Главная / Маданият ва санъат / Туфанг – Маколаи Фредрих Браун

Туфанг – Маколаи Фредрих Браун

Бегохирузи хона тира ва ором буд. Доктор Чеймс Грэхем – сардори  кулли накшаи мухими махфи – дар курсии дилписанди худ нишаста  гарки андеша аст.

Дар чунин лахзахое, ки у пас аз як рузи кори пуршиддат дар хонаи  нимторик танхо менишаст, басо кашфиёти мухим мекард. Аммо имруз  аз чи бошад, ки диккаташро ба як матлаб чамъ карда наметавонад, хавосаш парешон аст. Риштахои андешаи у гаштаву баргашта ба писа-  раш, ки дар хонаи дигар китоби суратдореро варак мезад, баста мегашт.  Писарак нокисулакл буд. Холо доктор Грэхем уро на бо газаб, балки аз  сари мехру навозиш пеши назар меовард.

egaftpАз ин чанд сол мукаддам,  вакте ки у бори аввал кундфахм будани фарзандашро пай бурд, ба вай  кахру газаб ва дурушти зохир кард. Вале имруз чунин тасмим мегирифт,  ки Гарри инсони хушбахт аст. Аз хама мухимаш-хамин. Дуруст нест?  На хар падару модар аз он ифтихор доранд, ки кудаки онхо хамеша  кудак мемонаду харгиз волидайни худро тарк намекунад. Грэхем дар  тули солхои дароз худро бо далелхои мантик бовар мекунонд, ки за-  ифаклии писараш хам аз каромоти худост. Бешак, далелхои мантик ба  сари худ ба кас зиёне надоранд, вале

Садои занги дар баланд шуд.

Грэхем аз чо бархосту чарогро даргиронд ва ба суи дар рафт. “Хеч  гап не, мехмони нохонда уро аз олами андешахо дур хохад кард…”.

Дарро кушода у шахси ношинocepo дид.

-Доктор Грэхем? -пурсид мехмон.-Номи ман Ниманд. Ман ба шумо  гап дорам. Ичозат фармоед дароям?

Грэхем ба мехмон нигарист. Ниманд одами кадпаст, ифодаи руяш но-  равшан, аммо марди хушфеъл буданаш аён буд. “Шояд вакили идораи  сугурта бошад. Бигзор хар ки бошад, ки будани у ахамияте надорад”.  Грэхем овози худро шунид:

— Мархамат, бифармоед! Дароед, чаноби Ниманд.

“Лахзае гуфтугу бо ин мард маро шояд осуда кунад”, аз дил гузаронд  у.

Онхо ба хона даромаданд.

-Бишинед, -курси нишон дод Грэхем. -Ягон чиз нушидан мехохед?

-Не, ташаккур, – чавоб дод Ниманд.

Мехмон ба курсии рохат нишаст. Грэхем ба диван фуру афтод.

Одами хурдакак ангуштонашро ба хам фишурда ба пеш моил шуд  ва гуфт:

– Доктор Грэхем, шумо он шахсе хастед, ки осори илмии шумо беш  аз хама метавонад инсониятро ба халокат оварад.

– “Девона, барин», – аз дил гузаронд Грэхем. У афсус хурд, ки кабл аз  хона даровардан уро дурусттар насанчидаст. Акнун сухбати ногуворе  дар пеш. Грэхем муомилаи дурушт намекунад, аммо дар чунин мав-  ридхо танхо бо дурушти хамсухбати худро маглуб кардан мумкин аст.

– Доктор Грэхем, силохе, ки шумо машгули сохтани он хастед…

Мехмон ногахон хомуш шуду ба суи дари хонаи хоб нигарист. Писа-  рак суи онхо давида меомад. Бача Нимандро надида ба суи падар тохт.

– Дада, ту хозир ба ман китоб хонда медихи? – Бачаи понздахсола  чунон хандид, ки одатан кудакони чорсола хамин тавр механданд.

Грэхем бачаро ба огуш гирифту ба хамсухбати худ зехн монда фах-  мидани шуд, ки у аз заифаклии Гарри бехабар аст ё не. Аммо дар руи  Ниманд хеч як нишонаи хайрат набуд: аз афти кор, хама гапро медонад.

– Гарри, – навозишкорона гуфт Грэхем – ман кор дорам. Андак сабр  кун. Ба хонаи худат рав, ман сонитар рафта ба ту китоб хонда медихам.

– Дар бораи чучахои хурд! Ту ба ман “Чучахои хурд”-ро мехони?

— Майлаш. Рав. Ха, ист. Шинос шав, Гарри, ин чаноби Ниманд.

Писарак ба мехмон табассум кард.

Хэлло, Гарри, – гуфт Ниманд ва дар чавоби табассуми бача табассум
карду аз дасти у гирифт.

Грэхем акнун бовар кард, ки Ниманд аз сир огох аст. Табассум ва  харакатхои у ба камолоти фикрии Гарри мувофик (ба синну соли чисмо-  нии бача) мутобикат надоштанд.

Бача аз дасти Ниманд гирифт. У ба сари зонуи мехмон нишастан  мехост, ки Грэхем бо нарми писарашро як су кашида гуфт:

  • Кани, акнун ба хонаат рав, Гарри.

Бача якпоя халлосзанон ба хонаи худ даромада рафту дарро напу-  шид.

Чашми Ниманд ба чашми Грэхем афтоду бо самимияти ошкоро гуфт:

  • У ба ман маъкул аст. Бовар дорам хар чизе, ки шумо ба у мехонед, хакикат аст.

Грэхем ба чи ишора кардани мехмонро нафахмид.

  • Ман дар бораи “Чучахои хурд…” – шарх дод Ниманд. – Ин афсо- наи ачиб аст. Хоса хамон чое, ки дар афсона осмон ба замин фуру  меафтад… Ба фикрам, хамин чои “Чучахои хурд” аз афсона ба хакикат  табдил хохад ёфт.

Грэхем ногахон эхсос кард, ки Ниманд ба у маъкул мешавад. Алал-  хусус, аз он лахзае, ки писари у ба Ниманд маъкул шуд, вай ба мехмон  дигар гуна менигарист. Аммо зудтар ин гуфтугузорро анчом бояд дод.  Грэхем аз чояш бархост.

– Афсус, чаноби Ниманд, шумо на танхо вакти худро, балки вакти  маро низ бехуда мегузаронед. Ман аллакай, шумо изхор накарда, хамаи  далелу даъвои шуморо медонам, садхо бор онхоро шунидаам. Балки  шумо шояд, ба таври худ хак бошед, аммо барои ман ин хакконияти  шумо ахамияте надорад. Ман олимам, факат — олим, Бале, ба хама  маълум аст, ки ман силохи дахшатангез месозам, ки то хол мислашро  чахон надидааст. Барои ман ин силох музди иловаги аст. Аз хама мухи-  маш ин аст, ки ман илмро пеш мебарам. Ман хамаашро фикр карда,  ба хамин карор омадам, ки вазифаи ман илм аст. Онро одамон чи  мекунанд, ба чи максад истифода мебаранд, ба ман хеч дахле надорад.

  • Доктор Грэхем, охир, мавчудияти башар ба ин силох вобаста бо- шад-чи?
  • Ман нуктаи назари худро ба шумо гуфтам, чаноби Ниманд.

Ниманд охиста аз чо бархост.

  • Хайр, чи илоч, – гуфт у, – агар шумо дар ин мавзуъ гуфтугу кардан нахохед, ман дигар чизе намегуям.

У бо дасташ пешониашро молида монд.

  • Хуш бошед, доктор Грэхем. Ха, бубахшед… Шумо пешниход кардед, ки ягон чиз нушам… Агар бемалол бошад,..
  • Ха, бале, – изхори хурсанди кард Грэхем. У дигар ором буд. – Виски бо сода менушед?
  • Хуб.

Грэхем маъзарат хоста ба ошхона баромад.

Вакте ки у ба назди мехмон баромад, Ниманд аз хобгохи бача ме-
баромад.

  • Хоби хуш, Гарри.
  • Ба шумо хам хоби хуш, чаноби Ниманд, – хушхолона чавоб дод Гарри.

Грэхем вискиро бо содаоб омехта ба истакон ях андохт. Ниманд як  истакон нушиду дигарашро рад карда ба суи дари баромад кадаме  монд ва боз истода гуфт:

  • Шумо барои виски рафта будед, ман ба писари шумо тухфаи хур- дакаке пешкаш кардам. Умедворам, шумо онро рад намекунед?
  • Не, чаро? Ташаккур ба шумо. Шаб ба хайр!

Грэхем баъди мехмонро гусел кардан дарро пушиду ба хонаи хоби  писараш даромад.

  • Хама корамон бачо, Гарри, – гуфт у. – Акнун ман каме мутолиа мекунам…

Ногахон у хомуш шуд, дар чабинаш араки сард пайдо гашт… Бо зури  ирода худро ба даст гирифту хаячонашро маълум накарда ба назди  кати писар омад.

  • Гарри, ман бозичаатро як бор бинам.

Вай “бозича”-ро охиста, бо дасти ларзон аз дасти бача гирифту аз  назар гузаронд. Дастони у меларзиданд. Аз дилаш гузашт: “Факат шахси  девона ба дасти кудаки заифакл туфанги пур аз тирро медихад…”

Тарчимаи

БАХРОМ ФИРУЗ

 

Дар борамон

Инчунин кобед

pir

Пири берахм – хикоя аз Кароматуллохи Мирзо

Додои Баходур ба охури говхо коху кунчора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи чавро аз …

222222222222222