Главная / Илм / Усулхои паст намудани таваккал (риск)

Усулхои паст намудани таваккал (риск)

Максади паст намудани таваккал ин паст намудани номудан дар сохтори беруна ва дохилии ташкилот, баланд бардоштани сахехияти ояндабинии мухимияти омилхои микдории таваккал ба хисоб меравад.

Барои ин аз як тараф, баланд бардоштани дакикияти ояндабинии омилхои таваккал бо рохи такмили таъмини ахбори идоракунии таваккал зарур мебошад ва аз дигар тараф, истифода бурдани усулхои маъмули иктисоди ва ташкилии паст намудани таваккал. Диккатро ба он чалб менамояд, ки аввал бояд дарачаи илмии идорашавии таваккал баланд бардошта шавад ва сипас истифода бурдани усулхои иктисоди ва ташкилии паст намудани таваккал. Усули таксимнамои (диверсификатсияи) таваккал бо рохи таксим намудани инвеститсия ба лоихахои гуногун.

moshinИн усул хангоми мавчуд будани якчанд объектхои аз чихати боварибахши сармоягузори (инвеститсия) барои сармоягузор истифода мегардад. Диверсификатсия метавонад сохахои гуногуни фаъолияти инноватсионии корхона ва ташкилотро халалдор созад.

Усули махдудсозии сарчашмаи таваккал дар холатхои алохида истифода мегардад, ки имконияти аник ва дакик махдуд ё ошкорсохтани сарчашмаи таваккал мавчуд мебошад.

Мархила ё кисмати хатарноки аз чихати иктисоди фаъолияти инноватсиониро муайян намуда, таваккалро назоратшаванда кардан мумкин мебошад ва хамин тавр сатхи нихоии таваккали корхона паст мегардад.

Усули мутахидгардони (диссипатсияи) таваккал хамчун воситаи мунъатифии идоракунии таваккал ба хисоб меравад. Яке аз усули асосии диссипатсия дар таксимоти таваккали          умуми бо рохи муттахидгардони дар байни аъзоёни барои кори умуми бомувафаккият анчом додани лоихахои инноватсиони хавасманд, асос меёбад. Усули диссипатсия аз усули таксимкунии таваккал бо он фарк мекунад, ки дар холати аввал таваккал (инвеститсия) байни шахсони бегонаи вокеъи ва хукуки таксим мешавад ва дар холати дуюм – бо иштирокчиёни як лоиха.

Усули чуброни таваккал ба усули пешгиркунандаи идоракуни бо рохи банакшагирии стратегии фаъолияти ташкилот мансуб мебошад. Барои ин дар мархилаи банакшагирии ташкилот бояд дар нишондихандахои накшави мушкилотхои ояндаро ва номуайяниро бо рохи ташкили захирахо чуброн намояд.

Усули сугуртакунии таваккал дар таъсиси фонди махсуси сугуртави, таксимоти он ва истифодабари барои бартараф намудани хар гунна талаф ва зарар бо рохи пардохти маблаги сугуртави асос меёбад. Сугуртакунанда маблагхои сугуртавиро ба фонди сугурташаванда пардохт менамояд. Дар навбати худ сугурташаванда ба сугуртакунанда хангоми наздик шудани вазъияти хавфнок, ки дар шартнома пешаки кайд шудааст, маблаги сугуртавиро пардохт менамояд.

Усули хеджиракунони дар сугуртакуни паст намудани таваккал аз талафотхои вобаста бо тагйирёбии нарххои бозори ба молхо нисбат бо он нарххое, ки хангоми бастани шартнома ба инобат гирифташуда буд асос меёбад.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурух хамчун коллектив

Аз тахлилхои психологии дар боло кардашуда доир ба гурух хамчун коллектив бармеояд, ки хар кадаре, ки гурух …

222222222222222