Главная / Илм / Ташаккул ва инкишофи гурух хамчун коллектив

Ташаккул ва инкишофи гурух хамчун коллектив

Аз тахлилхои психологии дар боло кардашуда доир ба гурух хамчун коллектив

бармеояд, ки хар кадаре, ки

гурух ба нуктаи олии тараки-
ёти худ наздик шавад, хамон кадар барои хар як аъзои худ
шароити мусоид фарохам меоварад ва хамон кадар мухи-
ти солими психологиро барпо месозад. Гурух дар асоси
чунин тарзи тараккиёт охиста- охиста ба коллективи
дусту тифок табдил меёбад. Масъалаи коллектив аз
масъалахое ба хисоб меравад, ки доир ба он олимони
сохаи фалсафа, иктисодиёт, хукук, педагогика, сотсиоло-
гия ва психология тадкикотхои пурарзише анчом додаанд.
Масъалаи коллектив ба таври умда аз чониби психолого-
ни барчаста Л. И. Уманский ва А. В. Петровский муво-
фикан дар назарияхои тартибдодаи онхо: «консепсияи па-
раметрометрии коллектив» ва «консепсияи стратометрии
коллектив», мавриди мухокима карор гирифтааст.

Хардуи ин назарияхо нимаи асри хх (солхои 1970-
1980) эчод шудаанд ва бегуфтугу инъикоскунандаи сиёса-
ти пешгирифтаи замони Шурави мебошанд. Сарфи назар

аз ин, ин назарияхо акидахои пуркиматеро фаро гирифта-
анд, ки то кунун мохияти худро гум накардаанд.

Дар консепсияи пешниходнамудаи Л.И.Уманский –
консепсияи параметрометрии коллектив, диккати асоси ба
муташаккили ва ягонагии дохилигурухи равона шудааст.
Мувофики он, муташаккили ва ягонагии аъзоёни гурух
омили асосии ба коллектив табдил ёфтани он мебошад.

Л.И.Уманский дар тадкикотхои худ дарачахои та-
раккиёти гурухро хамчун коллектив шарху эзох дода, чу-
нин номгузори мекунад: гурухи

диффузи, кооператсия, корпоратсия ва коллектив.

Гурухи диффузи – ин умумияти тасодуфии одамон,
дарачаи пасти инкишофе аст, ки дар он аз руи тамоми
масъалахои мавчудияти гурух, ягонаги ва хамдигарфахми
дида намешавад ва муташаккилии дохили мавчуд нест.
Муносибати байнишахси ноустувор буда, муоширати
аъзоён мазмунан хароб аст ва ин намуди гурух бештар ба
тудаи одамоне монанд аст, ки хар яке барои конеъ наму-
дани талаботи худ бе дарназардошти манфиати дигарон
ва меъёрхои гурух дар як чо чамъ омадаанд.

Гурух — кооператсия тачассумкунандаи хусусиятхои
гурухи хурдест, ки иштирокчиёни он бо хамдигар хамкори
карданро огоз намудаанд, вале ин хамкорихо на ба таври
доими, балки аз руи зарурат хангоми ба дастгирии
якдигар эхтиёч пайдо кардани аъзоёни гурух амали меша-
вад. Хануз хам аъзоёни гурух манфиатхои худро аз ман-
фиатхои чамъияти боло мегузоранд.

Гурух — корпоратсия бо муташаккилии худ ва яго-
нагию муттахидии

ба худ хос аз гуруххои дигар фарк мекунад. Камбу-
дии ин гурух дар он аст, ки ин намуди гурух барои «бего-
нагон» дастнорас аст. Вай факат манфиатхои аъзоёни
худро пуштибони намуда, манфиатхои гуруххои дигарро
рад менамояд. Аз нигохи меъёрхои коллектив корпорат-
сия хусусиятхои коллективро дорад, вале ба акидаи
Л.И.Уманский, вай коллектив шуда наметавонад, зеро
манфиатхои гурухи алохидаро пуштибони намуда, ман-
фиатхои чамъиятиро сарфи назар менамояд. Коллектив –
ин умумияти одамон буда, аъзоёни он дорои максади яго-
на мебошанд, муташаккилона фаъолият менамоянд ва
махсули фаъолияти онхо ба манфиати умуми чамъияти
равона шудааст.

Г УРУХ — коллектив аз корпоратсия бо он фарк меку-
над, ки вай аллакай «ру ба чониби чамъият» оварда, на
танхо манфиатхои худ, балки манфиатхои ахли чамъиятро
низ пайгири менамояд. Коллектив як навъ организми зин-
даву фаъоли ичтимои аст, ки дар ташаккули хусусиятхои
мухими афкори чамъият накши мухим мебозад. Коллек-
тив ифодакунандаи сифатхои начиби инсони: сарчамъи,
иттифоки, бонизоми, масъулиятноки, муташаккили,
фаъоли, ташаббускори, хамхисси, хамдигарфахми ё ёри-
расони ба хамдигар ва г. мебошад.

Консепсияи                 стратометрии                 колективи

А.В.Петровский бо аломатхои ба худ хос аз консепсияи
Л.И.Уманский фарк мекунад. Ин консепсия дар чараёни
тараккиёти гуруххо ба коллектив се зинаи (стратахо) му-
носибатхоро кайд менамояд: муносибати бевоситаи эмот-
сионали, муносибати бавосита бо дарназардошти мазму-
ни фаъолият ва муносибати аъзоёни гурух ба худи мазму-
ни фаъолияти ичрокардаистодаи онхо.

Дар консепсияи мазкур рафти тараккиёти гурух ва
ба коллектив табдил ёфтани он чунин сурат мегирад. Дар
зинаи аввал одамон дар асоси хисси таваччух ё нафрат бо
хам омада, гурухро ташкил мекунанд. Дар зинаи дуюми
гурухи ташкилшуда максад ва фаъолияти умумии ба хам
муттахидкунандаи онхо муайян карда мешавад. Дар зинаи
мазкур хамчунин мачмуи муносибатхои ба нигоходошти
фаъолияти умуми равонашуда шакл мегирад. Бо вучуди
ин, муносибати байнихамдигарии аъзоён чун пештара дар
асоси хисси таваччух ё нафрат сурат гирифта, бо мазмуни
фаъолияти умуми алокаманд нест. Дар зинаи охирину
чамъбастии тараккиёти гурух муносибатхое шакл меги-
ранд, ки онхо тачассумгари мазмуни фаъолияти якчояи
аъзоёни мебошанд. Яъне, муносибати байнишахсии аъзо-
ёни гурух аз чигунагии муносибати онхо ба максад ва
фаъолият вобаста мешавад. Дар зинаи мазкур гурух ба та-
ври пурра ба коллективи хамачониба инкишофёфта таб-
дил меёбад.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222