Садакаи Фитр бо дамидани субхи рузи иди Фитр вочиб мегардад ва мустахаб аст, ки пеш аз рафтан ба намозгох пардохта шавад. Нофеъ аз Абдуллох ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки: «Расули Худо (с) моро ба пардохтани закоти Фитр пеш аз баромадани мардум ба намоз амр намуд. Ва худи Абдуллох як ё ду руз пеш аз ид онро пардохт мекард». Агар кабл аз рузи иди Фитр онро пардохт намояд, чоиз аст ва агар онро аз рузи ид ба таъхир андозад, аз зиммааш сокит намешавад. Хатман, онро бояд пардохт намояд. Садакаи Фитр бар хама, хох руза гирифта бошад, ё нагирифта бошад, вочиб аст. Мустахиккони садакаи Фитр хамон шахсони мустахикки закот хастанд. Яъне ба хар касе закот дода мешуд, садакаи Фитр низ ба хамонхо дода мешавад. Садакаи Фитр дар хамон чое, ки худи инсон дар рузи ид буда бошад, бароварда мешавад. Аз Мухаммад ибни Хасан (рх) ривоят шудааст, ки закоти мол дар он чое, ки мол аст, бароварда мешавад ва закоти Фитр дар он чое, ки сохиби мол аст. Зеро садакаи Фитр аксаран ба сурати галлаги ва маводи хуроквори бароварда мешавад ва интиколи он ба чои дигар харочот ва вакти зиёдро талаб мекунад ва шояд боиси фавт гардидани он аз вакташ шавад. Ба чуз мавридхои истисноие, ки дар боби интиколи закот ба чои дигар зикр шудаанд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …