Главная / Маданият ва санъат / Хафтранг – афсонаи точики (хикоя)

Хафтранг – афсонаи точики (хикоя)

Замоне дар як диёр хафт ранг зиндаги мекард. Онхо Сурх, Сабз, Норинчи, Зард, Кабуд, Бунафш ва Гулоби буданд. Хеч кадоме аз ин рангхо боре бо ранги дигар наомехта буд. Хар ранг фикр мекард, ки аз рангхои дигар зеботар аст.

хафтранг

Дар як гушаи ин диёр ранги Сафед хам зиндаги мекард. Вай аз ин рафтори рангхо огох буд. Рузе онхоро ба назди худ даъват кард ва гуфт:

Биёед, ман шуморо ба назди Хафтранг бубарам. Хафтранг дар сарзамини хеле дур зиндаги мекунад. Рангхо рози шуданд ва бо ранги Сафед ба сафар баромаданд. Худписандии рангхо хангоми сафар хам ба назар мерасид. Яке акиб мемонд, дигаре пеш мерафт.

Рангхо аз болои дарё гузаштанд. Ранги Кабуд фарёд зад:

Ана, маро бинед, чи гуна зебоям!

2

Рангхои дигар чизе гуфтани буданд, ки ранги Сафед гуфт:
– Биёед, поинтар фароем ва каме истирохат кунем. Ранг- хо поин фуромаданд ва раккосаеро диданд, ки бо пирохани зебо ракс мекард.
Пироханаш чунон чолиб буд, ки рангхои гуногуни он бинандаро ба шавк меовард. Дар пирохани раккоса рангхои сурх, сабз, сафед ва кабуд хеле зебо менамуданд.

3

Ин манзараи зебои айриоди рангхоро ба вачд овард. “Ин хел набояд бошад”, – гуфт ранги Сабз. Норинчи хам бовар накарда гуфт: “Корест ношудани, рафтем аз ин чо”. Ранги Бунафш худ ба худ гуфт: “Агар росташро гуям, ман агар бо Гулоби якчо бошам, зеботар менамоям”. “Вах, ману Норинчию Гулоби дар пирохани он раккоса чи сон дилфиреб метобем!” – фикр мекард Сурх.

Онхо боз парвоз карданд.

Чанд фарсах парвоз карда буданд, ки миёни водихои лолазор касре намудор шуд. Аз даруни он суруди фораме шунида мешуд. Ранги Гулоби гуфт:

  • Биёед, поин фароему сурудро аз наздик гуш кунем.

Рангхо поин фуромада, гурухи занонеро диданд, ки сурудхонон гулдузи мекарданд. Гулдузи саросар аз рангхои гуногун иборат буд: сурху сабз, нориндию зард, кабуду бунафшу гулоби.

4

  • Эй дустон, шитобед, ки холо шамоли сахт мевазад! Бояд сарпанохе биёбем, – гуфт ранги Сафед.

Рангхо боз ба хаво парвоз карданд.

  • Ана дидед, бинои зеборо. Биёед, ба он даромада, гарм шавем, – гуфт ранги Гулоби.

Рангхо вориди хона шуданд.

6

7

Ин бино осорхона буд. Дар деворхои он расму рамзхои гуногун овезон буданд.

Рангхо нашои овезахоро тамошо карда, хар яке ранги худро мечуст. Лекин дар алохидаги худро пайдо намекарданд. Аз чустучуи ранги аслии худ монда шуданду, онхоро хоб бурд.

8

Субхи барвакт ранги Сафед онхоро бедор карда гуфт:

– Сафарамонро давом медихем.

Рангхо аз нав ба парвоз баромаданд. Онхо парвозкунон ба касри шишагине расиданд, ки дар осмон чойгир буд.

– Сохиби хамин каср Хафтранг аст, – гуфт ранги Сафед.

Рангхо бо овози баланд Хафтрангро чег заданд, ба хар гушаю канори каср рафтанд, аммо онро пайдо карда натавонистанд.

9

Дар борамон

Инчунин кобед

pir

Пири берахм – хикоя аз Кароматуллохи Мирзо

Додои Баходур ба охури говхо коху кунчора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи чавро аз …

222222222222222