Хамчунон ки аз суханхои дар боло зикршуда ба мо маълум шуд, бандаи мусулмон бояд хар вакт ба воситаи намоз ва зикру дуо бо Парвардигори худ дар иртибот бошад, хар кадар ин амалхои некро бештар анчом дод, хамон кадар робитаи у бо Офаридгораш мустахкамтар мешавад. Аммо аз бархе ривоятхо чунин бармеояд, ки барои пазириши дуо вактхои махсусе низ хаст, ки ба тартиби зайланд:
⦁ Дуои баъди намозхои панчвакта
Дар ривояте аз хазрати Абуумома (р) омадааст, ки мефармояд: Паёмбар (с) аз вактхое, ки бештар умеди кабули дуост, пурсида шуд. Паёмбар (с) фармуданд:
«Охири шаб ва баъд аз намозхои фарзи».
Хазрати Каъб ибни Учра (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) фармуданд:
«Калимахое, ки гуянда ва ичрокунандаи он баъд аз хар намози фарз пушаймон (аз савоб махрум) намешавад: Сию се бор «субхоналлох», сию се бор «алхамдулиллох» ва сию чор бор «Аллоху акбар» мебошад.
⦁ Дуои шаб
Хазрати Чобир (р) дар хадисе ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) фармуданд:
«Якинан шаб вакти махсусе дорад, ки хар мусулмон дар он вакт хубихои дунёву охиратро аз Худованд бипурсад, хатман Худованд ба у медихад. Он вактест, ки дар тамоми шабхо ёфт мешавад».
Дар ривояти мазкур вакти махсуси кабули дуо таъйин нашудааст, хикматаш дар он аст, ки бандаи мусалмон хар вакти шаб, ки бедор шуд онро ганимат шуморида, ба дуо бипардозад ва бо Парвардигори худ розу ниёз кунад.
Дар ривояте фазилати охири шаб баён шудааст, ки вакти пурбаракат ва ичобати дуост. Хазрати Абухурайра (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) фармуданд:
«Парвардигор хар шаб дар сеяки ахири шаб ба осмони дунё фуруд меояд (яъне рахмати худро сарозер мекунад) ва мефармояд: Оё дуокунандае хаст, ки дуои уро кабул кунам? Оё касе хаст, ки аз Ман чизе металабад, ба у ато кунам? Оё касе хаст, ки аз Ман магфират мехохад, то уро магфират кунам?».
⦁ Дуои рузи чумъа
Дар рузи чумъа низ вактхои муайян мавчуд аст, ки дуо дар он ичобат мешавад. Хазрати Абухурайра (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) фармуданд:
«Якинан дар рузи чумъа вактест, ки кадом бандаи мусалмоне дар он аз Худованд чи хайре талаб кунад, ба у дода мешавад».
Аз хадиси мазкур фазилат ва ваъдаи кабули дуо дар рузи чумъа маълум мешавад ва хадисшиносон бо такя ба дигар ривоёт ду вактро нишон медиханд.
а) Хангоми нишастани имом байни ду хутба то охири намоз, мутобики ривояти хазрати Абубурда ибни Абумусо (р).
б) Аз намози аср то гуруби офтоб, мутобик ба ривояти хазрати Абухурайра (р).
⦁ Дуои байни азон ва икомат
Байни азон ва икомат низ вакти кабули дуост. Хазрати Анас ибни Молик (р) аз Паёмбар (с) ривоят мекунад:
«Байни азон ва икомат дуо кабул мегардад, пас дуо кунед».
⦁ Дуо дар холати сачда
Сачда холатест, ки банда дар он ба фазлу рахмати илохи наздиктар мешавад. Пас дар холати сачда дуо кардан яке аз вактхои кабулияти дуост. Хазрати Абухурайра (р) аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки фармуданд:
«Банда дар холати сачда ба (рахмати) Парвардигори хеш наздиктар мебошад, пас дар холати сачда дуоро бештар кунед».
Эзох: Мутобики мазхаби ханафи намозгузор метавонад аз дуохое, ки дар холати сачда хонда мешаванд, дар суннатхо ва намозхои нафли, инчунин дар намози фарз, агар онро танхо бихонад, истифода кунад. Аммо намозе, ки бо чамоат адо мешавад, имом бояд холи намозгузоронро риоя карда, онро сабук хонад.
⦁ Дуо дар вакти нушидани оби Замзам
Дар холати нушидани оби Замзам дуо кардан низ аз вактхои ичобати дуост. Хазрати Чобир (р) ривоят мекунад.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …