Главная / Илм / ВАЗЪИЯТИ ИКТИСОДИИ САРЗАМИНИ ТОДИКОН ДАР АРАФАИ ИНЦИИОББ БУРЖУАЗИ- ДЕМОКРАТИИ ФЕВРАЛИ

ВАЗЪИЯТИ ИКТИСОДИИ САРЗАМИНИ ТОДИКОН ДАР АРАФАИ ИНЦИИОББ БУРЖУАЗИ- ДЕМОКРАТИИ ФЕВРАЛИ

Хукумати подшохи муваффак шуд, ки аввалин
инкилоби русро пахш намуда, муваккатан дастболо шавад. Аммо Хукумат зиддияти оштинопазири чамъиятиро, ки пояи сиёсии империяи Руссияи подшохиро суст мегардонд ва сабабгори инкилоб буд, бартараф карда натавонист. Ин зиддият боиси хуручи нави инкилоби гардида, аз соли 1910 дар тамоми каламрави давлати Россия сар шуд. Дар Осиёи Миёна низ мавчи харакати инкилоби огоз гардид.
Дар дахсолаи аввали асри ХХ капитали монополистии Россия таъсири худро дар Осиёи Миёна торафт зиёд мекард. Нохияхои Точикистон барои саноати Россия чун манбаи ашёи хом хизмат мекарданд. Капитали рус барои таракки додани сохаи хочагии кишлок, ки барои пешрафти саноатии рус мувофик гардонда шуда буд, мусоидат менамуд.
Капитали бонкии рус ба иктисодиёти нохияхои Шимолии Точикистон сар дароварда, ба табакахо чудошавии дехдононро тезонд. Аксарияти дехдонони хонавайрон ба сафи коргарон, ки кувваи арзони коргари буданд, дохил мешуданд.
Бонкхо дар баробари махсулоти пахта махсулоти дехкони ва чорводориро хам ба зери назорати худ гирифтанд. Масалан, дар вилояти Самарканд (уезди Хучанд ба хайати он дохил мешуд) барои пахтакори 30%, барои махсулоти бофандаги (мануфактура) 10%, барои меваи хушк 15%, барои галладона ва орд 5%, барои дигар махсулотхо 35% маблаги карздихи бонкхо чудо карда буданд. (История таджикского народа.- Т.2. кн.2.- С.231).
Иктисодиёти Осиёи Миёнаро асосан бонкхо ва ширкатхои бонкхои тичорати «Муттахида», «Волга -Кама», «Руссу Осиёги», «Руси» ва бонкхои дигар дар зери назорати худ гирифта буданд. Аксарияти бонкхо на танхо ба ширкатхои пахта пул карз медоданд, балки хонахову тичорат, савдои дошта, аксияхои зиёдро нигох медоштанд.
Бонкхои хусуси ва давлати ба воситаи шахсони алохида агентхо ва миссионерхо ба истехсолкунандагони пахта алока мекарданд. Дар натича истехсолкунавдаони хурду миёна аз бонкхо карздор шуда, хонахароб мешуданд. Масалан, то 1- уми ноябри соли 1912 ахолии Туркистон аз бонки давлати ба маблаги 27530 сум, аз бонкхои хусуси 129182 сум карздор буданд. ( История таджикского народа.т.2.кн.2,-с.232).
Хамин тарик, капитали рус ба иктисодиёти Туркистон сар дароварда, истехсолкунандагонро бевосита ба тобеияти худ дароварданд.
Аз ибтидои асри ХХ капитали рус аз болои иктисодиёти аморати Бухоро хам назорат менамуд. То соли 1915 дар маркази Бухоро, айр аз шуъбаи бонки давлати, боз шуъбаи хафт бонки хусуси кушода шуданд. Ба онхо шуъбаи бонкхои Руси-Шарки, Руси савдои Шарк, Азови-Дони ва айрахо шомил буданд. Бисёрии ин бонкхо ба капитали хоричи, аз чумла, фаронсави ва немиси алока доштанд.
Соли 1913 дар Бухоро дар каламрави аморат 25-заводи пахтатозакуни кор мекарданд. Аз чумла, 19-тои онхо ба буржуазияи рус, 3-тои онхо ба амири Бухоро ва 3-тои бокимонда ба савдогарони Бухоро мансуб буданд.
Савдои хоричии Бухоро ба воситаи Россия гузаронида мешуд. Масалан, солхои 1911-1913 аз 75 млн. суми савдои хоричии Бухоро 89% ба сахми Россия рост омад. (История таджикского народа.- Т.2.- С.234).
Аз Россия ба Бухоро молхои саноатии зарури ва гандум оварда мешуданд. Аз Бухоро ба Россия пахта ва пусти каролкули бурда мешуданд.
Бухорои Шарки дар хаёти иктисодии аморат мавкеъи муайян дошт. Дар ин чо кишти пахта сол то сол зиёд мешуд. Имкониятхои иктисодии Бухорои Шаркиро ба назар гирифта, савдогарон ва капиталистони рус сохтмони рохи оханро то Хисор ба миён гузоштанд, лекин ин икдом амали нагашт. Бухорои Шарки дар баробари пахтакори базаи асосии зироати алладона буд. Умуман, аз Бухорои Шарки ба Россия пахта, загир, кунчид, гандум, чорво, чарм, пусти рубох, шаол, хирс, писта, чормагз, матоъхои абрешими бароварда мешуданд.
Буржуазияи рус барои дар Бухорои Шарки ташкил кардани базаи асосии пахта кушиш мекарданд, ки бо ин усули консепсияхои худ заминхои корамро сохиб шавад.
Барои консепсия заминхои дашти Карши, Шуробод, Кургонтеппа ва Кубодиён мувофик дониста шуданд. Соли 1908 барои омухтани имконияти оббёри кардани заминхои води Амударё комитети биржавии Москва экспедицияи махсус фиристод.
Солхои 1912-1913 бо дастгирии бевоситаи саризми рус намояндагони чудогонаи буржуазияи рус ва помешикон бо амири Бухоро шартномахо имзо карданд. Мувофики ин шартнома 300 хазор га. замин ба консепсияхои рус гузашт. Мувофики шартнома сохибони консепсия хукук доштанд, заминхои дехкононро кашида гиранд ва онхоро аз худуди консепсияхо ронанд. Дар консепсияхо асосан дехконони безамин ва камзамин кор мекарданд. Саршавии чанги чахони амалиёти консепсиядоронро суст кард.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222