Главная / Илм / Усулхои баходихии самаранокии лоиха

Усулхои баходихии самаранокии лоиха

Асоси баходихии самаранокии лоихаро тахлили киёсии хачми сармоягузорихои пешниходшаванда ташкил медихад.

Вобаста ба даврахои гуногуни амалигардонии лоиха, бузургихои мукоисашаванда метавонанд хархела бошанд. Аз ин сабаб масъалаи мухими муайянкунии самаранокии лоиха низ чун муайянкунии самаранокии техника ва технологияи нав – масъалаи мукоисаи (таносуби) даромаду харочот ба хисоб меравад. Сабаби хисобкунии мукоисави дар чунин холат асосан бекурбшавии пул, динамикаи манфии сармоягузорихо, пастшавии истехсолоти саноати, худудхои гуногуни ояндабини, тагйирот дар низоми андозситони ва гайра мебошанд.

Умуман усулхои баходихиии самаранокии лоихаро ба ду гурух чудо намудан мумкин аст:

  1. Усулхои бо баходихии мукоисави асосёфта;
  2. Усулхои бахисобгири.

Усулхои баходихии самаранокии лоиха, ки тавассути бахисобгири сурат мегиранд, давраи худхарочотбарори, коэффитсиенти самаранокии сармоягузори ва коэффитсиенти пардохти карзро нишон медиханд.

dfdfУсулхои баходихии лоиха, ки тавассути баходихии мукоисви сурат мегиранд, афзалтар хисобида мешаванд, чунки онхо намудхои гуногуни бекурбшави, тагйирёбии меъёри фоизи ва меъёри

даромаднокиро ба хисоб мегиранд. Ба ин гурухи нишондихандахо дохил мешаванд: индекси даромадноки даромади софи дисконти ва меъёри дохилии даромадноки.

Усули маъмултарини хисобкунии самаранокии сармоягузори – усули худхаридкунии маблаггузорихо ба хисоб меравад. Аммо норасоии ин усул дар он аст, ки вай арзиши пулро бо хисобгирии даромад дар даврахои оянда ба назар нагирифта, принсипхои мукоисавиро эътироф намекунад.

Азбаски дар иктисодиёти кишвари мо имруз бекурбшавии пул, кохишёбии меъёрхои фоизи ва меъёрхои пасти андухти дохилии корхонахо мушохида мегардад, танхо истифодабарии усули худхаридкунии сармоягузорихо кофи нест. Аз ин сабаб истифодабарии дигар усулхои баходихии лоихахо низ тавсия дода мешаванд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222