Талабот заминаю сарчашмаи фаъо-
лии одам мебошад. Одамон вобаста ба зарурат ва ниёзма-
нди намудхои мухталифи фаъолиятро амали мегардо-
нанд. Талабот сабаби инкишофи организм, фард, шахс ва
умумияти ичтимои буда,барои бунёди амалигардии ша-
роитхои барои мавчудияти инсон зарур имконият
медихад. Шароитхои барои инкишофи одам хаётан
мухимро ба се гурух таксим мекунанд:
- шароитхои барои хаёт ва инкишофи одам хамчун
организми табии зарур (талаботи табии ё худ органики аз
хамин бармеояд); - шароитхои барои хаёт ва инкишофи одам хамчун
фард, ва хамчун барои намояндаи авлоди одами (шаро-
итхо барои муошират, маърифат, мехнат) зарур; - шароитхои барои хаёт ва инкишофи одам хамчун
шахс, барои конеъгардонии системаи фарохи талаботхои
у зарур.
Талабот – ин аз тарафи инсон эхсос намудани за-
рурат ба шароити муайяни хаёти ва инкишоф мебошад.
Талаботхои нисбатан мухиму асоси, равияи фаъоли-
яти психикии одам – хиссиёт, тафаккур, ирода ва системаи
хиссии уро муайян мекунанд.
Талаботхои одам гуногун мешавад. Вобаста ба
намудхои асосии фаъолии одам талаботхоро ба гуруххои
зерин чудо мекунанд:
- талаботхои бо мехнат алокаманданд буда, яъне та-
лаботхои ба офариниш алокаманд; - талаботхои бо инкишоф пайванд буда, яъне талабот
ба бози, донишомузи, ёддихи; - талаботхое, ки бо муоширати ичтимои, хаммонанд-
кунии ичтимои алокаманд, яънеталаботи ахлоки ва
маънави.
Хамаи ин талаботхо дорои табиати ичтимои буда,
дар чомеаи муайяни одами ба вучуд меоянд ва аз ин ру
талаботи сотсиогени номида мешаванд.
Илова бар ин, доираи калони талаботхои одамро та-
лаботхои биологии у ташкил медиханд. Ин талаботхо
биогени (витали, аз лотини ^ка -хаёт) номгузори шудаанд
ва ба онхо шомиланд:
- талабот ба амнияту худнигохдори;
- талабот ба аз нав баркароркунии кувва ва фаъолии
харакати; - талабот ба омода будан дар бартараф намудани
монеахо (яке аз сохахои амалишавии ин талабот ёддихи ва
бозии чисмони мебошад); - талабот ба идомати наслу авлод (расми 9).
Расми 9. «Ахроми Маслоу» – накшаи вобастагии иерархии
талаботи одам мувофики А.Х. Маслоу
Абрахам Харолд Маслоу (1908-1970) психологи аме-
рикои буда, консепсияи тадкики системавии психологии
шахсро пешниход намуд. Маслоу сохти маромхои шахсро
(«Маром ва шахс», 1954) равшаннамуд ва ба андешаи у
талаботхои оли самти рафтори одамро ба он андозае му-
айян мекунанд, ки ба хамон андоза талаботи дарачаи нис-
батан пасттари у конеъ гардонда мешаванд.
Дар холе ки кулли талаботхои ичтимои факат дар
раванди тарбия ба вучуд меоянд, талаботи табии, органи-
кии одам бе ташаккули махсус пайдо мешаванд. Бо вучуди
ин, хатто талаботхои органикии одам хам дучори чоме-
ашави мегарданд. Вобаста аз он ки талаботхо бо кадом
арзишхои ичтимои алокаманданд, дарачахои гуногуни
онхо-оли ва сиф пастро фарк мекунанд.
Рафторхои зиддиичтимои аз худуди талаботхои
аклони берун мешаванд. Талаботхои гайриаклони ба ин-
кишофи талаботхои дарачаашон нисбатан баландтар сад-
ди рох мешаванд. Факат захмати суботкоронаи шахс ва
тамоми чомеа дар чодаи афзудани талабот метавонад та-
лаботхои гайриаклиро (ба хадди ифрот расидани чизпа-
расти, кутохназари ва манфиатчуйи) махдуд намояд.
Талаботхои мардум аз сатхи таърихан ташаккулё-
фтаи истехсолот ва истеъмолот, аз дарачаи хаёти одам,
анъана ва завку рагбатхои дар хамон гурухи ичтимои
хукмронбуда вобастааст.
Дар фаркият аз хайвонот, ки дорои доираи устувори
талабот мебошанд, талаботхои одам (ба андозаи имкони-
ятхои истехсолии у) пайваста инкишоф меёбанд.
Хамаи талаботхо дорои равия, бошиддати, силсила-
нок мебошанд. Талабот аз нуктаи назари нейрофизиологи
зимни ба вучудоии доминантахои ташаккул меёбад. До-
минанта барангезиши устувори механизмхои муайяни
магзи сар аст, ки амалхои зарурии рафторро ташкил ва
танзим мекунад.
Талаботхо дар раванди конеъ гардониданашон усту-
вор мегарданд. Талаботхои конеъшуда аввал хомуш ме-
шаванд, баъд аз нав бо шиддат пайдо мегарданд. Тала-
ботхои заиф дар раванди чандинбора конеъ шуданашон
нисбатан устувор мешаванд.
Талаботхо дар он мавриде асоси амали рафтор ме-
гарданд, ки агар барои конеъ гардониданашон воситахо
ва шароитхо (ашёи фаъолият, олоти фаъолият, дониш ва
тарзи амалиёт) мавчуд бошанд ё сохта шаванд. Хар кадар
воситахои конеъгардонии хамин талабот гуногунранг
бошанд, хамон кадар онхо устувортар мегарданд.
Талабот механизми мутобикшавии психикаро муа-
йян мекунад.
Объектхои вокеият дар ин маврид хамчун шартхои
имконпазири (ё монеъшавандаи) конеъгардонии талабот
инъикос меёбанд.
Пайдоиши талаботхои мухими зарури, ва конеъгар-
дии онхо психикаро барои гузориши максади муайян во-
дор менамояд. Дар ин маврид таъсироти беруни бо маро-
ми бартаридоштаи рафтори фард дар алокаманди мебо-
шад.