Главная / Илм / Зарбулмасалхои хоричи –чахони (Ветнами)

Зарбулмасалхои хоричи –чахони (Ветнами)

  1. Тарбузро зог нул заду лаклакро чазо доданд.
  2. Аспро дар сафари дур меозмоянд.
  3. Одами зиштру кушиш мекунад, зебо намояд; аблах кушиш мекунад, ки суханхои окилона гуяд.
  4. Шахси сарватманд кар асту шахси машхур – кур.
  5. Ба киштии калон – мавчхои калон.
  6. Дар вакти хашм рост кач менамояду дар мухаббат кач рост метобад.
  7. Хурсандии барзиёд гаму кулфатро ба вучуд.
  8. Агар пурсида олу гирифти, ба ивазаш шафтолу баргардон.
  9. Шароб ба дарун медарояд – суханхо ба берун мебароянд.
  10. Захри одам ба захри дах мор баробар аст.
  11. Хамаи гамхо фаромуш мешаванд, хамаи бадбахтихо мегузаранд.
  12. Хама кор дар аввал мушкил аст.
  13. Аз дарвозаи бошукух кабул карду ба дари пинхони гусел кард.
  14. Ба партофтан – афсус, ба гузоштан халал мерасонад.
  15. Чароги баланд дурро хам равшан мекунад.
  16. Чое, ки акл ба охир мерасад, чахолат сар мешавад.
  17. Чое, ки об лой аст, он чо лаклакхои фарбех хастанд.
  18. Чое, ки гул хаст, он чо шапалакхо хам хастанд.
  19. Чахолат дар як дакика мехнати сесолаи хирадмандро барбод медихад.
  20. Рохе, ки боре дар он як коса биринчи хуб дода буданд, фаромуш намешавад.
  21. Агар бисёр хури, таъмро гум мекуни, агар бисёр харф зани, суханхои окилонаро гум мекуни.
  22. Агар оби сарчашма лой бошад, оби дарё хам тира аст.
  23. Агар ба сафар баромади, аз ними рох барнагард.
  24. Агар парранда аз кафас парида рафта бошад, умед макун, ки бармегардад.
  25. Зану шавхар – ду чубчаи хурокхури.
  26. Агар медони, бигуй, агар намедони, гуш кун.
  27. Дар чангал хам пайраха хаст.
  28. Чун дар зери бодбон мерави, ба самти бод ахамият дех.
  29. Аз тур гурехта ба чангак афтод.
  30. Эхтироми барзиёд ба тарс мубаддал мешавад.
  31. Баъзан мурчахо мохиро мехуранд, гохе мохи мурчахоро.
  32. Бахшидани гуноххо кахрамони аст.
  33. Куфл чи гуна, калид намуна.
  34. Вакте ки бемор шави, ба худ афсус мехури, аммо вакте ки шифо ёфти, ба пули сарфшуда афсус мехури.
  35. Вакте ки хурсанди, мехохи, ки умри дароз бини, аммо вакте ки гамгини, пагох мурдан мехохи.
  36. Вакте ки мева хурди, аз дарахтшинон ёд кун.
  37. Вакте ки ба мор хуш аст, ба курбокка бад аст.
  38. Вакте ки асал хамрох куни, хама чиз ширин мешавад.
  39. То вакте ки ин чои, туро носазо мегуянд, аммо хамин ки рафти, афсуси туро мехуранд.
  40. Агар зиндагии бовичдонона куни, хар гуна бадбахти мегузарад.
  41. Зебоии ботин бехтар аз зебоии руй аст.
  42. Касе, ки баланд хандад, у баланд гиря хохад кард.
  43. Касе, ки шабхо дер хобаш мебарад, кадри шабхои дарозро медонад.
  44. Мохии аздастрафта хамеша калон менамояд.
  45. Алафи бегонаро мекани, бехтараш аз решааш бикан.
  46. Бо чамъият мурдан бехтар аст аз танхо зистан.
  47. Решай бисёр – барги бисёр.
  48. Аз бемори халос шудан мумкин асту аз такдир не.
  49. Акли чавон мисли абрчаест, ки шамол мебарад.
  50. Дар як асп ду зин намегузоранд.
  51. Аз хонаи танг не, аз дили танг битарс.
  52. Агар бадбахти намебуд, кахрамон пайдо намешуд.
  53. Хатои касро донотар мекунад.
  54. Рохи бозгашт хамеша кутох менамояд.
  55. Дарахти ростро сояаш хам рост аст.
  56. Раккоси бехунар заминро нохамвор мегуяд.
  57. Каду кошта, шафтолуро интизор машав.
  58. Сухани хак монанди дору аст, ки аксаран талханд, аммо шифобахш.
  59. Пеш сухан гуфтан хафт маротиба забонро ругардон кун.
  60. Дар ишки калон азият бисёр аст.
  61. Одами зур кувватро ба кор мебараду камзур – хиларо.
  62. Садхо маслихат ду дасти ботачрибаро иваз карда наметавонанд.
  63. Дарахти хуб буриду ба чояш дарахти хушкро шинонд.
  64. Гаркшуда ба хубобчахо низ даст мезанад.
  65. Се занак – чор гайбатчи.
  66. Одами доно зуд пир мешавад.

 

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222