Главная / Илм / СУННАТ ВА ХАДИСХО

СУННАТ ВА ХАДИСХО

Суннат (аз кал. арабй-“истанна”- нашр ва мукаррар кардани коидаву конун, хамчунин ба маънии анъана ва расму одоти гузаштагон)-яке аз сарчашмахои асосии мазхабй ва хукукй (шаръи)-и мусалмонон буда, маънии истилохии он мачмуъи ахком, коидаву конун, мукарраротест, ки дар асоси гуфтор, рафтору кирдор ва тарзи зиндагии Паёмбари ислом (с) вазъ шудаанд.

Дар ибтидо чомеаи исломй факат як сарчашма ва манбаи динию хукукй Куръонро дошт. Хамаи масоили пешомадаро дар асоси он халлу фасл мекарданд. Вале дар баробари густариш ёфтани доманаи чугрофиёвии ислом, дар асари фатху кишвархои хамсоя ва дурдаст, байни солхои 632-751 м., алалхусус кишвархое, ки нисбат ба аъроб дорои тамаддуни пешрафта буданд ва бо пайдоиши масоили ичтимоию сиёсй ва хукукие, ки пайдо кардани чавоб ба онхо аз Куръон мумкин набуд, зарурат ба сарчашмаи наве барои халли онхо ба миён омад. Дар асоси хамин заруратхо сунна ташаккул меёбад.

hadis-kitobАрабхо дар кишвархои фатхгардидаи Осиёи Хурд, Осиёи Марказй ва Африкои Шимолй бо чомеахои пешрафта, дорои муносибатхои хеле мураккаби иктисоди, ичтимои ва мадании нисбатан кадим ва мутаракки дучор шуданд. Дар ин мамолик (махсусан дар Эрон, Сурия, Миср ва сарзаминхои дигари собик зери хокимияти Руму Эрон) муносибатхои заминдори, кашоварзи, хаёти шахри ва умуман конуни молию иктисоди ва хам ташкилоти давлатию сиёси назар ба зиндагии соддаю бадавии аъроб беандоза мураккаб буданд. Хулоса, мусалмонон ба як катор масъалахо ва талаботе дучор шуданд, ки ба онхо аз Куръон чавоби равшан пайдо кардан наметавонистанд. Ин аст, ки зарурат ба баррасии гуфтор ва рафтори Паёмбар (с), омузиши корномаи у ба миён омад. Хамин тавр тадричан зарурати хукму казовати ин ё он масъалаи назари ё амали дар асоси мукоиса ва мукобила бо кору амали Паёмбар (с) ва тарикаи халли масоили шабехи он аз тарафи у, яъне Суннати Расулуллох ривоч пайдо мекунад. Суннаи мусалмонон дар заминаи хадисхо вазъ ва ташаккул ёфтааст.

ДИС ( аз кал. араби- хаддаса- хикоят ё накл кардани ходиса ва ё вокеъае) яке аз сарчашмахои хаттии ислом аст. Дар маънии махсуси истилохи хадис ривоят ё ахбори наклшуда оид ба гуфтор, рафтор ва амали Паёмбари ислом Мухаммад (с) аст. Хадисхо дорои мавзуъоти васеъ буда, аз онхо ахкоми мазхабии ибодати, худошиноси, ахкоми хукуки, нормахои маданию маиши ва мукаррароти ахлоки ва тарзи зиндагиро метавон истинбот кард. Баъзан ин ё он нишондодхо ва ё ахкоми куръони низ дар асоси хадисхо аник карда мешаванд. Хадисхое хастанд, ки характери таърихи доранд ё соф масоили фикхиро фаро мегиранд. Хадисхои таърихи дар бораи чузъиёти хаёту зиндагии Паёмбар (с), сахобахо, хаводиси садри ислом, шароити нузули ин ё он оёти куръони маълумот медиханд. Яке аз мухимтарин мавзуъоти хадисхои набави масоили маънавию ахлоки мебошанд. Метавон гуфт, дар онхо бехтарин дурдонахои маънавию ахлокии инсоният аз забони Паёмбари ислом(с) баён шудаанд.

Маълум аст, ки дар таърихи ислом то макоми сарчашмаи асосии ислом баъд аз Куръонро касб кардани Сунна, ки дар заминаи хадисхои паёмбар(с) ба вучуд омада, замони муайяне сипари шуда аст. Дар сарчашмахои муътабари ахли суннат омадааст, ки бо вучуди саъю кушиш ва шавку хаваси беназири асхоб ва ёрони Паёмбар(с) дар китобат ва хифзи сира ва суннати он хазрат, муддате дар замони хилофати Абубакр (р) ва Умар(р) чамъовари ва накли аходиси набави маън карда шуда буд. Сабаби асосии маслихати сиёси ва акида бар кифояти Куръон «Кафоно Китобулох» буда аст. Ин холат такрибан як аср, то замоне, ки Умар ибни Абдулазиз (соли 99 х.), ба хилофат расид идома дошт.

Дар заминаи зарурати гирдовари ва шинохти вокеан ба Паёмбар (с) тааллук доштан ё надоштани хадисхо и л м и х ад и с ба вучуд омад. Азбаски хадисхои чаъли (сохта) бисёр шуданд ва фарк кардани хадисхои вокеъи аз сохта хело мушкил гардида буд, илми хадисшиноси ба миён омад. Мухаддисин хадисхоро ба як чанд мартаба таксим кардаанд ва боэътимоди онхоро “с а х е х” номидаанд. Шарти сахех будани хадисхо он аст, ки онхо аз сарчашмаи муътабар: наклкунандаи боэътимод аз ахли хонавода, наздикон, сахобахои Паёмбар (с)бошанд ва тамоми силсилаи наклкунандагон низ шахсони маълум ва маъруф бояд бошанд. Зарурати шинохти шахсияти гуяндагон, нокилон, ровиёни хадис илми ” м а ъ р и ф а т и р и ч о л”- ро ба вучуд овард.

Ба чамъоварии хадисхо шахсиятхои маъруфи зиёде машгул шудаанд, ки онхоро м у х а д д и с меноманд. Маъруфтарин мухаддисин ва китобхо- мачмуъахои аходис инхоянд:

1– Сардафтари мухаддисони маъруфи ахли суннат ва чамоат Мухаммад Исмоил Чаъфар-ал-Бухорои (810-870)буда, мачмуи аходиси гирдовардаи уро “ал- Чомеъус- сахех” ё мухтасар ” ас-Сахехи Бухори” меноманд.

Баланди ва бузургии макоми Мухаммад ибни Исмоил Чаъфарал Бухори дар он аст, ки у нахустин шуда, масъалаи шинохти хадисхои сахех аз хадисхои чаълиро ба миён гузошта, усулу равиши илми хадис ё хадисшиноси, маърифати ричолро ва дигар талаботи ин илмро поярези намуда. «Чомеъуссахех» дар баробари сахехи ва ори будан аз аходиси заъиф, аввалин мачмуаи хадисхои мавзуи ва дорои назму тартиби хос мебошад. Исмоили Бухори дар мачмуъаи «Чомеъус-сахех» хамчун поягузори илми хадис усули интикодиро ба кор гирифта, аз байни 600 хазор хадисе, ки дар он замон маъруф буд ва 200 хазор хадисе, ки худаш чамъовари карда буд 7275­7397 хадисро хамчун хадисхои сахех интихоб кардааст. Агар хадисхои такроршударо ихтисор кунем “Сахехи Бухори” хамаги 2602 хадис дорад. Мухаммад Исмоъили Бухори барои чамъовари ва шиносоии ин хадисхо шонздах сол захмат кашидааст.

Мухимтарин афзалияти ин мачмуаи хадисхо он аст, ки дар он бо усули мусаннаф, яъне аходис аз руи мавзухо ба китобхо ва хар китобе ба бобхо табакабанди шудаанд. «Чомеъус-сахех» аз 98 китоб 3450 боб иборат аст. То замони у чамъовари хадис ба тартиби «ал-муснад», яъне номи нокилони он (ричоли хадис) буд. Усули мусаннаф ба Бухори имконият дод, ки хадисхои мавзуоти гуногунро аз ахлок, фикхи, таърихи то тибу бехдошти дар ин мачмуа чамовари кунад.

«Сахехи Бухори» ба иттифоки назари хамаи мусалмонон сахехтарин китоб баъд аз Куръони Карим аст ва ба хотири ахмияте, ки дорад дар тули карнхои гузашта, хамеша мавриди таваччухи хоси уламою фукахо карор дошта, ба он зиёда аз сад шарху таълик ва хошия навишта шудааст.

  • Имом Абу ал-Хасан Муслим ибни Хаччочи Кушайрии Нишопури (817-875) мебошад, мачмуъаи хадисхои у бо номи “Сахехи Муслим”( ё”ал ЧамеъулСахех“) маъруф аст. Хамрох бо мачмуъаи Бухори мачмуъаи номбурдаи Нишопуриро ” Сахехайн “, яъне ду сахех меноманд. Микдори хадисхои “асСахехи Муслим”ро, баъзе 12000 бархе дигар 7275 хадис муъайян кардаанд. У ба 625 тан нокилони хадис истинод, яъне мурочиат ва аз кавли онхо хадисхо гирдовари кардааст, ки Бухори ба онхо истинод накардааст.
  • Абу Довуд Сулаймон ибни Ашъоси Аздии Сиистони (817-889) мачмуъаи хадисхои у бо номи “Суннани Абу Довуд” маъруф аст.”Суннан”и у 4800 хадис дорад, ба кавли худаш онро аз миёни 500 000 хадис баргузидааст.
  • Ибни Моча Абдулло Мухаммад ибни Язиди Казвини, мачмуи хадисхои сахехие бо номи Сунани ибн Моча” гирдовари карда, ки 4000 хадис дорад.
  • Хофиз Абу Исо Мухаммад ибни Исо аз Заххок Тирмизи (208-279х.к.), бо номи ” Чомеъи Тирмизи” (ё ал-“ЧомеъусСахех“) мачмуъаи аходисе гирдовари кардааст.
  • Абу Абдурахмон Ахмад ибни Шуъайб ибни Али Насои (ваф.303), мебошад, ки мачмуъае бо номи “Сунани Насои” аз у бокист.

Инхоянд мураттибон ва мачмуъахои шаш сахехи (сихохуссита)-и ахли суннат ва чамоъат. Ба гайр аз ин боз хадисхое аз тарафи равияи шиъаи исноашари (дувоздахимома) дар “Ахбор» и онхо чамъовари шудаанд, ки он асосан чор мачмуъаи машхур аст:

алКофи филусул валфуруъ”и Шайх Мухаммад ибни Яъкуб Кулайнии Вароминии Рози (ваф.328 х.к.),

Ман ло яхзуруху алфаких“-и Шайх Саддук Мухаммад ибни Бобвейхи Куми ( ваф.381 х.к.),

“атТахзиб” ё “Тахзибулахком”, ва “алИстибсор” хар ду аз шайхуттоифа Абучаъфар Мухаммад ибни Хасани Туси (ваф.460 х.к.) мебошад.

Чунон ки гуфтем хадисхоро дар илми хадис табакабанди кардаанд, он мачмуъахое, ки ёд намудем, хадисхои сахех буданд. Ба гайр аз ин мухаддисин боз ду навъ хадис х а с а н ва з а ъ и фро таъйин намудаанд. Сахех он аст, ки санаду нокилон ( шахсони наклкунанда) боварибахш, муттасил ва маъруф бошанд. Хасан он аст, ки махрачи он маълум бошад ва ровиёти он машхур. Заъиф он аст, ки шароити сахех ва хасанро надорад. Ин аст мухтасар дар бораи Суннат ва илми хадис.

Илми хадис ва хадисшиноси низ яке аз дастовардхои тамаддуни исломи буда, барои бой гардидани маъорифи ислом, рушди илми фикх, ахлок ва илохиёт накши муассир бозидааст. Донистани илми хадис барои уламои дин, факехон ва онхое, ки исломро дуруст шинохтан мехоханд хатмист. Дар асоси хадисхо доираи суннати ислом муайян карда шудааст.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222