Главная / Илм / Зикру дуохои баъди намоз

Зикру дуохои баъди намоз

Аз Паёмбар (с) зикру дуохои зиёде ривоят шудааст, ки онхоро баъд аз салом додан аз намоз хондааст. Пас, суннат аст, ки намозгузор баъд аз намоз дар дуохои худ аз онхо истифода кунад. Холо чанде аз онхоро ба хонандагон пешкаш мекунем.
Хазрати Савбон (р) мефармояд: «Чун Паёмбар (с) намозашро мехонд, се бор истигфор мекард, сипас ин дуоро мехонд:images-2
«Аллохумма Анта-с-Салому ва минка-с-салому таборакта ё За-л-чалоли ва-л-икром».
«Худовандо! Ту Салом хасти ва саломати аз Туст ва баракати Ту фаровон аст. Ай Сохиби шукух ва бахшоиш».
Аз хазрати Муоз ибни Чабал (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) рузе дасти уро гирифта фармуд: «Ай Муоз, ба Худо касам туро дуст дорам. Ай Муоз, ба ту васият мекунам, ки ин дуоро баъд аз намоз тарк накуни:
«Аллохумма аъинни ъало зикрика ва шукрика ва хусни ъибодатика».
«Худовандо! Маро дар зикру шукрат кумак кун ва аз хусни ибодатат бахраварам соз».
Хазрати Варрод – котиби Мугира ибни Шуъба (р) ривоят мекунад, ки вакте Мугира ибни Шуъба (р) ба хазрати Муовия (р) китобе мефиристод, ба ман амр кард, то дар он бинависам, ки Паёмбар (с) баъд аз намози фарз ин дуоро мекард:
«Ло илоха иллаллоху вахдаху ло шарика лаху, лаху-л-мулку ва лаху-л-хамду ва хува ъало кулли шайъин Кадир. Аллохумма ло мониъа лимо аътайта ва ло муътия лимо манаъта ва ло янфаъу за-л-чадди минка-л-чадд».
«Нест маъбуде бархак ба чуз Аллох, У ягона аст, мулк ва ситоиш аз они Уст ва У бар хар чиз Тавоност. Худоё! Нест боздорандае ба он чи ато фармои ва нест дихандае аз он чи манъ фармои ва тавонгарро тавонгариаш назди Ту суд надихад».
Хазрати Зубайр (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) пас аз хар намоз ин дуоро мехонд:
«Ло илоха иллаллоху вахдаху ло шарика лаху, лаху-л-мулку ва лаху-л-хамду ва хува ъало кулли шайъин Кадир. Ло хавла ва ло куввата илло биллох. Ло илоха иллаллоху ва ло наъбуду илло ийёху лаху-н-ниъмату ва лаху-л-фазлу ва лаху-с-саноу-л-хасан. Ло илоха иллаллоху мухлисина лаху-д-дин ва лав кариха-л-кофирун».
«Нест маъбуде бархак ба чуз Аллох, ки ягона ва бешарик аст. Подшохи ва ситоиш Урост ва У бар хар коре Тавоност. Хеч тавонои ва кудрате (барои дури аз гунох ва пойдори бар тоату фармони Худо) нест, магар бо кумак ва ёрии Худо. Нест маъбуде бархак чуз Аллох, танхо Уро мепарастем ва Уст сохиби неъмату фазл ва ситоиши неку. Ба чуз Аллох маъбуде бархак нест, холисона дини Уро пайрави мекунем, агарчи кофирон инро нахоханду норохат шаванд».
Аз Абухурайра (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармуд:
«Шахсе баъд аз хар намоз сию се бор «Субхоналлох», сию се бор «Алхамду лиллох», сию се бор «Аллоху акбар» бигуяд ва сипас ин зикрро бихонад:
«Ло илоха иллаллоху вахдаху ло шарика лаху, лаху-л-мулку ва лаху-л-хамду юхйи ва юмиту ва хува ъало кулли шайъин Кадир»,
гунохони хурд ва ё сагираи у омурзида мешаванд, агарчи ба андозаи кафки дарё бошанд».
Аз Абдуллох ибни Амр (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармуд: «Ду хислат аст, ки хар кас онхоро пайваста анчом дихад, уро ба бихишт мебаранд. Онхо осон хастанд, вале камтар касе ба он амал мекунад». Сахобахо гуфтанд: «Онхо кадоманд, ай Паёмбар (с)?» Фармуд: «Он ки баъд аз хар намози фарз дах бор «Алхамду лиллох», дах бор «Аллоху Акбар», дах бор «Субхоналлох»-ро бигуяд ва чун ба хоб рафти, сад бор:
«Субхоналлох», «Алхамду лиллох», «Аллоху Акбар» гуи, ки хама (дар панч намози фарзи ва вакти хоб) ду саду панчох бор мешавад, вале аз назари подош ду хазору панчсад бор ба хисоб меояд. Кадом яке аз шумо дар як шабонаруз ду хазору панчсад амали ношоиста анчом медихад? Сахобагон гуфтанд: Чи гуна ба он кам амал мекунанд? Паёмбар (с) гуфт: «Шайтон ба хангоми намоз инсонро васваса мекунад ва ниёзхоро ба ёди у меорад, дар натича он зикрхоро намегуяд. Ба хангоми хоб низ уро васваса мекунад ва хоб уро фаро мегирад, дар натича онро намегуяд». Хазрати Абдуллох (р) мегуяд: «Ман Паёмбар (с)-ро дидам, ки он зикрхоро бо (ангуштони) дасти худ мешумурд».
Аз Умми Салама (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) хар гох намози субхро мехонд, ин дуоро мехонд:
«Аллохумма инни асъалука илман нофиъан ва амалан мутакаббалан ва ризкан таййибан».
«Худовандо! Аз Ту илми судманд ва амали макбул ва ризки халол мехохам».
Ин дуоро хар вакт хондан хуб аст.
Аз хазрати Саъд ибни Абуваккос (р) ривоят шудааст, ки у ба фарзандони худ дуохоеро меомухт, хамон гуна ки муаллим навомузонро китобат меомузонад ва мегуфт, ки Паёмбар (с) ба василаи ин дуохо баъди хар намоз панох мебурд:
«Аллохумма инни аъузу бика мина-л-чубни ва-л-бухли ва аъуза бика мин ан урадда ило арзали-л-ъумури ва аъузу бика мин фитнати-д-дунё ва аъузу бика мин фитнати-л-кабр».
«Худовандо! Аз бахилию тарсуи, аз бадтарин рузхои зиндаги (даврони пири), аз фитнаву ошуби дунё ва аз азоби кабр ба Ту панох мебарам».
Хазрати Укба ибни Омир (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) ба ман амр кард, ки баъд аз хар намоз муаввизатайн (сураи «Фалак» ва «Нос»)-ро бихонам.
Инчунин дар бораи фазилати хондани «Ояту-л-Курси» баъди хар намоз аз Паёмбар (с) хадис ривоят шудааст. Мутобики ривояти хазрати Али (р) хар кас баъд аз намози фарз «Ояту-л-Курси»-ро бихонад, то намози баъди дар хифзу панохи Худованд мемонад. Дар ривояти Абуумома (р) омадааст, ки шахсе баъди хар намоз «Ояту-л-Курси»-ро бихонад, баъд аз мурдан дохили чаннат мешавад.
«Аллохумма инни аъузу бика мина-л-чубни ва-л-бухли ва аъуза бика мин ан урадда ило арзали-л-ъумури ва аъузу бика мин фитнати-д-дунё ва аъузу бика мин фитнати-л-кабр».
«Худовандо! Аз бахилию тарсуи, аз бадтарин рузхои зиндаги (даврони пири), аз фитнаву ошуби дунё ва аз азоби кабр ба

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222