«Хар мусулмон чи дуое, ки кунад ва дар он гунох ё катъи силаи рахим набошад, Худованд ба сабаби он яке аз се чизро ба у ато мекунад:
1) ё дуои уро кабул мекунад,
2) ё онро захира карда, савобашро дар охират медихад,
3) ё чизе, ки талаб карда буд, баробари он мусибатро аз дуокунанда дур мекунад».
Баъд аз шунидани ин сухан марде аз сахобагон гуфт: «Ин тавр бошад, мо бисёр дуо мекунем». Паёмбар (с) фармуд: «Хар кадаре, ки шумо дуо кунед, атои Худованд аз он хам бештар аст».
Аз хадиси мазкур бармеояд, ки дуои бандаи мусулмон хеч гох зоеъ намешавад, ба хар хол натичаи онро мебинад. Ба шарте ки аз Худованд осон шудани кореро, ки гунох ва нодуруст аст, талаб накунад, инчунин дуояш аз барои катъи силаи рахим набошад. Бо акрибо ва хешовандон рафтуомад ва муомилаи хуб карданро «силаи рахим» мегуянд. Пас, шахсе дар хакки яке аз хешовандонаш дуои бад кунад, монанди ин ки гуяд: «Худоё, руяшро дигар набинам», дуояш кабул намешавад.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …