Главная / Илм / Вафоти Имом Шофеъи (р)

Вафоти Имом Шофеъи (р)

Имом Шофеъи дар Миср мариз шуданд ва бемории у бисёр шадид буд, то хадде, ки Юнус ибни Аъло мегуяд: «Касеро надидаам, ки мисли Шофеъи мариз шуда бошад».
Музани, ки яке аз шогирдони у мебошад, ба аёдати вай рафта ва суол мекунад: «Чи гуна шабро ба субх расонидаед?». Имом Шофеъи гуфтанд: «Дар холе шабро ба субх расонидаам, ки тарккунандаи дунё ва дустон, чашанда аз чоми марг ва раванда ба дидори Худованд чалла зикруху мебошам. Савганд ба Худованд, намедонам оё рухам ба суи бихишт парвоз мекунад то уро табрик бигуям, ё ба суи чаханнам то уро азо гуям». Пас гиря карданд ва ин шеърро суруданд:
Ва ламмо касо калби ва зокат мазохиби,
Таъозамани занби, фаламмо карантуху.
Ва мо зилта зо ъафвин аниз-занби лам тазал,
Чаъалтур-рачо минни лиъафвика сулламо.
Биъафвика Рабби кона ъафвука аъзамо,
Тачуду ва таъфу миннатан ва такаррумо.
Рабиъ ибни Сулаймон мегуяд: «Имом Шофеъи дар шаби чумъа баъд аз намози хуфтан дар охирин руз аз мохи Рачаби соли 204-уми хичрии камари дар синни 54-солаги вафот ёфт ва дар рузи чумъа дафн карда шуд».
Худованд аз ин имоми бузургвор рози бод ва уро дар бихишт хамрох бо паёмбарону сиддикин ва шухадову солихин карор дихад.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222