннноватсиони ба хочагии кишлок – 85 таклиф, энергетика, электроника ва тандурусти – 74 таклиф, мошинсози – 73 таклиф, экология – 55 таклиф ва саноати хуроквори – 52 таклиф рост меояд.
Аз Иттиходи Шурави комплекси азими илми-техникиро, ки аз руйи микёс бо комплекси илмии баъзе аз кишвархои рушдёфтаи саноатии аврупои хамрадиф мебошанд. Мероси гирифтаи, Украина натавонистааст аз ин захираи стратеги истифода намояд. Украина хануз хам худро кишвари рушдёфтаи илмии дар халли мушкилихои технологи зиёновар мехисобад ва дар рохи рушди мустакил карор гирифта, сохиби нишонахои баланди иктидорхои илми-техники (30%-и комплекси саноатию харбии Иттиходи Шурави ва кариб 20%-и 36
марказхои илми) гардид, ки бо шарофати онхо вай дорои технологияи ба ракобат тобовар дар сохахои ракетасози, сохаи аэрокайхони, киштисози, биотехнология, истехсоли маводхои нав ва дигар сохахо гардид.
Аз тарафи дигар, коршиносон бештар аз 600 масъалахои илми, ки дар ин кишвар дар радифи масъалахои фаъолияти созанда гузоштан мумкин аст, мавриди тахлил карор доранд. Маълум гардид, ки дар 60 масъала Украина дар чахон пешсаф аст. Аз руй бештар аз 200 масъалаи азими илми Украина метавонад дар радифи кишвархои хоричи ба натичаи дилхох ноил гардад. Кариб 30%-и афзалиятхои баррасишаванда, дорои самти бевоситаи технологи мебошанд. Тахияи онхо метавонад бунёди технологияи аслан нави дар бозори чахони ракобаткунандаро таъмин намояд.
Дар айни замон, хусусияти хоси фаъолияти корхонахои украини – чорисози, афзалияти «махсулоти» хоричи ё инноватсияхои технологи нисбати ватани ба хисоб меравад. Чунин тачриба, бешубха, метавонад окибатхои манфи дошта бошад. Аввал ин ки боиси ихтисори сохтори илмии корпоративию истехсоли,
корпоративии корхои тадкикоти- илми ва тачрибавию конструктори мегардад. Дуюм, ин ки инноватсияхое, ки ба Украина аз хорича ворид мегарданд, дорои даври кутохи мавчудияташон ба ракобатнокиашон на танхо дар бозори хоричи, балки дар бозори дохилии Украина низ мусоидат намекунанд. Аз руи мохият, чараёни воридшавии беназоратии технологияи хоричи рушди мучтамаи миллии иннноватсиони ва илмхои амалиро боздошта, аз ихтироъоти хоричи хатари вобастагии технологии саноати милли ба вучуд меояд.
Дар айни замон, мохияти стратегияи инноватсиони боиси тахия ва татбики барномахо бахри ташаккул додани пешсафони милли- инноватсиони ва технологи дар заминаи корхонахои азим, холдингхо, истехсолоти баланди технологи мегарданд, ки ба рушди болоравии саноатию иктисоди мусоидат мекунад. Барои ин дар сатхи давлати
маблаггузории афзалиятноки онхо, кумакхо ва менечменти замонави, карзхои имтиёзнок барои сохибкорони инноватсиони ва ихтироъоти ояндадор, чори намудани низоми пардохтхои батаъгйир гузошташаванда, имтиёзхои андози ва гайра бояд таъмин карда шаванд.
Ташкили минтакаи озоди ба вучуд омадаистодаи навоварихои илми-техникиро метавон бо мавчудияти омилхои зерин ифода намуд:
- бо самти дакики фаъолсозии сохаи навигарихои илми-техники, ки барои расонидани моликияти зехни то ба сатхи барои фуруши он ба сифати мол дар бозори дохилию хоричи дар намуди махсулоти тайёр ва дар шакли литсензия нигаронида шудааст, ки ба ташкили минтакаи фаъолияти созанда аз ташкилотхои резидентии дар шахр чойгиршуда ва ба минтакаи дорои хусусияти фаъолияти иннноватсиони дошта, имкон медихад;
- бо сохтори ташкилии минтакаи фаъолияти созанда, ба анчомрасонии низомхои омодасозии бозаргони оид ба равандхои иннноватсиони дар шахр, дар заминаи манфиатхои тичоратии иштирокчиёни он, бо шартхои чолиби, иктисоди, хукуки, ичтимои барои сармоягузорон, хусусан, сармоягузорони хоричи имкон медихад;
- дар низоми минтакаи фаъолисозанда истифодаи иктидорхои на чандон ба кадри кофи амалкунандаи истехсолии шахр ва инфрасохтори ичтимои, ки маблаггузорихои чандон зиёди ибтидоиро талаб намекунад;
- дар асоси тахия ва чори намудани низоми тадбирхои иктисоди, хукуки ва ичтимои, тархи (конструксияви) минтакаи фаъолсозанда, имконияти истифодаи манбаи нави воридшавии воситахои асъориро ба буча фарохам меоварад;
- дар чунин шароити минтакаи фаъолсозанда масъалахои ичтимоии минтакаи оид ба боло бурдани шугл, музди мехнати олимон, мутахассисон, пеш аз хама, дар бахши бучетии илм, бо шарофати иннноватсиони ба таври самаранок метавонанд хал гарданд.
Хадаф аз чунин минтака – азхудкунии дастовардхои илми-техники ва дар асоси онхо ташкил намудани истехсоли махсулоту технологияи нав, инчунин ракобатпазири дар бозори чахони бо рохи чалби сармоягузорихои ватани ва хоричи.
Одатан омодаги бахри ташкили минтака дар се самт амали мегардад:
- Халли масъалахои хукуки;
- Тахлили усулхои асосноки техникию иктисодии минтака; накшахои тичорати аз руи лоихахои алохидаи инноватсиони;
- Ташкили ширкатхои инноватсионихои махалли, намояндаи минбаъдаи минтака.
Ба гайр аз ин, дастгирии ташкили сохтор, бахри гузаронидани озмоишхои мустакили ихтироъотии ба итмомрасида ва ташкили фаъолияти иннноватсиони аз руй фармоишоти беруна; кафолатхои карзии сармоягузорони хоричи аз тарафи сохторхои дахлдори давлати, ки ташаккули хазинаи маълумот аз руи маълумотхои танхо сармоягузарони хоричи, олимон ва корхонахо хангоми гузаронидани тадкикот ва татбики лоихахо зарур аст.
Барои бунёди низоми дахлдори татбики сиёсати давлатии илми- техники ва инноватсиони дар кишвархои ИДМ бояд мачмуи тадбирхои дорои мохияти такмилдихи хукуки ва иктисодию ичтимои дошта тахия гарданд.
Бо максади вусъати робитахои илми-техники дар байни кишвархои ИДМ бояд хазинаи мусоиди меъёрию хукукиро дар хар як давлат ва заминаи шартномавии байнидавлатиро бунёд намуда, барномаю лоихахои муштаракро тартиб диханд. Инчунин механизми маблаггузорихои онхоро муайян намуда, марказонидани саъю кушиши муштарак бахри хамкори дар сохаи мошинсози ва технологияхои баланд, бахри хифзи бозорхои дохилии худиро созмон додан зарур аст.