Главная / Илм / ВАЗЪИ СИЁСИИ ТОЧИКИСТОН БАЪДИ ИНКИЛОБ

ВАЗЪИ СИЁСИИ ТОЧИКИСТОН БАЪДИ ИНКИЛОБ

Баъди сарнагун намудани амири Бухоро ва ба Афонистон фирор кардани у дар каламрави Точикистони имруза дар байни куввахои инкилоби ва аксулинкилоби муборизаи шадид сар шуд. Дар таърих ин харакат бо номи босмачигари маълум мебошад. Ба харакати зиддиинкилобй амалдорони амир, бойхо ва гуруххои зидди шурави хамрох шуданд. Онхо дар амал тарафдори баркарор намудани сохти пештара буда, шаклан ба ин харакат характери милли- озодихохи дода ва як кисми ахолии камбаалро аз кафои худ мебурданд.
Дар солхои охир нисбати чанги дохилии солхои 19211926 фикру андешахои мухталиф пайдо шуданд. Як кисми мухаккикон хамаи онхое, ки ба мукобили сохти нав мубориза мебурданд, кувваи мучохиддин меномиданд. Ин масъала хело мухим аст ва тадкикоти хаматарафа талаб мекунад.
Дар навбати аввал кобили кайд аст, ки вазъи иктисоди, ичтимои ва сиёсии Бухорои Шарки нисбати минтакахои дигар кулан фарк дошт. Масалан, дар кисмати Гарбии Бухоро кисми зиёди ахоли ба тагйир ёфтани хокимият бетарафона рафтор намуда бошанд, дар Шарки он баръакс. Дохилшавии кисмхои экспедитсионии Хисорро мардум хамчун истилои ачнабиён кабул намуданд. Сабаб дар чи буд?.
Сохтори нави Шуравиро собик намояндагони синфхои хукмрон, ки аз хокимият махрум гардида буданд, чашми дидан надоштанд. Баъди барпо шудани хокимияти Шурави аз тамоми канорахои Осиёи Миёна куввахои аксулинкилоби дар Бухорои Шарки чамъ омада, онро ба маркази муборизаи зидди Шурави табдил доданд. Кисми зиёди ахолии Бухорои Шаркиро дехконон ташкил медоданд, ки аз чихати сиёси обутоб наёфта буданд. Мутаасифона хокимияти шурави дар рафти гузаронидани тадбирхои сиёси, иктисоди ва ичтимои ба камбудихои чидди рох дод. Масалан, боигарии дехдонони миёнахол ва косибонро низ кашида гирифт. Ин сабаб шуд, ки як кисми ахоли ба куввахои зидди Шурави хамрох шуданд.
Камбагалон бо ду рох, ба воситаи зури зери фишори дини ва дар баъзе мавридхо бо сабаби паст будани шуури сиёси ба босмачихо хамрох мегардиданд.
Босмачиён (калимаи турки-босмак хамлакуни) зери идеологияи исломпарасти амал мекарданд. Амалиёти онхо терроисти буд. Солхои 1918-1920 дар нохияхои Шимолии Точикистон ба харакати босмачиён Лахадмахсум, Холбута, Асрорхон, Насратшох, Хомид, сарвари менамуданд.
Барои бартараф намудани харакати босмачигари бо карори туркбюрои КМРКП (б) аз 17 ноябри соли 1921 комиссияи фавкуллодаи муборизаи зидди босмачиён дар Хучанд ва Уротеппа ташкил ёфтанд. Бо ташаббуси хизбиён дастахои ихтиёри аз хисоби ахолии махали ташкил карда мешуданд. Ба ин дастахо Чура Зокиров, Хайдар Усмонов, Бобобек Мавлонбеков ва дигарон рохбари мекарданд. Нисбат ба нохияхои дигар дар Мастчох босмачигари дертар давом кард. Чунки баъди шикаст додани босмачиёни Водии Фаргона тамоми аксулинкилобчиён ба Масчох омаданд.
Дар Бухорои Шарки дастахои мусаллах бо рохбарии Иброхимбек, Давлатмандби, эшони Султон, Фузайл-махсум, Рахмондодхох, Дониёр, Хурамбек ва дигарон амал
мекарданд. Ба ин дастахо амири фирори карда аз Афгонистон рохбари намуда, онхоро бояроку аслиха таъмин мекард.
Ба куввахои аксулинкилоби дастнишондодхои хоричи кумак мерасонданд. Масалан, Анварпошо (собик вазири харбии Туркия) бо 27 нафар мушовирони харбии турк ба Куронтеппа омада, баъдтар бо дастгирии амир Олимхон сарфармондехи тамоми куввахои аксулинкилоби дар Точикистон таъйин гардид.
Дастахои босмачиёнро баъзе ходимони маъруфи-сиёси, ки бо рохи гуногун ба органхои давлатии шурави рох ёфта буданд, дастгири мекарданд. Масалан, Усмонхоча Пулодхочаев раиси КИМ – и Бухоро бо 600 нафар босмачиёнро либоси низоми шурави пушонда, мохи декабри соли 1921 бо максади табадуллоти давлати ба Душанбе овард.
Чунин сабабхо буданд, ки чанги дохили дар Точикистон кашол меёфт. Хукумати Шурави дар баробари амалиёти чанги бар зидди босмачиён дар байни ахоли корхои зиёди фахмондадихи мебурд. Дар натича аксари ахоли аз босмачиён ру гардонда ба хаёти осоишта гузаштанд.
Хамин тавр хокимияти Шурохо дар тамоми Осиёи Миёна устувор гардид. Дар натича нооромихои сиёси, ки тахминан 7-сол давом карданд, хазорхо нафар одамони осоишта курбон шуданд ва зиёда аз ним миллион нафар аз ватан фирор карданд. Ба иктисодиёти хароби хочагии халк зарари калони молияви расонда шуд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222