Дар «Панчкитоби Мусо» сарчашмаи яхудия, пеш аз хама дар китоби дуюм «Хуруч- беруномадан» ва сеюм «Аъдод» маълумоти муфассал дар бораи зиндагии Мусо дода шудааст. Ногуфта намонад, ки дар сарчашмахои исломи, дар Куръон ва «Кисас-ул- анбиё», низ дар бораи Мусо матолиби зиёде, ба шакли достон ва ривоятхои то ба мо омада.[1]
Мувофики ривояти Таврот Мусо дар Миср таваллуд мешавад. Модари Мусо, азбаски фиръавни Миср чихати пешгири аз афзудани насли Бани Исроил фармуда буд, хар писарбачае, ки аз ахли яхуд таваллуд шуда, кушта шавад, аз тарс уро ба сандук андохта, ба оби сохили камишзори дарё меандозад, хохараш, ки аз паси сандук менигарист, мебинад, ки кудак ба дасти духтари Фиръавн меафтад ва бо хидояти хамон хохараш духтари фиръавн Мусоро барои шир додан ва парвариш боз ба дасти модараш месупорад.
Алкисса, Мусо дар хонадони фиръавн бузург мешавад ва вазъи токатфарсои бани Исроилро мушохида мекунад. Дар чавони рузе хангоми химоя аз як яхуди Мусо бо зарбае як кибти (мисри)-ро мекушад. Пас аз ин ходиса Мусо аз тарси мучозоти фиръавн ба сарзамини Мадёно (Мадиан) фирор мекунад. Ончо дар хизмати як рухоние бо номи Йитру(Иофар) чупони карда, ба духтари у хонадор мешавад.
Баъди чанд сол рузе, вакто ки у гусфанд мечаронд, фариштаи Худованд аз миёни оташи буттае, ки фурузон буд ба у зохир гардид. У мебинад, ки буттае бо оташ фурузон аст, валекин он хорбутта намесузад. Мусо ба он буттаи фурузон мехохад наздик шавад. Аммо Худо уро нигох дошта мефармояд, ки кафшхояшро берун кунад, чунки ба замини мукаддас пой мегузорад. Хамон чо Худо ба Мусо бо гуфтани он, ки «Ман Худои падарат, Худои Иброхим, Худои Исхок, Худои Яъкуб хастам», худро ошкор мекунад.
Худо мегуяд: «Азоби кавми Худоро (мувофики акидаи яхудиён онхо ягона кавми баргузидаи Худоянд А.Ш.) дар Миср дидам, ва фигони онхоро аз дасти золимонашон шунидам, ба тавре ки дарду озори онхоро медонам..» Пас Худо ба Мусо мефармояд , ки у хамрохи бародараш Хорун назди фиръавн рафта, бани Исроилро аз гуломи рахо дихад ва аз Миср берун орад. \Хуруч.3: 1-14\
Дар Миср Мусо ва Хорун бисёр мекушанд ва муъчизахо нишон медиханд, то фиръавн бани Исроилро ичозат дихад ба сахро чихати ибодати худои худ раванд. Аммо фиръавн ба хеч вачхе рози намешавад. Он гох Мусо ва Хорун дар фурсати муносибе, вакто ки Худо чони нахустфарзанди мисриёнро гирифта буд ва хама мисриён дар сугворию таъзия буданд, бани Исроилро аз Миср берун оварда, ру ба фирор менихад. Вакто фиръавн аз ин вокеъа огохи ёфта, онхоро бо лашкари азиме таъкиб мекунад, Мусо бани Исроилро аз каъри бахри сиёх ба воситаи-бо муъчиза рох кушода, ба хушки мегузаронад ва хангоме, ки лашкари фиръавн аз паси банни исроил ба каъри бахр таъкиб кунон медарояд, Мусо боз оби бахри дуним шударо ба холати аввал бармегардонад ва тамоми лашкари фиръавн халок мешаванд. Чунин аст киссаи беруномадани бани Исроил аз Миср. Хулоса, баъд аз хуруч аз Миср Мусо банни исроилро зарфи чихил сол то ба водии Канъон мерасонад.
Бузургтарин амале, ки Мусо дар ин сафар кард, гуфтушуниди у дар домани кухи Сино бо Худо мебошад. Аз хамин чо лакаби Мусои дар ислом «Калим»-сухангу аст. Худо ахду паймон ва авомири Худро ба Мусо амр мекунад. Ин муколима чихил руз тул мекашад, дар ин муддат кавми Мусо гусолапарасти ихтиёр мекунанд. Аарон (Хорун) аз тилло бути гусолаеро месозад ва бани Исроил ба он курбонихо меорад.[2]
Дастури илохи, ки Мусо гирифт, дар ду лавхаи сангин навишта шуда буд, ки дар Таврот баъдан бо номи «ахкоми дахгона» ворид ва хамчунин бо номи « конуни мусови», «фароизи сино» маъруфанд.(Хуруч. 20: 1-23).
Хулоса, пас аз чихил соли берун омадан аз Миср пеш аз вуруд ва забти Канъон ва сарзамини Фаластини имруза (Филистия), Мусо вафот мекунад.
Давраи фатхи Канъон (худуди аср.ХШ-ХП п.м.) ва муборизоти байникабилави солхои 1200-1025 т.м. давом мекунад.
Ногуфта намонад, ки як кисм олимон ба вокеъият доштани асорати Миср ва бо пешвоии Мусо берун омадани бани Исроил аз он, шакку шубха доранд.[3]
Таърихи аниктари иброниён баъд аз Мусо огоз мешавад, ки онро ба ду давра таксим кардан мумкин аст: ин давраи бунёди маъбадаи аввал (1050-587\6 т.м.) ё худ давраи то асорати Бобил ва давраи бунёди маъбадаи дуюм (539т.м.-70м.)- пас аз бозгашт аз асорати Бобил аст. Ин чо дар назар маъбад ибодатгохи яхудиён дар Иерусалим аст.
Давраи аввал, бо истилои Канъон огоз мешавад. Аз ривоёт ва сарчашмахо чунин бар меояд, ки тасарруфи бани Исроил ба хоки Канъон як замони тулониро дар бар мегирад. Канъониён , ки шахрхои дорои хисор ва иншооти дифоъи доштаанд, ба истилогарони бани исроил муковимати сахт нишон медодаанд. Банни исроил бо хунрезихову харобихои зиёде муваффак ба забти ин сарзамин гаштаанд. Ин ходиса худуди асрхои Х1-Х то мелод сурат гирифтааст. Маъруфтарин хокимони ин давраи Яхуд Довуд(1013-973) ва Сулаймон мебошанд.
Дини яхудия дар ин бархурд бо дину ойинхои канъониён муддате зери таъсири он карор мегирад.Одатхо ва маросимхои канъониён дар ин давра ба дини яхуди таъсири муайяне мегузаранд. Масалан, онхо низ мисли канъониён тимсоли модаговро, дар ибодатгоххои худ мегузоштаанд ва онро тимсол ва рамзи Яхво мешумориданд. Шояд баъди мавти Мусо дини тавхидии у бо хуруфот ва оинхои натуралистии махалли олуда мегардад. Баъдтар, мо дар давраи пайгамбароини баъди ислохи дини мусавиро мебинем. Дар ин давра набиён: Илёс ва Алиша, Омуси Наби, Хушаи Наби, Ишаёъи Наби, Микои Наби, Ирмиё Наби ва гайра зухур кардаанд, ва кушидаанд, ки дини Мусоро аз олоишот махфуз доранд ва онро таблигу ташвик намоянд.
Давраидуюм, асорати Бобилва пас аз онро дар бар мегирад. Дар ибтидои асри VI пеш аз мелод давлати яхудиён ру ба инкироз нихода, мавриди тохту тозхои кавмхои хамсоя карор мегирад. Нихоят, дар соли 597 т.м. шохи Бобил Навуходоносар (Бухтуннаср) ба яхудиёнхучуммекунад, баъд аз се мох муковимат, Урушалим таслим мешавад. Бобилиён подшохи яхудиён Яхвиё-кийамро асир карда, маъбади Сулаймонро горат намуда, дах хазор тан аз начибон ва аъён ва ахли касбу хунар ва мардони корию чанговарро ба асорат мебаранд.
Лашкари Навхудоносор ба Исроил хучум карда, маркази мукаддаси он Маъбадаи Сулаймон хароб ва «тобути мисок» ба кулли аз миён меравад ва ному нишоне намемонад. Писарони подшохи яхудияро куштанд ва худашро кур карданд. Тамоми сокинони шахри Урушалимро ба асорат бурданд. Кисме аз яхудиён ба Миср фирор карда, дар он чо икомат ихтиёр кардаанд. Ин вокеа дар таърихи миллати Яхуд зарбаи хавлноке буд.[4]
Баргашти Яхудиён ба Урушалим ба шарофати галабаи шоханшохи Эрон Круши Кабир бар Бобил дар соли 538 т.м. муяссар мегардад. Куруши Кабир баъд аз фатхи Бобил онро пойтахти империяи пахновари худ, ки аз водии Синд то шахрхои сохилии Юнон тул кашида буд, карор медихад. Круш яхудиёни дар асорати Бобил бударо ичозати баргашт ба ватани худ дод. Аксар аз ин барои бозсозии Урушалим( Иерусалим) ва маъбади он дасти ёри дароз мекунад ва гурухи махсуси сарбозону одамонро мефиристонад.
Хусусияти мухимми ин давра аз он иборат аст, ки холату вазъияти табъид ва гурбат аз ватани асли, дар Миср, Бобил ва гайра накши канисахо (синагогхо)–ро дар дини яхудия зиёд мегардонад. Канисахо барои он яхудиёни мухочир (диаспор) ягона восита ва маркази иртиботу пайванд бо забону дину мазхаб ва ягона омили хифзи обшинахо, чамъиятхои яхудия берун аз ватанашон буда.
Хусусияти дигари ин давра дар он аст, ки дар асорати Бобил дини яхудия аз бисёр чихат бо таъсири динхои ин минтака, алалхусус, динхои эрони дучор шуда, рушду такомул ёфт. Баъди асорати Бобил мо дар дини яхудия як катор унсурхо ва тасаввуроти мухимми диниро пайдо мекунем, ки дар шакли комилашон дар «Панчкитоб»–и Мусо вучуд надоштанд. Он хам бошад пеш аз хама тасаввурот дар бораи кувваи баду зиёнкор– шайтон (зери таъсири пиндори зардушти – Ахриман), хаёти пас аз марги, чаннат ва дузах, тасаввурот оид ба малоик, ва гайра мебошанд.
Давраи навин дар таърихи Яхудия аз замони истилои Искандари Макдуни 332 т.м. огоз мешавад, ки таъсири тамаддуни юнони– хелинизмро ба думбол доштааст.
[1] Вале бояд дар назар гирифт, ки маълумоти сарчашмахои исломи на хама вакт бо асл мувофикат мекунанд, дар онхо баъзан ихтилоф бо асл дида мешавад.
[2] Тибки ахбори Куръон ва «Кисас-ул-анбиё» он шахс Сомиро ном дошта ва ин образ дар адабиёти классики васеъ истифода шудааст: Аз чумла Хофизи Шерози мефармояд:
Он хама шуъбадахо акл, ки мекард он чо, Сомири пеши асову яди байзо мекард.
[3] Ниг, Л. С, Васильев. История религии Востока (религиозно—культурные традиции и общество) : Учеб. пос. М. Высш шк., 1983.- С. 69.
[4] Муф. ниг. Иосиф Фалавий. Иудейские древности. Т.2.—Минск: Белорусь, 1994-.-С.22-25.