РУЧУИ ЧОРУМ
Таърихи пайдоиши шахри Хамадон дар зулмоти хазорсолахо нопадид мегардад. Хамадоние, ки як замон Экботон номида шудани Хамадонро медониста бошад, ба кудрат дарёфт мешавад. Шахри Экботон пойтахти мамлакати бузурги Мидиён буд. Шох Дорои Аввал аробасавор дар ин шахри асосии худ бисёр сайругашт мекард. Искандари машхур – сипахсолори беназири макдуни лашкари Дорои Савумро маглуб намуда, зимни хамлае Экботонро тахти тасарруф даровард. Ба ин васила ганчи нихону хазинаи гароне насиби Искандари Макдуни гардид. Ин вокеа соли 324-уми то эраи нав, хазору сесад сол мукаддам аз хаёти Абуали рух дода буд. Минбаъд Искандари Макдуни охирхои тобистон ва тамоми тирамохонро дар Экботон мегузаронд.
Мисгару кафшдузон ва хатибу козиёни чаласавод хар руз аз канори харобазори азим – деворахои фарох мегузаранд, аммо пай намебаранд, ки дар ин чой ибодатгохи муаззами Кухандиз (Арк), ки муаррихи замони кадим Херодот тасвираш намудааст, комат афрохта буд.
Вале рахгузарон пеши пой зада гузаштани шери кавипайкари сангинро дуст медоранд. Ин шер хазор сол боз дар болои мучассамапоя меистод. Аммо вакте ки бобову бобокалони Амир Шамс дар Хамадон салтанат меронданд, амр доданд, ки пайкара хамчун мучассамаи нодаркори бутпарасти яксони замин карда шавад. Дар хамон чой ин пайкара хазор соли дигарро хам бидуни гамхориву нигахбонй пушти сар мекунад. Ва он хама рохгузару бачагоне, ки барои дилхушй пайкараи сангинро пеши пой мезананд, намедонанд, ки баъди хазор соли барзиёд аз хаёти онхо Созмони мухофизати мучассамахои Эрон (соли 1909) ин шерро дар майдони махсусе бармегузорад.
Шамс боз ба юриш баромаданй буд.
у ба минтакаи кухистон, ки дар он чой шахри Кирмоншох вокеъ гардида буд, лашкар кашидан мехост. Ният дошт, ки хокими Кирмоншохро маглуб намуда, хазинаашро ба даст оварад ва аз хисоби он хазинаи тамоман холигаштаи худро пур кунад.
Ба Абуалй фармон дода буд, ки хамрохи Шамс озими сафар гардад.
– Ту табиби шахсии ман хастй ва то даме, ки зиндаам, дар хама чой хамрохи ман хохй буд! – борхо такрор менамуд Шамс.
Чанд руз пештар аз баромадани лашкар Шамс ба Абуалй гуфт:
– Дар хар чой гап аз донишмандии ту меравад. Шайхе аз Багдод омада буд, пурсид: магар рост аст, ки дар шахри шумо худи Ибни Сино, – «Хамон файласуфи бузург зиндагй мекунад?!». Ман гуфтам, ки рост. у духтури шахсии ман аст. Навакак ишками маро муоина карда буд…
– Бале, ман аз уламои Багдод чанд нома гирифтам ва худам низ ба онхо мактуб навиштам. Онхо навиштачоти маро хондаанд…
– Дар илми хайъат хам, албатта, сохибмаълумот будагистй? – пурсид Шамс.
Абуалй номафхумона сар чунбонд, зеро барои Шамсе, ки аз овони тифлй дар рухияи боварй ба танчим тарбият ёфтааст, бехудагии толеъбиниро собит намудан амри мухоле мебуд.
– Канй, як толеъро омода карда бибин, ки барои юриш вакти мусоид интихоб кардаам ё на?! Толеъбинони ман мегуянд, ки вакти бехтаринеро интихоб намудаам. Вале, ба хар хол, онхо хуккабозу кисабуронанд ва дар илми хайъат кам чизеро сарфахм мераванд! Акнун ману ту онхоро месанчем…
Шабона хамрохи Чурчонй сухбаткунон Абуалй ба сохтани толеъ пардохт. Чурчонй аз ин ба хайрат афтод, зеро медонист, ки устодаш хамеша ба холи толеъбинон механдид.
– Берунй хам барои Амир Кобус толеъ месохт, – гуфт Абуалй, – агарчи фарзиёти у доир ба харакати Замин дар атрофи Офтоб бо толеъбинй мувофикате надоштанд!
Толеъбинони дарбор аз ри ситорахо танхо муваффакият, музаффарият ва сарватёбиро пеший мекарданд.
Аммо Абуалй баръакс – бемуваффакиятй ва маглубиятро!
«Бидуни толеъбинй хам аён аст, ки Шамс мухорибаро хохад бохт, – аз фикр гузаронд Абуалй. – Кишвари ношиноси кухитон. Мардумонаш бакувват. Ва хатто Шамс барои муддати кутохе галаба ба даст оварад хам, аз он ба кй фоида хохад расид – ба лашкаркашони харис?! Оре, факат ба хамонхо! Харакат мекунам, ки Шамсро аз юриш боздорам», – карор дод Абуалй.
– Ту, албатта, табиби бехамто хастй! – гуфт Шамс, вакте ки Абуалй бо толеъ назди вай омад. -Файласуфи машхур хам хастй! Дар шеъру шоирй хам мохирй, ман дар базмхои худ инро нагз фахмидам. Аммо дар санъати танчим чизеро намефахмй! Бехуда мачбурат кардам, ки ба ин кор машгул шавй. Ин дафъа галаба насиби ман хохад шуд! Толеъбинони ман хам ин дафъа рости гапро гуфтанд! Вакте ки хамрохи сипохиёни ман вориди Кирмоншох мегардй, ту хам ба ин гуфтахо бовар хосил хохи кард!
Абуалй хомуш меистод.
– Чаро ту хомушй?! – изхори тааччуб намуд Шамс. – Наход ту фикр кунй, ки ман – сарлашкаре, ки дар боби санъати харбузарбаш бар аксои олам овозахо пахн гардидааст, – дар ин маврид Шамс ишками сиххатёфтаи худро мутакаббирона пеш баровард, – аз дасти кадом хокимчае шикаст хурам?! Ана, мебинй, вай дар пеши пойи ман сар хам хохад кард, ба зориву дуо рахму шафкати маро пурсон хохад шуд!
Абуалй лачоми гуфтугуро ба дигар тараф кашиданй мешуд. Мегуфт, ки мардуми дехот рудаву шикамба мехуранд. Заминхо хушк мешаванд. Аз ин ру, шумораи сипохиёнро камтар карда, пули зиёдатиро барои обшори заминхо харч намудан бехтар мебуд. Боз мегуфт, ки у – амир Шамс окибат гуломи гуломони худ хохад шуд, зеро сипохиён хар кадар зиёд бошанд, барои маоши онхо пули зиёдтар харч хохад гашт…
– Сархисобатро гум кардай! – гапи уро бурид Шамс. – Ту ба кори худ машгул шуда, маро табобат кунй, кифоят аст! Дар бораи маоши сипохиён бошад, гами онхоро ман мехурам!
Баъди муддати кутохе сипохиёни Шамсуддавла ба минтакаи кухии Кирмоншох лашкар кашиданд.
Пас аз якуним мох бокимондахои лашкараш шармандаву шармсор акиб баргаштанд. Наздики Хамадон омада, Шамс тарсону ларзон ба дарвозахои пойтахти худ менигарист, зеро амири маглубшударо рухсати вуруди шахр надода хам метавонистанд. Он гох ба мусофири бечораву оворае мубаддал мегардид. Аммо холо дарвозахои шахр кушода буданд.
Баъди мухорибахои бохташуда Шамс аз нав ба майнушй сар кард. у риштаи корубори давлатии бе ин хам саргумшударо аз даст рахо намуд.
«Мамлакатро хамин гуна рохбарй кардан даркор аст!? – Бисёр вактхо аз фикр мегузаронд Абуалй. – Вакте хукумат дар дасти одам аст, ба ри у ду рох кушода мешавад. Рохи якум рохи халки худро ба рифохат овардан ва маърифатнок намудан аст. Рохи якум рохи баровардани канал ба заминхои ташналаб ва аз бочу хироч озод намудани дехконони кашшок гашта мебошад. Рохи якум рохи дониш аст. Мактабу мадрасахо кушодан, шифохонахо сохтан ва санъату косибиву савдоро ривоч додан лозим аст! Он гох мамлакат гул-гулшукуфону мардуми он тавоно мегардад ва шаъну шухрати амир асрхои аср бако мебинад. Тамоми мардуми пасоянд омоли чунин амирро омухтан ва аз он ибрат гирифтан мехоханд.
Рохи дигаре хам аст. Ин рох рохи ба хукумат дахл додани кундаклу харисон аст. Ингунахо пораи нони охирини дехкононро кашида мегиранд. Барои онхо на дониш лозим асту на хунар! Тамоми гамхории онхо барои лашкар аст. Чашми умеду боварии онхо ба сипохиён банд аст, зеро халк аз дасташон ба дод омадааст. Харисон амири худро таърифу тавсифхо мекунанд, агарчи дар бахои ваъдаи фоидаи зиёдтаре тайёранд дар хар лахза уро фурушанд. «Ватан он чост, к-озораш набошад!» – онхо чунин маколе бофта
баровардаанд. Наход ягон вакт ба сари хукумат ягон амири хирадманду сохибмаърифате наояд?! Наход ягон вакт давлати адолатноку шукуфоне пайдо нашавад?» – фикр мекард Абуали.
Рузе дар байни айшу нушхо сари Шамс ба дард даромад. Вай Абуалиро даъват кард. Абуали бо нушдоруи махсусе уро табобат менамуд.
– Ман дар чашмони ту нисбат ба худ эхтироми даркориро намебинам! – гуфт ногахон Шамс.
– Чаро?! Ман аз шумо миннатдорам! Шумо барои ман хона чудо кардед. Ман акнун имконияту шароите дорам, ки ба илм, шогирдон, беморон машгул гардам…
– Гумон мекуни, ки ман толеи туро фаромуш кардаам?! Хама он вакт ба ман дуруг гуфтанд, ягона ту, натарсида, рости гапро гуфти! Чи гуна аз юриш маро боздоштани шуданатро хам дар хотир дорам!
– Ман танхо маслихат дода метавонам, боки хамаро худи амирам хал мекунанд… – Гирду пешро кисабуру аблаху хуккабозон фаро гирифтанд «Амир чй гуна, тобеонаш – намуна!», – аз фикр гузаронд Абуалй, вале хомуш монд.
– Чаро ту пайваста хомушй? Ва ё ба фикри ман розй нестй?!
– Гушам ба шумост! – гуфт Абуалй.
– Ман чунин карор додам, ки… – Шамс сонияе хомуш истод. – Модоме ки чунин олими беназирй, бояд ба корхои давлатй хам хуб сарфахм биравй. Мегуянд, ки ту холо дар илми фикх хам чанд китоб навиштай… Хамин тавр не?!
– Дар чавонй муддате ба тафсири фикх пардохта будам, – гуфт Абуалй мулохизакорона. у фахмидан мехост, ки ин хама фикрхои тахдори Шамс чй маънй доранд.
-Дар сурате ки факхро ба хубй медонй ва дар улуми дигар хам сохибмаълумотй, бояд ба коре машгул гардй.
-Ман машгули корам. Саломатии амирамро муоина мекунам, – огоз намуд Абуалй.
– Муоина намо, муоина намо! Бисёр хуб муоина мекунй! Аммо, гайр аз ин, ба чй коре машгулй?! Китоб менависй?!
-Бале, китоб менависам. Холо чузъи якуми «Конун»-ро тамом мекунам. Дар хотир доред, иузе дар ин бора накл карда будам. Боз ду китоби дигаре дар илми тиб менависам – яке доир ба муоличаи дил ва дигаре доир ба хала, кулинч…
-Доии ба кулинч бошад, бисёр хуб аст! – аз хурсандй ба чунбиш даромад Шамс. – Онро чунон бинавис, ки хар кас истифода бурда тавонад. Ва тамоми буду шуди корат хамин?!
-Боз беморонро муолича мекунам, хамрохи шогирдон машгулият мегузаронам…
-Беморону шогирдонат таваккуф карда метавонанд.
Абуалй аз нав хомуш монд.
Шамс ногахон ба ханда даромад.
– Ман туро зирактар мехисобидам. Ним соат боз хамрохат сухбат мекунам, аммо максади маро пай намебарй. Хол он ки хар кадом ходими дарбор чй хостани маро кайхо мефахмид! Барои Тулмулк як калима хам кифоят менамуд!
Абуалй хамон хомушй мегузид.
– Ё аз пешниходи ман хурсанд нестй?! Ман туро вазири худ, одами дувуми хукумат таъйин карданй хастам, аммо маро тахсине хам намехонй…
-Ии унвони бехад олист, – баъди таваккуфи тулоние чавоб дод Абуалй. – Ин кор кувваи зиёдеро талаб мекунад, аммо ман умед доштам, ки якумрй машгули илму дониш гардам…
– Бас аст! – сухани уро бурид Шамс. – Охир, чаро ин хел бошад?! Вакте аз одами дуруст дархост менамой, ки ба корхои давлатй машгул гардад, албатта, рад мекунад. Аммо хуккабозон аз хар тарафу ба хар василае мансабро ба даст медароранд ва сонитар кас мефахмад, ки мамлакатро дуруст идора карда наметавонанд. Фикри ту хам хамин тавр нест?! Росташро гуй!
– Хамин тавр аст, – гуфт Абуалй.
-Пас, чй хеле ки мехохй, хамон хел идора карданро сар кун! Барои шахсе, ки сохиби мансаби олй мегардад, аз ри конун хилъат инъом кардан лозим аст. Пагох сахарй ботантана хилъатро ба ту мепушонанд ва ту ба кор сар мекунй.
– Ман розй, – гуфт Абуалй. – Вале хамон тавр амал мекунам, ки худам онро мувофик донам. Албатта, маслихати шуморо фаромуш нахохам кард, – илова намуд у. – Бисёрихо норизо хам мешаванд…
– Норозиёнро ман бар увдаи худ мегирам, – кох- кох, зада хандид Шамс. – Бирав, бирав, дарди сари ман аз дорухоят монд! Ба тантанаи рузи оянда тайёрй бин!
Дар майдончаи сахни масчид Абуалй ба ду нафар хатиби оворагард дучор омад. Хост аз онхо гузашта равад, аммо якбора пеши рохи аспро гирифтанд.
– Ин хамон аст! Хамон! – Дод зад хатиби каддароз, бо ангушт Абуалиро нишон дода. Чашмони хатиб аз ояти бадбинй часта баромаданд. – Ин хамонест, ки Амир Шамси моро чоду кардааст! Ин хамонест, ки бо китобхояш тухми куфру бидъат мекорад! Ин хамонест, ки ба шогирдонаш човидонии олам ва аз хости Илохй вобаста набудани такдири одамонро талкин мекунад! Китобхои уро сузонед, сузонед! Худашро ба зиндон андозед, ба зиндон андозед! Вагарна ба сари мо бадбахтихо хохад овард! Уро дастгир кунед!
Хатиб аз ояти доду фарёд нафасгардон мешуд.
Рохгузарон аз рох бозмеистоданд. Баъзеи рохгузаронро Абуалй хуб медонист, зеро каблан муоличаашон карда буд.
– Уро дастгир намоед, вагарна ба саратон бадбахтихо хохад рехт! – дод мегуфт хатиб.
Абуалй хомушона аз назди у гузашта, рохи хонаи худро пеш гирифт.
Вазирии Абуалй ибни Сино дер давом накард.
Дар рузи нахустин у ба Амир Шамс чанд ислохот пешниход намуд:
- Девдононе, ки тамоман кашшок шудаанд, аз бочу хироч озод карда шаванд.
- Аз ду як хиссаи лашкар кам карда, сипохиёни озодшуда ба сохтмони каналхо фиристода шаванд.
- Нахустин мадраса ва шифохонахо бунёд карда шаванд.
Шамс сархуш набуд ва кушиш менамуд, ки ба назархо бодабдаба намояд.
– Хазина холист, нобарорихои чанги охирин онро тамоман хароб кардаанд, – исбот менамуд Абуалй. – Барои сарфи маоши сипохиён маблаге намондааст.
– Боке надорад, ман аз точирон карз мегирам. Сонй ба юриш баромада, Торам – шахри пурсарвати назди Кирмоншохро зери даст медарорам. Он гох сипохиён конеъ ва хазина пур хохад шуд, – мукобилат нишон медод Шамс.
– Он гох дар сарзамини шумо девдоне намемонад, хамаашон мемиранд. Тирон хам дигар карз намедиханд. Агар хозир ними сипохиёнро чавоб дода, пулро барои обёрй истифода баред, ин пулхо соли оянда ба хазинаатон бармегарданд. Он гох хам хазина пур мешаваду хам ахолй сер!
-Хазииа аник пур мешавад мегуй?! – мепурсид Шамс нобоварона.
-Бидуни ягон лашкаркашй хатман пур мешавад. Ва он сарлашкаронеро, ки норозй мешаванд, ба ягон кори дигар гузарондан лозим меояд…
-Ии корро ман анчом медихам! – мутакаббирона изхор дошт Шамс.
Рузи дигар сипохиён шуриш бардоштанд.
Онхо канал кофтан намехостанд, ба чангу
горатгарй сахт одат карда буданд.
Амир маоши нимсолаи сипохиёнро надода, карздор шуда буд.
-Ба хамаи ин вазири нав гунахкор аст! – дод мезаданд лашкаркашон. – Амир уро барои он вазир таъйин намуд, ки маоши моро дихад, аммо вай пулхоро аз худ кард!
-Фахмидед, дар бораи у чихо мегуянд?! у кофир аст ва дар атрофи худ тухми куфру бидъат мекорад! Ана хамин вазир амири моёнро аз рох баровардааст!
Амирро аз рох бароварду маоши моро аз они худ намуд!
-Рааед, равед, хонаи уро кофтуков кунед! – пинхонй ба лашкариёни худ мефармуданд лашкаркашон.
Абуалй дониби дарбор, ба хузури Шамс мерафт.
«Хозир ин заминхо шабехи бемори вазнинанд, аммо дорую давои нахустин аллакай дер шудааст, – аз фикр мегузаронд Абуалй рахорах. – Касалихои сахт ба осонй муолида намеёбанд, ба мукобили онхо муборизаи дурударозе бурдан лозим меояд. Аммо танхо баъди гузаштани солиёни зиёде хама мефахманд, ки мамлакат ру ба сиххат оварда истодааст».
Аммо дар ин маврид сипохиён ба хонаи Абуалй зада даромада буданд. Онхо гилемхои колиро бардошта мебурданд, аз барои хилъату чомахо кашмакаш мекарданд.
«Кош онхо китобхои устодро нагиранд!» – илтичо менамуд дар дил Чурчонй.
-Худатон дида истодаед, ки мо чандон давлатманд нестем, – кушиш мекард у, ки ба сипохиён фахмонад.Тамоми пулхои зиёдатиро устод ба беморон медихад, барои хурду хурок ва давою доруи онхо сарф мекунад.
Сипохиён уро бовар намекарданд.
-Замини таги дарахтон кофта шудааст! – ногахон дод зад яке аз онхо.
Хама ба даруни бог давиданд.
Чурчонй аз фурсат истифода бурда, китобхои шабонгохон офаридаи устодашро зуд ба халтахои кухна андохту халтахоро ба танаи девор рост карда монд.
Саворагон асптозон чониби Абуалй мешитофтанд. Онхо такрибан дах нафар буданд.
– Ана у! – фарёд заданд онхо. – Ба кучо меравй?!
Абуалй ба тахайюр афтод, зеро ба вазир, одатан, эхтиромдорона муносибат кардан мебоист.
– Ман ба дарбор, назди амир рафта истодаам.
– Мо туро ёрй мерасонем. Назорат мебарем, ки мабодо дар рох нагурезй.
Дар гирду атрофи дарбор баъзе сипохиён пиёдаву баъзе савора мегаштанд ва баъзе руйи замин нишаста буданд.
Хонаи хоби Шамс аз сарлашкарон пур буд.
– Окибат овардед! – фарёд заданд онхо, вакте ки Абуалй даромад.
Шамси сарсону ларзон дар байни сарлашкарон нишаста буд. Атрофиёнаш доду фарёд мезаданд, даст меафшонданд, мушт гирех мекарданд, баланд-баланд тарактуруки яровдояшонро мебароварданд.
– Уро ба ихтиёри мо гузор, худамон ба катлаш мерасонем! – Талаб мекарданд сарлашкарон. – Вагарна мо ба такдири лашкари худ ва дарбори туву хаёти ту чавобгар нахохем буд!
– Уро ба катл расонед! Ба катл расонед!
– Амирро аз макру чоду рахо мекунем! Кофирро ба катл мерасонем!
Ва хамин лахза Шамс баногох пайдо шуд.
– Барои саловдиди шумоён аллакай дер шуд, – гуфт у ба сарлашкарон. – Худи ман хануз аз сари субх карор дода будам, ки вазирро аз вазифааш озод намоям. Вай одами донишманд бошад хам, ба корхои давлати хуб сарфахм намеравад. Бо хотири чамъ назди сипохиёнаон равед ва бигуед, ки вазир аз кор холи шудааст.
– Оё мо дар вазифахои пештараамон мемонем, тамоми фармонхои вазир бекор карда мешаванд?!
– Бале! Хамаи корхо мувофики хохиши шумо ва хохиши ман анчом меёбанд! Равед, тобеонатонро таскин дихед!
– Ба юриши навбати хам мебароем?
– Ман аллакай дар бораи юриши навбати фикр кардам, аммо алхол ин хама бояд махфи нигох дошта шавад.
Сарлашкарон боз андаке галогула карда, нихоят аз хам чудо шуданд.
– Ана, дида истодаи, ки маслихатхоят ба чи хол оварда расонданд! – гуфт Шамс, вакте ки хар ду танхо монданд. – Акнун, бидуни таваккуф, панох бурданат лозим! Дустони зиёде дори, то дами басанда шудани гавгохо дар хонаи онхо зиндаги бикун! Худат дида истодаи, ки на танхо хаёти ту, балки хаёти ман хам зери хавфу хатар мондааст…
Дар даромадгохи дарбор Чурчонй мунтазири устодаш буд. Вай Абуалиро ба хонаи шахси давлатманд Абусаид ибни Давдук бурд.
Як вактхо Абуалй Абусаидро аз варача начот дода буд. Ин вокеа ба хамон вактхое рост омада буд, ки Абуаливу Чурчонй навакак Хамадон омада, дар корвонсарой истикомат мекарданд. Абусаид одами сохибмаълумоте буд. Овозае мерафт, ки Абусаид авлоди яке аз халифахои хак, яъне сахобагони Паёмбар мебошад.
Худи Абусаид ба хонаи оратёфтаи Абуалй омада, аз Чурчонй хохиш карда буд, ки ба хавлии у панох оваранд.
- Одатан мегуянд: «Якеро гум карда, дигареро меёбй», – гуфт Абуалй хонаву китобхои худро аз назар гузаронда. – Мансаби вазорату гирифторихои давлатиро аз даст дода бошад хам, акнун озодона машгули илму дониш шуда метавонам.
Чурчонй аллакай китобхои устодашро дар хонаи Абусаид, ба хамон тартибе, ки дар хонаи пештара меистоданд, рахт чида буд.
Абуалй дар хавлии Абусаид чил рузи расо зиндагй кард. Абусаид дар хона оромона кадам зада, ахли хонадонро барои хар як гапи баландашон зери лаб сарзаниш мекард.
Абуалй боре хам аз хона берун намебаромад.
Тез-тез аз часипохиён гузашта меистоданд.
Эхтимол, онхо уро мекофтанд.
Абуалй тамоми руз аз навиштан фориг намегардид.
Дар муддати чихил руз у китоби дорую давохои дарди дилро навишта ба анчом расонд. Ба китоби нахустини «ал-Конун фй-т-тиб» иловахо дохил намуд.
Рузе Абусаид гуфт:
- Хамсояи ман одами бадбахтест. Имрузхо чашмаш хира шуда истодааст. Мо хамрох калон шудаем. Бечора бино буд, акнун кур мешавад…
- Хамсояатонро ба ин чо биёред, – таклиф намуд Абуалй.
-Мебиёрам, аммо дар кучо пинхон будани шуморо хама мефахманд. Хамсоя худдорй карда натавониста, лоф хохад зад, ки худи Абуалй табобаташ кардааст. Шумо фаромуш кардаед, ки сипохиён аз шумо касос гирифтан мехоханд…
- Бо вучуди ин, хамсояи шумо хавфи куршавй дорад. Уро биёред, шояд имкони баркарор намудани кувваи босирааш пайдо шавад.
Абуалй чашми беморро дурудароз аз назар гузаронда, ба воситаи ойиначае нури тези Офтобро рост ба айнаки у равона кард.
-Хайрияя, ки ман касалиатонро сари вакт фахмидам, – гуфт Абуалй ба хамсоя. – Шумо ба дарди нохуна гирифтор шадаед. Дар ибтидо нохунаро табобат кардан мумкин аст. Ман чандин маротиба машгули табобати чунин касалй шуда будам ва хама бомуваффакият анчомид. Холо барои шумо дорухати равганеро навишта медихам, ки онро равяани хиндй ва ё, ба таъбири дигар, амирй меноманд. Онро табиби кадимаи хиндй Чаракй ба кор мебурд. Шумо ба ягон аттори хубе мурочиат кунед, у ба шумо ин равяанро тайёр карда медихад. Баъди як мох кушиш кунед, ки маро ёбед, ман аз нав шуморо муоина мекунам ва имон дорам, ки то он дам аллакай кувваи босираи шумо бехтар хохад шуд.
Дар рузи чихилум худи Тулмулк ба дари хонаи Абусаид омад. Маълум мешавад, ки чойи панохбурдаи Абуалиро касе ба вай хабар кашидааст. Тулмулк хамрохи мухофизони Шамс омада буд. Як аспи мучахдази зебо бесавор меистод.
- Амир Шамсуддавла мепурсанд, ки узри эшонро ба хирадмандтарини уламо Абуалй бирасонем. Амир, инчунин, талаб доранд, ки Абуалй фавран ба дарбор хозир шавад.
- Устод, илтичо дорам, ки наравед, – оромона гуфт Чурчонй. – Онхо, бахусус ин Тулмулк, шуморо нобуд мекунанд. Худатон чй кадар айёру бадкор будани уро медонед…
- Ба амир чй шудааст?! – пурсид Абуалй.
- Амир сахт беморанд. Хамон касалии кухнаи кулиншон аз нав хуруч кардааст.
- Ман доруворихоро ба ихтиёри табибони дарбор монда будам, – мутахаййир гашт Абуалй. – Гайр аз ин, тарзи табобати амирро хам муфассал фахмонда будам.
- Амир мехоханд, ки худи шумо табобаташон кунед, – гуфт Тулмулк чашмонашро ба тарафи дигаре духта.
Шамс бистарй мехобид. Абуалиро дида, хатто сурфазаниро бас кард.
- Зудтар доруе тайёр бикун, ки пеши рохи ин дарди сабилмондаро бигирад!
- Доруи тайёр дар дасти табибони шумост!
- Ман аз хурдани он дорухо метарсам. Ба он захр андохтанашон мумкин аст… – чунин гуфт Шамс
оромона. – Ман туро барои хамин даъват кардам.
Абуалй дархол доруи нав тайёр кард.
- Ман гуфта будам-ку, – фахмонд у ба Шамс, – меъдаро эхтиёт намудан, камтар шароб нушидан ва ба гуфтахои табибони худ гуш кардан лозим аст!
-Чй хел онхоро гуш мекунй! Хама чоро фиребгару маккорон – хам табибон, хам ходимон, хам сарлашкарон гирифтаанд! Акнун фахмидан душвор шудааст, ки кй бар кй хукумат меронад – ман бар онхо ва ё онхо бар манн! – Шамс бодиккат ба тарафи Абуалй чашм медухт. – Ана акнун аз ту як илтимос дорам. Пештар фармон медодам, мачбурат мекардам, аммо хозир илтимосу хохиш дорам. Ягона шахси покизавичдон ту хастй! Агар ту ба ман дасти ёрй дароз накунй, хкмат аз байн меравад, онро орат мекунанд. Хатто худи Тулмулк дузду оратгар аст. Ба ман ёрй расон, аз нав вазирии маро бар увда бигир!
- Сарлашкаронатонро фаромуш кардед?! Онхо рузи дигар боз ба шуриш бармехезанд…
- Норозитаринхояшонро ман аллакай аз сари кор гирифтам. Илочи бокимондахоро хам меёбам. Ту хам андаке боэхтиёттар бояд бошй!
Шамс дурудароз илтимос карда, Абуалиро розй мекунонд.
Нихоят Абуалй розй шуд.
Вай аз дарбор ба хонаи пештараи худ омад.
Аз нав уро дар вазъияти ботантана хилъат пшонданд.
Аз нав орзухои бехбуди давлат ба миён омаданд.
Вале Шамс акнун дар сари хар карораш андешаву тахаммул ба кор мебурд. Ягона коре, ки алхол ичозаташ дод, сохтани мадраса буд.
Донишманди Юнони Кадим Арасту китобхои худро танхо дар асоси фарзиёт ва тасаввурот таълиф менамуд. Олимони он даврахо хануз аз хусуси замину осмон чизи камеро медонистанд. Фарзиёти окилонаи Арастуро тасдиккунон хазорхо сол олимони дигари руйи замин кашфиёт менамуданд.
Хар олим аз китобхои ин файласуфи кадим чизи мечустаашро пайдо мекард. Обиду порсоён хам аз пайи ин кор мекушиданд. Онхо зур зада хамон ибораву калимахоеро мечустанд, ки хастии Худоро тасдик намояд. Аз сабаби он ки Арасту дар бораи Худо фикрхои тира ва пурихтилоф баён мекард, обиду порсоён аз ин зиддиятхо бо камоли майлу рагбат истифода мебурданд. Онхо ба китобхои файласуфи нобига шарху тафсироти худро навишта, чойхои бе ин хам номафхуми осори уро боз хам чигилтар менамуданд.
Рузе Чурчонй аз Абуалй хохиш кард, ки шарху тафсироти худро ба китобхои Арасту нависад ва ё, хеч набошад, баён кунад, ки у навишта гирад.
- Дида истодай, – чавоб дод Абуалй, – гирифторихои зиёде дорам. Аммо фикри китоберо ба накша гирифтаам, ки барои хама фоиданок хохад буд. Вакте надорам, ки хамрохи мухолифон бахс ороям ва ба радду бадали кори онхо пардозам. Ба китоби худ танхо хамон чизхоеро дохил хохам кард, ки ба назарам хаккони ва боварибахш намоянд. Кушиш мекунам, ки тамоми донишхои илмй ва фалсафии худро дар он дарч созам. Дар он чо ман аз Арасту хам ёдовар хохам шуд.
Ин асар «Китоб-уш-шифо» номида мешуд.
Абуалй карор дод, ки «Киоб-уш-шифо»-ро дар хабдах чилд анчом дихад. Тамоми дастовардхои тафаккури илмии замон: маъданшиносй, чугрофияи табий, чаввшиносй, хандаса ва мароё, кимиё, наботшиносй ва чонваршиносиро ба он китоб ворид кардан мехост. Конуну коидахои хисоб ва назарияи мусикиро ба таври алохида дида баромаданй буд.
Крхои давлатй вакти зиёдеро мегирифтанд.
у пештар аз сапедадамон бархоста, ду вараки «Китоб уш-шифо»-ро менавишт. Баъди дамидани субх ба кабули шогирдонаш мепардохт.
Сахни хурдакаки ри хавлии Абуалиро одамон пур мекарданд. Ашхоси маъруфу машхур хам меомаданд. Аммо шумори бемороне, ки мунтазиру хостгори давои дастони эъчозофарини табиби номй Абуалй ибни Сино буданд, бештару зиёдтар буд. Шумори девдонони камбагал ва хунармандону
савдогароне, ки аз болои андозгирон ва амлокдорони хурди гуногун шикваю шикоят доштанд, аз хама бештар буд. Абуалй хамрохи шогирдонаш беморонро аз назар гузаронда, ба онхо дорую даво мефармуд. Баъд аспашро савор мешуд, то ба девон шитобад. Он гох одамони логару чандапуш хоки рохи уро мебусиданд. Ва дар орзуву нияти халли дурусти шикоятномахои худ аз кафои у медавиданд. Абуалй ба кадри тавон адолату хакикатро баркарор месохт. Вале руз аз руз боварй хосил мекард, ки камтар коре аз дасташ меояд. Хар руз ошпази Абуалй дар деги калоне барои беморону гуруснагон хурок мепухт. Баъди намози пешин Абуалй аз девон бармегашту чоштхурии умумй сар мешуд.
Бегохй боз шогирдон меомаданд.
Чурчонй бобхои наверо аз «Китоб-уш-шифо» кироат менамуд. Сонй шогирди дигаре бобхои «ал- Конун»-ро мехонд.
«Ягон вакт окибат, мадраса хам сохта мешудагист», – изхори таманно менамуд Абуалй.
Ба хар хол, Амир Шамс карор дод, ки ба сарзамини Кирмоншох,, ба шахри Торам лашкар кашад, вагарна сарлашкарон метавонистанд аз нав исёну фитна барангезанд.
- Бори нахуст аз шахр бо дили пур берун меравам, зеро медонам, ки шахр дар ихтиёри шахси муътамад аст, – мегуфт Шамс.
- Хуб мешуд, агар ин юриши охирин мебуд, – чавоб дод Абуалй.
- Ба ту ваъда медихам, ки охирин хохад буд, – гуфташ Шамс.
- Хангоме ки сипохиёни Шамс наздики Торам омаданд, ногахон ахволи амир бад шуд, зеро дар рафти юриш маслихатхои Абуалиро ба инобат намегирифт. Эхтимол, мукаррабонаш низ барои тезондани марги у мадад расонда бошанд. Бехуда вактхои охир Шамс аз онхо ин кадар наметарсид…
Мурдаи амирро руйи тахти равоне гузошта, лашкар ба Хамадон баргашт.
Акнун хукумат ба дасти бачаяки хурдсол, яъне писар ва вориси Шамс гузашт. Ба чойи у муваккатан Тулмулки маккор хукумат меронд.
- Ман фикр мекунам, ки марди хирадмандтарини замон Абуалй минбаъд хам мансаби вазоратро бар увда хохад дошт,- мегуфт Тулмулк ва мисли хамешагй табассуми ширадоре менамуд.
у, гуё, фаромуш карда буд, ки хамагй чанд сол пеш Абуалиро ноумед аз дарбор ронда, маслихаташ дода буд, то дами холй шудани чойи котибе нигарон истад.
- Агар инро эхтиёчоту манфиатхои давлатй талаб кунанд, ман меистам, – чавоб дод Абуалй.
- Талаб мекунанд, бисёр сахт талаб мекунанд, – гуфт Тулмулк. – Ба фикрам, вакти ба девдонон андози иловагй бастан расидааст. Хочагии онхо мустахкам шудааст. Хазинаро пур кардан, хамчунин, хочагии шахсии худамонро низ мустахкамтар намудан лозим
- Ман чй тарзе ки пештар амал мекардам, оянда хам хамон тавр амал хохам кард, – чавоб дод Абуалй.
- Аммо ман намедонам, ки ба сарлашкарон чй гуям! Баъди юриши бемуваффакият онхо сахт ба газаб омада истодаанд. Танхо амири мархум забони онхоро ёфта метавонист. Ба хар хол, лозим меояд, ки андози нав эълон кунем.
- Дар ин хол ман аз вазирй даст мекашам.
Абуалй кайхо аз имкони хукмрони давлатй умедашро канда буд, зеро хар фармони барои некй ва бехбудии халк равонашуда боиси бадбахтиву шури хамон халк мегашт. Хатто, мадрасапушонй хам!
Садхо девдононро ба сохтмони мадраса меронданд. Дар натича девдонон барои хосилгундорй фурсат намеёфтанд. Фарзандони онхо гуруснаву ташна дар кучахо овора мегаштанд, саркути дигаронро мехурданд, чон медоданд.
«Чунин илму дониш, чунин некие, ки дар бахои ранчу машаккати вазнине дастрас гардад, барои кй лозим!?» – беш аз пеш андеша менамуд Абуалй.
Дар давлати хамсоя, яъне дар Исфахон, Амир Алоуддавла хукумат меронд.
Чандин маротиба Хамадон омада, донишмандони исфахонй даъватномахои амирашонро ба Абуалй мерасонданд.
Минбаъд одамони Тулмулк хар кадами
Абуалиро зери назорат мегирифтанд. «Одаме, ки дар таксими даромади андози нав хамдастии маро нахост, бояд айёри гузарое бошад. Ба назари вай, эхтимол, хакки худаш камй карда бошад, ки дар фикри гирифтани хакки ман афтодааст. Аммо ман аз у зирактарам ва барои халосй ёфтан аз вай кушиш мекунам» – чунин андешахо дошт Тулмулк.
Абуалй пинхонй ба Алоуддавла нома фиристода, хохиш намуд, ки рухсати ба Исфахон омаданаш бидихад.
Худи хамон шаб Абуаливу Чурчонй ноаён аз хонаи худ ба хавлии Абуолиби Аттор ном дусташон рафтанд.
- Ана, боз аз гирифтудори давлатй форигам ва метавонам, окибат, «Киоб-уш-шифо»-ро ба анчом расонам! – гуфт Абуалй ба шогирди вафодораш Чурчонй.
Чурчонй аз хусуси корубори устодаш дар он рузхо чунин накл мекунад: «Шайх Абуголибро назди худ бихонду аз у оазу каламу давот пурсид. Вай онхоро оварду Шайх хамоно хаштяки асоси масъалахоро навишт ва дар зарфи ду рузи бокимонда раъси тамоми масоилро таълиф намуд. Ва китобе назди у набуду сарчашмае надошт, ки бад-он ручуъ кунад, балки хамаро аз ёду дили худ менавишт. Сипас ин чузвахоро пеши назар гузошта, пайихам барои хар яки мавзуъу масъалахо шарх навиштан гирифт. Ва хар рузе панчох варака навишта, гайри китоби «ал-Хайвон в-ан-набот» тамоми табииёту илохиётро фарохам овард ва таълифи мантикро сар карда, ду чузъи онро навишт».
- Дар умрам ин гуна пурмахсул кор накарда будам, – мегуфт Абуалй. – Ба кароре омадам, ки хамон рисолаи бахшида ба пайдоиши куххо вакте дар Гурганч навиштаамро ба китоби хозира дохил намоям.
Шабона шогирдони дигари Абуалй хам махфй дар хамон хона чамъ омада, сахифахои нави «Китоб-уш- шифо»-ро мехонданд.
Баъзан Абуалй ба онхо дар бораи айёми чавонии худ хикоя мекард. Мубохисахо бо Берунй… Шабнишинихои якчояашон бо Арроку Масехй… Такдир хамаро ба хар тарафе хавола намуд. Масехии кухансол кайхо аз миён рафтааст. Берунй ё дар зиндони Султон Махмуд мехобад, ё ба Хиндустон фиристода шудааст. Дар бораи Аррок тамоман хатту хабаре нест! Гурганч аз тарафи саворагони Султон Махмуд забту горат шудааст! Сокинони бисёреаш ба банд оварда шудаанд. Дар бораи холу ахволи шиносу наздикон бехтараш фикре накунй! Аз хусуси Ширину додарчаи хурдсоли у низ фаромушй чустан бехтар аст, зеро ягон вакт аз онхо хабаре шунидан амри мухол мебошад. Хатто, бародари хамхуни худро Абуалй гум кардааст! Танхо Чурчониву шогирдони дигар, китобхову номахои шахсони машхуру мардони донишманд бокй мондаанду бас!
Рузе дар карибихои хавлй садои галогулае баланд гардид. Абуалй аз миёни онхо дархол овози Тулмулкро шинохт.
- Дар хамин чой у пинхон шудааст! Дар хамин хавлй… Шогирдони мисли худаш кофире ба хамин чо назди у меоянд, – чунин мегуфт хатиби масчид.
Хамон лахза тамоми ахли хона хомуш шуда, ба пой хестанд.
- Устод, гурезед, ман онхоро каме андармон медорам! – гуфт Чурчонй.
- Ман аз дасти онхо ба кучо мегурезам?! Бехтараш, рубаруйи онхо мебароям!
Аввал гуломон даромаданд. Аз паси онхо Тулмулк. Хатиб аз хама кафо даромад.
- Ман хануз ба амири мархум шикоят карда будам, – гуфт хатиб. – Аз шунидани наклхои ба шогирдонаш мекардаи у кас ба дахшат меафтад! Вах,, дар китобхояш чихо менависад?!
Тулмулк гуфтахои хатибро базур мешунид. у дигар табассум намекард. Аз киёфааш чизеро фахмидан душвор буд.
- Абуалй, туро амири навамон ба дарбор мехонанд!
Абуалй ботамкин аз хона баромад.
- Устод, ман бо шумо меравам! – аз кафои у давид Чурчонй.
– Ту дар хамин чой бош! Дар назди китобхои ман буданат заруртар аст! – гуфт Абуалй.
Дар дарбор амири чавон менишаст. Чанд нафар аъёну ашрофе хам, ки Шамс онхоро бехад дашномхо додаву аз онхо сахт метарсид, дар хамон чой буданд. Акнун онхо боз сари хокимият омада буданд.
– Мо шахсеро дастгир намудем, ки ба душманамон, яъне амири Исфахон Алоуддавла нома мебурд! – гуфт Тулмулк. – Ана, барои чй ту аз маснади вазорат даст кашидай! Бо як овоз аз хусуси кофирии ту гап задани тамоми ахли шариат кам набуд, ки бар замима рохи хиёнатро пеш гирифтй?!
Аъёну ашроф абрувонашонро чин менамуданд. Онхо аз нигохи ханчаросои Абуалй чашм мегурезонданд.
– Боре мархум Амир Шамс аз Султон Махмуд номае гирифта буд. Аз он вокеа тахминан дувоздах сол гузашт! Ба нома сурати ту илова шуда буд. Султон хохиш мекард, ки агар дар худуди мамлакати мо пайдо шавй, туро ба назди у фиристем. Амири мархум он номаро бечавоб гузошта, ба ман фармон дода буд, ки уро аз гумоштагон пинхон дорам. Амир чунин мехисобид, ки аз хидмати ту ба давлатамон фоидае мерасад. Вале холо, ки номаи бадастафтода аз хиёнати ту шаходат медихад, носипосиву курнамакият ба моён аён гардид! Ту муносибатхои неки амири мархумро нисбат ба худ, аз тарафи у то дарачаи табиби хоса ва, баъдтар, то мансаби вазорат бардошта шуданатро фаромуш кардай. Мо, хамаи дар ин чо чамъомадагон, иродаю фармони амири навро ба чой оварда, карор додем, ки муддате дар калъа зиндагй кунй! Баъд такдири туро дар махкама хал хоханд кард!
Дар таххона пойхои Абуалиро занчирбанд карданд.
Шабона саворагони ношиносе уро ба калъа бурданд. Абуалй калъаро шинохт. Аз Калъаи Фардичон гурехтани кас амри мухол буд!
Хамон рузи аз тарафи сипохиёни Тулмулк дастгир шудани Абуалй шахсе вориди Хамадон шуд. у такрибан сй-сивупанчсола буд. Дар корвонсаройи миёнахоле карор гирифта, аз саройбон дар бораи Хусайн ибни Абдуллох ибни Алй ибни Сино дарак пурсид.
– Дар шахри мо факат як Ибни Сино, Абуалй номе буд, – гуфт саройбон. – Одами бисёр доное буд. Мегуянд, ки файласуфону табибони зиёди шахрхои дигар аз у маслихат мегирифтаанд. Хатто аз Багдод ба номи у номахо менавиштаанд. Баъдтар амири мархум уро вазир таъйин намуд. Пас аз фавти амир у гайб зад. у барои шумо чй даркор аст, ё шумо хам барои маслихатгирй ва ё кори дигаре омадаед?!
– Ман бародари уям, – чавоб дод он мард.
Агар гуши сардори посбонони калъа вазнин намебуд, холи Абуалй хеле бад мешуд.
Сардори посбонон солхои дурударозе чанговари содики Амир Шамс буд. Аммо кувваи шунавоиаш руз аз руз сусттар мешуд. Аз ин сабаб, холо хидмати сабуку оромтареро адо менамуд.
Дар рузи савуми махбусй Абуалй гушхои сардори посбононро муоина карда, онхоро шуст ва лундахои чиркашонро кашида гирифт. Аллакай баъди шустани гшояш сарпосбон овозхои мукаррариро фарк мекардагй шуд. Абуалй доруи муътамаде пешниход кард.
Сарпосбон фармуд, ки похои Абуалиро аз занчир озод кунанд. Барои ин некияш Абуалй дар назди сарпосбон савганд ёд намуд, ки харгиз ихтиёри гурез намекунад.
Хатто сарпосбон аз идораи худ оазу давоту калам овард. Шабонгохон у дар бораи зиндагии дурударози худ, дар бораи даврони чавонии дар деха гузарондааш, ки холо хам дар айёми пирй, хуб дар хотир дошт, накл карданро дуст медошт.
Дар давоми чахор мохи махбусй Абуалй «Китоб- ул-:х,идоёт»-ро навишта хотима бахшид: «Китоб-ал- кулинч>>-ро аз нав тахриру такмил намуд. Дар хамон чой, дар махбас, у боз як китоби дигар – киссаи фалсафии «Хай ибни Якзон»-ро навишт.
Хай ибни Якзон номи хамон сардори посбонони махбас буд, ки маънои «Зиндаи писари Бедор»-ро дорад.
Ин аввалин киссаи Абуалй буд. Карамони кисса ба пирамарди хоксору накукор ва хамеша бедоре вомехурад. Ва пирамард аз хусуси чахонгардй ва тарзи асрори олами атрофро донистани худ барои у наклхо мекунад. Рузи неки пирамард хама чоро фаро мегирад: хам ба чаханнам мефурояду хам ба арши аъло мебурояд.
Минбаъда бисёр одамон гарки хондани ин китоб мешаванд. Онхо мегуянд, ки хар сахифаи китоб аз андешахои хирадмандона ва афкори фалсафй моломол аст. Баъди дусад соли хаёти Ибни Сино нависанда Ибни Туфайл романи хамноми худро меофарад, ки аз бисёр чихат асари Ибни Синоро такрор мекунад. Ахли адаб чунин мехисобанд, ки Дантеи човидонй хам «Мазхакаи илохй»-и худро дар зери таъсири Абуалй ибни Сино офаридааст.
Баъди чахор мох худи Тулмулк хамрохи амири чавон дар хамон махбас рахти икомат партофтанд.
Лашкариёни амири Исфахон, хамон амире, ки Абуалй номааш навишта буд, шахри Хамадонро зери даст оварданд.
Тулмулк карор дод, ки ба калъа панох барад.
- Акнун, Абуалй, барои бехатарии ту чй кадар гамхорихо кардани маро мефахмй! – гуфт Тулмулк. – Сари вакт агар ман туро дар калъа пинхон намекардам, сокинони Хамадон аз мукотибаи миёни туву хокими Исфахон вокиф гардида, туро куштанашон аз имкон дур набуд.
Амири Исфахон Алоуддавла барои дар сари хукумат мондани писари Шамс карор баровард. Амири чавону Тулмулк акнун ба тобеияти хоким даромаданд. Алоуддавла онхоро рухсати ба шахр баргаштан дод.
Баъди муддати кутохе Абуалй хам ба Хамадон баргашт. Тулмулк табассуми ширине карда, аз у хохиш ва илтимос намуд:
- Агар ба Алоуддавла нома нависй, албатта, дар бораи садокату вафодории ман хабар расон…
Дар даромадгохи шахр Абуалиро Чурчонй ва марди номаълуме пешвоз гирифтанд…
Абуалй ба ри он одам нигариста, дакикае моту мабхут монд, баъд бародарон худро ба бусу канори хамдигар партофтанд.
- Барои аз ин шахр фирор намудан хамаи чизхоро тайёр кардам, – гуфт худи хамон руз Чурчонй. – Аз ин Тулмулк хар номаъкулиро чашм доштан мумкин аст! Хокими Исфахон хам хохиши ба хузури у рафтани шуморо медонад ва аз истикболатон шоду мамнун хохад гашт. Хурчини китобхоятон аллакай хамрохи одамони муътамаде ба Исфахон фиристода шуданд.
Субхи бармахал зери хиркаи сиёхи суфй Абуалй, Чурчонй, бародари Абуалй – Махмуд ва ду нафар хидматгор аз дарвозаи Хамадон баромаданд.
Го сипохиёни Тулмулк аз рубаруйи онхо мебаромаданд.
Хидматгорон эхтиётан Абуалиро бо пайкари худ аз чашми сипохиён панах медоштанд. Худи Абуалй дасту руяшро дар хиркаи сиёхи суфиён махкамтар мепечонд.