Баъд аз сари Шохмурод писараш Хайдар (1800-1826) ба тахти салтанати Бухоро нишаст. Мувофики маълумоти сарчашмахо, Хайдар аксарияти вакти худро ба мутолиаи асархои фикх ва муношахо сарф мекард. у худро «уламои замон» пиндошт, дар мадрасаи арк ба дарсгуи машгул шуд. Албатта муллобачахоро ба дарси «амири донишманд» бо зарбаи чуб чамъ менамуданд. (Семёнов А.А. К вопросу о происхождении и составе узбеков Шайбонихана – Материалы по истории таджиков и узбеков Средней Азии «Сб. статей.» вып. 1.-Сталинабад, 1954.- С.3).
Амир Хайдар Куръонро сар то по аз ёд карда бошад хам, хеч гох, зохиди риёзаткаш набуд. Аз сад канизи харамсарои худ якеро интихоб намуда, хар мох хамсарашро иваз мекард. Аз чумла пиразанхои кордида ба хар гаву канори мамлакат фиристода мешуданд, то ки духтарони сохибчамолро пайдо карда, ба хидмати амир оваранд. (Гафуров Б. Точикон.-Ч.п. -С. 94).
Дар чодаи сиёсати хоричи амир Хайдар дар солхои аввали салтанати худ ба баъзе комёбихо ноил гардид. Ба Хева зарба зада, аз ин чониб хавфи хучум бартараф карда шуд. Мубориза бо хони Куканд ва хокими Шахрисабз хеле тулони буд. Дар мубориза барои Уротеппа галаба карда, Чиззах ва саргахи Зарафшон ба каламрави Бухоро хамрох карда шуданд. Ба тарафи Хисор лашкар кашида, дар ин чо падараруси худро хоким таъин кард.
Бо хамаи ин кушишхо амир Хайдар натавонист, ки хокимияти худро мустахкам намояд. Уламо ва ашроф нисбат ба амир муносибати душманона доштанд. у сиёсати падарашро дар рохи марказонидани давлат идома дода натавонист. Лашкаркашихои зиёд ба мукобили феодалони исёнкор ва хамсояхои хусуматпарвар харочоти давлатиро зиёд карданд. Харочоти хазина нисбат ба даромади давлат ду баробар зиёдтар шуд. Норозигии табакахои гуногуни чамъият торафт меафзуд. Шуриши Хитой – Кипчокхо
(солхои 1821-1825) дар водии Мингол аломати зиёд шудани норозигии чамъияти буд.
Баъд аз вафоти амир Хайдар писараш Насрулло (18261860) ба тахти аморати Бухоро сохиб гардид. Насрулло бародари худро ба катл расонида ба тахт нишаст. Дар як мохи салтанаташ рузе аз 50 то 100 нафаро ба катл мерасонид. (Семенов А. А. К вопросу происхождение и составе узбеков.-С. 3).
Дар давраи амир Насарулло бо максади мустахкам кардани хокимияти давлати як катор ислохотхо гузаронида шуданд. Шахсоне, ки андаке норозигни мекарданд онхоро ё мекуштандваё бадарга мекарданд. ДаринбораН. К. Хаников менависад: Рахмонберди махсуми туркман аз тарафи амир ба мансаби Раис (муофии расму одат ва ба тартиб дароварандаи низоми тарозу) таъин шуда буд, ки дар решакан кардани феодализми Бухоро ёвари амир буд. у авомро бо зарби чубу чазо ва дуову ибодат мачбур мекард, ки сипохиён ё тобеъ шаванд ё гурехта чон ба саломат баранд. (Хаников Н.В. Описание Бухарского ханства.- СПб.-С.231).
Ислохоти сохаи харби дар мустахкм намудани хокимияти давлати ва баланд гаштанн кобилияти мудофиавии мамлакат сахми босазо бозид.
Ислохот соли 1837 гузаронида шуд. То ислохот кушун аз ду кисм: нукархо, ки бидуни мухлат хизмат мекарданд ва карачирикдо-фавчи гайри мунтазам иборат буд.
Навкарон аз хисоби худ ярокнок шуда, барои хизматашон аз давлат музди пули ва моли мегирифтанд. Шумораи онхо кам буд. карачирикдо дар вакти зарури аз байни ахоли даъват карда мешуданд.
Баъд аз ислохот лашкари доими ташкил дода шуд ва кисмхои пиёдагард ба вучуд омаданд. Кисмхои харбии аморат пуркувват гаштанд. Либоси махсуси низоми чори карда шуд. Сарбозони амир куртаи сурх, шимми сафед ва телпаки эрони мепушиданд. Хар як сарбоз милтики найзадор, шамшер ва тапонча дошт. Ба сифати мушовирон дар кушуни амир, асирони рус хизмат мекарданд. Дар баробари ин кисмхои тупчиён низ дар аморат ташкил карда шуданд.
Сарбозон бо оилахояшон дар хонахои махсус (казармахо) зиндаги мекарданд. Мохе се суми нукра аз хазина маош мегирифтанд. Саворагон дар хонахои худ мезистанд ва дар вакти зарури ба ихтиёри лашкарбоши хозир мешуданд. Соли 1856 амир Бухоро 13 хазор сарбоз дошт. (Шукуров С., Рахматуллоев А. Таърихи халки точик.- С.192- 193); Тухтаметов Т.Т. История таджикского народа в первой половине в XVIII (Учебное пособие).- Душанбе, 1991.- С.17- 20).
Амир Насрулло кисмхои калони харбии мунтазам амалкунандаро ташкил дод. Асоси кушунро асирони рус, форсхо ва гайра ташкил медоданд. Микдори сарбозон ба 800 нафар, кисмхои тупчийн ба 150 нафар расонида шуд. Либоси махсуси низоми чори карда шуд. Сарбозон бо туфангхо ва тупчиён бошанд бо тапончахо ва шамшери руси мусаллах буданд. Сарбозон дар хонахои махсус зиндаги карда, хамеша омодаи чанг буданд. Сарбозон ва афсарон аз давлат мохона мегирифтанд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …