Хифз ва нигахдошти инсон аз назари чисми, рухи, акли ва ахлоки мухимтарин асл ва яке аз хадафхои бунёдии конунгузориро дар мачмуаи фикхи исломи ташкил медихад. Зеро хам аз дидгохи шаръ ва хам аз мавкеи илми хуб собит шудааст, ки чисми инсон аз хар чиз ва ё олате мутаассир гардад, он дар мачмуи рухиёти у таъсир мегузорад ва акли солим дар чисми солим парвариш меёбад ва шахси тавоно вазифахои шаръи ва аъмоли худро дар зиндаги аз одами заъиф бехтар анчом медихад.
Паёмбар (с) бо дарназардошти хамаи инхо мефармояд:
«Муъмини тавоно дар назди Худо нисбат ба заиф бехтар ва хубтар аст ва дар хар кадоми онхо хайр вучуд дорад»
Вакте мо ба амрхо ва тавсияхои Ислом дар бораи тани солим, хифзи покизаги ва риояи суннатхои фитрат ва манъи пурхури, манъи маводи мухаддир ва анвои мускирот, тахрими гушти худмурда, хун ва гушти хук дакиктар менигарем дар онхо хадафхои олии Ислом дар хифзи бехдошти чисмонии инсон ва тадбирхои пешгирикунанда (тибби викои)-ро ба хуби мушохида менамоем.
Вакте тавсияхои мукаррари Исломро дар бораи покизагии ахлоки, дури аз мухитхои олуда ба фасод, худдори аз зино ва тардомани ва амрхои катъии онро дар бораи хифзи чашм аз нигоххои шахватолуд, риояи сатри дини, худдори аз намоиши хусну зебоии худ ва аз хар гуна харакатхои машбух ва омезиши марду зани бегона (номахрам)-ро ва бо тааммул мавриди барраси карор медихем, эхтироми дини Исломро ба хифзи покизагии ахлокии чомеа, покизагии наслхо, химояи генофонди миллй ба таври равшан дарк менамоем ва дар онхо тадбирхои пешгирикунандаеро мушохида менамоем, ки чомеаи исломиро дар дарозмуддат аз беморихои фарогир ва он касалхое, ки ба беморихои аср шинохта мешаванд ва имруз домангири чомеахои ахлокан бебандубор гардидаанд, хифз намудаанд. Хатто намоз, ки болотарин мазхари покизаги ва нуктаи пайванди банда бо Худо аст, аз назари равоншиносии дини дар таскини асабхо, бартараф сохтани дардхо, изтироботи ботини ва парешонихо, зудудани гамхо ва рехтани оромиш бар калби инсон василаи муассире ба шумор меравад. Расули Худо (с) мефармояд: «Эй Билол, намозро барпо дор ва моро бо он рохат ва ороми. Руза яке аз пахновартарин бобхо дар ин замина буда, ба чисму рух ва акли инсон неруи масуният ва хамзамон ба калби у такво ва хештандори мебахшад, умри мавчуди зиндаро дароз ва нашоту фаъолияти зехни ва узви органикии онро афзун мегардонад. Руза хамин тавр дар тачдид ва фаъол сохтани бофтахои бадан, ба хусус гадудхое, ки фаъолияти органикии онхо нашъу намо ва бинои чисм ва ба танзим даровардани коркарди хазм аст, таъсири босазое дорад.
Барномаи ибодатхо, тавсияхои ахлоки ва мачмуаи гаронбахои фикхи дар Ислом илова бар он ки ибодат ва робитаи банда бо Худо, муносибатхои мобайни мардум ва фаъолиятхои ичтимоии онхоро ба танзим медароранд ва илова бар хикматхои гуногуне, ки дар онхо нухуфтааст, ба таври барчастае хусусияти тиббиро низ доро мебошанд.