Главная / Илм / Тамаддуни аддодони тодикон дар асрхои VI-VIII

Тамаддуни аддодони тодикон дар асрхои VI-VIII

Афкори чамъиятй – сиёсии точикон дар давраи ташакули муносибатхои феодалй тадричан ру ба таравдй ниход. Ин давра замони бархурди тамаддунхо ба хисоб меравад. Агар тамаддуни Эрон дар он давра дар холатимарказиятнокиву пешравй, вахдати сиёсиву фархангии Сосониён густариш ёфта бошад, тамаддуни Варазруд (Осиёи Миёна) дар холати бархурди тадричии халкиятхои бумй (бохтарихо, сугдихо, хоразмихо ва айра) бо кавмхои кучй (юечжихо, хайтоллиён туркон) омезиш ёфтани фарханги эронй бо унсурхои мадании туркон, нихоят дар вазъияти парокандагии сиёсй пеш рафтааст, ки ин холат албатта аломатхои фаркнандаи дин, афкори ичтимоию сиёсй ва тамаддунро ба вучуд овардааст.
Дар асрхои IV-VIII Варазруд маъмулан ба дину ойини зардуштй, буддой масехй ва монавй эътимод доштанд. Зардуштия дар Хоразм, Сугд ва Чоч зиёд пахн шуда буд. Такрибан дар хамаи шахрхои хурду калони Варазруд оташкадахои зардуштиён мавчуд буданд. Оташи мукаддас озархуро номида шуда, дар оташкада шабу руз фурузон буд.
Аз манбахои хаттй ва бозёфтхои бостоншиносй маълум мешавад, ки дар асрхои VI-VIII талкини динй буддой на танхо дар Тахористон (Бохтар), Сугд, Фаргона ва
Туркистони Шарки низ пурзур шудааст.
Ба туфайли китобхои динй акидахои буддой дар бораи покизагии руху дисм росткорй ва камолоти рухй таргиб гардида, дуздй, дуруги, бадахлоки сарзаниш карда мешуд.
Ибодатхона- марказхои тахвилкунандаи афкору акида ва ойини Буддо дар харобахои Ачинатеппа, Кофаркалъа, Каротеппа ва чойхои дигари Тахористони кадим пайдо шуданд, ки ба дину ойин накши созгор гузоштаанд. Чанд теъдод осрори сугдии буддой аз кабили «Вассантра статагки», « Достони мавлуди Буддо» ва «Сутуройи иллат ва маълул» ёфта шудаанд, ки аз забони санскрит ё чиной ба забони сугдй тарчаю тафсир шудаанд.
Инчунин аз манбахо маълум мешавад, ки дар Варазруд ба гайр аз зардуштиёну буддоиён, боз пайравони таълимоти мазхаби несториании динй массехй зиёд буданд. Нохияи Ургути Самарканд на факат барои Сугд, балки барои тамоми Варазруд маркази пахнкунандаи ойини масехй махсуб
Тахмин меравад, ки дини насронй ба Сугд дар асрхои V- VI ворид шуда бошад, дар ибтидои асри VI дар Самарканд эпиокоп, дар асри VIII бошад, митрополит ва дигар пешвоёни олимакоми динй ба чамоахои насронй рахнамой мекарданд.
Инчунин байни мардум эътикоди сачда кардан ба худои антикй аз кабилй Худои хосилу об Анохито ва хайкалхои худозанхо чой доштанд. Дар асоси динй дар байни мардум маросиму урфу одатхои гуногун риоя карда мешуданд. Мувофики одат дар баъзе музофотхо устухони мурдахоро дар оссуархо- саонахо гузошта мегуронданд. Дар муклкхои дигар часади мурдагонро ба пахлу рост хобонда, дасти чапашро аз болои синааш ба пеш дароз мекарданд. Хамрохи часад чизхои рузгорро дар кабр мегузоштанд.
Умуман дар асрхои VI-VIII, то пахн шудани ислом мардуми Осиёи Миёна расму русуми зиёди динй ва урфу одати зиёд доштанд, ки ба динхои пеш аз исломй иртибот доштанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

656959

Тахлили мукоисавии чумлаи пайрави пуркунанда ва хабар дар забонхои англиси ва точики

Аз ин коида ва тахлилу табдилхо фахмидан душвор аст, ки оё хамаи чумлахои пайрави пуркунанда …