Главная / Илм / АСОСХОИ ТАЪЛИМОТИ ИСЛОМ

АСОСХОИ ТАЪЛИМОТИ ИСЛОМ

Усули дин ва акоид

Уламои ислом дар масъалаи табакабанди ва ба система даровардани таълимоти исломи ихтилофи назар доранд. Таърихан дар ислом ин масъала ба се бахш: акоид, ахлок ва ахком чудо карда мешавад.

  • Акоид (чамъи акида) он кисмати таълимоти чазмияви (тагйирнопазир ё ахкоми)-и исломро меноманд, ки муъмин бояд бар он эътикоду имон дошта бошад. Он иборат аз се масъалаи асаси ё усулии илохиёт дар таълимоти ислом: тавхид (яктопарасти), нубувват (паёмбари) ва маъод (хаёти ухрави ё пасазмарги, ондунёви) аст.
  • Ахлок меъёрхо ва мукаррароти маънавию хулки дар муносиботи байни инсонхо мебошад, ки бояд руи аслпояхои зерин: вичдон, адолат, такво, шучоат, иффат, хикмат, истикомат, вафо ва гайра устувор бошад. Дар доираи таълимоти ахлоки инчунин, муъаррафии мухаррамот, мухликот ва нахиёт, яъне шиносоии ахлоку рафтори манъгардидаи ношоиставу нораво ва амалу кирдори нописанд чихати чилавгири аз судури онхо низ, дохил мешавад.
  • Ахком, яъне масоили хукуку масъулиятхои мусалмонон нисбат ба кору зиндаги ва умури ичтимоию сиёси, иктисоди, ибодат ва гайра.

Тайр аз ин хамаи таълимоти исломро ба усул (чамъи. асл) ва фуруъи дин таксим кардаанд ва мувофик он таълимоти асоси ё аслии ислом панч ( дар муътазила, шиъа ва баъзе фиркахои сунни) ва ё дар баъзе адабиётхои дигар хашто аст ва онхо иборатанд аз: тавхид, адл, нубувват, имомат, маъод, амри маъруф ва нахйи аз мункар, табарро (дусти худоро дуст шуморидан) ва тазарро (душмани худоро душман донистан) аст.

Ин таксимбандихои анънави на хамаи доираи мавзуоте таълимоти дини балкт танхо таълимоти усулии исломро фаро гирифтаанд. Дар онхо, хадди акал таълимоти ислом дар бораи хасти ва офариниши он, тасаввуроти кайхонии олам, макоми инсон дар он, яъне антропологияву натурфилософияи ислом дар алохидаги чой надорад, танхо хело мухтасар дар боби акоид бахсхои мухтасаре шудааст. Хол он ки домани таълимоти куръони хеле фарохтар аз доираи усули дин аст. Масалан, боби хилкат ва инсоншиносии куръони назар ба таълимоти адёни дигари иброхими густурдатар аст ва дар мукоиса бо яхудия ва насрония тозагихое дорад.

Дар заминаи таълимоти исломи, ки каблан ёд шуд, се сохаи улуми исломи бо вучуд омадаанд, ки иборатанд аз: илмикалом, илмиахлок ва илми фикх.

Яке аз бахшхои илми калом акоид мебошад. Акоид баёни мухтасари таълимоти ислом дар шакли изхори эътикоди муъмин ба он аст. Ва он кабл аз хама донистан ва эътикод доштан ва амал кардан ба панч аркони ислом:

  • гуфтани калимаи тайибаи шаходатайн-яъне бо забон гуфтани “Ашхаду анна ло- Илоха иллаАллоха ва ашхаду анна Мухаммадан расул-Аллох”-яъне шаходат медихам (муътакидам), ки Худое ба чуз Аллох нест ва шаходат медихам, ки Мухаммад фиристодаи худост.”

-гузоштани панч вакт намоз дар як шабонаруз,

  • гирифтани 30 руз рузаи мохи Рамазон,
  • додани закоти мол,
  • анчом додани хаччи Хонаи Худо дар сурати кудрату тавонои ва имкон доштан.

Сониян, эътикоду имон доштан ба ягонагии Худо, малоик, кутуби илохи, рузи киёмат ва хисобу китоб ва чаннату дузах ва гайра ки дар китобхои акоид муфассал баён шудаанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

kampir

Маоши аввал – хикоя

Кариб як хафта буд, ки Саидахола дар хавли танхо мезист. Писараш дар хидмати харби, кели- …

222222222222222