Главная / Илм / ТАСАВВУФ ЧИСТ ДАР ИСЛОМ

ТАСАВВУФ ЧИСТ ДАР ИСЛОМ

Тасаввуф яке аз чараёнхои динию фалсафии маъруф ва бузургу сершохаи ислом мебошад. Хусусияти боризи тасаввуф дар он аст, ки вай назар ба исломи расми ва фиркахои он, ки баъдан зикр хохем кардем, камтар ба чихати зохирии ислом таваччух намуда, бештар масъалаи ботини, шинохти калби ирфонии Худо ва зимни он ё худ зери пардаи он як катор масоили соф фалсафи- шинохту маърифат (гносеология), вучудшиноси (онтология) ва шинохти нафс-равоншиноси (психология)-ро ба миён гузоштааст. Ба Кавли Мавлоно суфиён мегуянд:

Мо бурунро нангарему колро

Мо дарунро бингарему холро.

Тасаввуф нахуст дар шакли тарки дунё ва эътирози гайри фаъол-пассив аз зиндаги ва хаёти ичтимоию сиёси замон ба вучуд омада, дар ибтидо бештар ба зухду зохиди (гушанишинию пархезгори, факру гуруснаги, каноат ва хоксори)-и гохо омехта бо риёро таргиб мекард. Аксаран, бар ин акидаанд, ки ахли тасаввуф барои либоси суф-чомахои дурушту хашани пашмина пушиданашон ба суфию тасаввуф мулаккаб шудаанд. Баъзеи дигар онро иштикок аз ахли суффа- мавзеъе, ки асхоби Паёмбар (с) даври у менишастаанд донистаанд. Дар эзохи маънии тасаввуф акидахои дигар низ чой доранд, вале ин китоб хавсалаву гунчоиши хамаи онхро надорад. Дигар ин ки зухдгароию суфимаобиро аз тасаввуф ва ирфон фарк кардан лозим аст. Бехуда нест, ки дар таърихи адабиёти форси кизбу риёи зохид ва суфи маззамат, ишки ориф ситоиш карда шудааст.Чунонки Хоча Хофиз мефармояд:

Хофиз ин хиркаи пашмина биандоз, ки мо,

Аз паи кофила бо оташи ох омадаем.

ё худ

Оташи зухду риё хирмани дин хохад сухт, Хофиз инхиркаипашмина биандозу бирав.

Заминаи пайдоиш ва ривочи тасаввуфро зиддиятхои ичтимоию сиёси ва харакатхои мухолифи хилофати Уммавиён ва баъдан шароити сиёсию ичтимоии хосила аз истилои мугул ташкил мекард. Дар аввал он эътирози гайрифаъол (пассив) ба сохти ичимоию сиёсии хоким буд, харчанд дар баъзе маврид тасаввуф хамчун неруи мухолифи фаъол ва муборизу барандозандаи низомхои сиёси низ зохир шудааст.

Ва харчанд асли гоявии тасаввуфи исломиро Куръон ва хадисхо ташкил мекунад, бо вучуди ин дар пайдоиш ва тахаввули он таъсири афкори фалсафию динии насрони, монави, фалсафаи навафлотуни ва унсурхои чудогонаи ирфони хинди низ чой доранд. Мухаккикони гарби дар ин маврид як ё чанде аз ин унсурхои номбурдаро омили асосии пайдоиши тасаввуф донистаанд. Масалан, баъзе онро аксуламали тамаддуни эрони бар фарханги соми ( Э.Палмер ва диг.), дигаре натичаи таъсири афкори навафлотуни ( Р.Никольсон ва Е.Э.Бертельс), баъзехо сарчашмаи ибтидоии тасаввуфро дар дини насрони (А. Меркс, М.Смит ва хамчунин Р.Никольсон), баъзехои дигар дар таъсири адёни хинди- хиндуия ва буддоия ( А. фон Кремер, Р.Дозх, М. Хортен, Р.Зенер) ва гайра чустаанд.

Намояндагони маъруфи тасаввуф дар асрхои 8-10-ум: Хасани Басри (ваф.728), Робиаи Адвия (713-801), Абухошими Суфи, Суфёни Саври, Иброхими Адхам, Абусулаймон Довуди Тойи, Шакик ибни Иброхими Балхи, Фузайли Иёз. Маъруфи Кархи, Абуабдулло Хориси Махосиби, Абухасан Сори ибни ал-Мугаллас ибни ас- Сакати. Зуннуни Мисри (806-860), Чунайди Багдоди (ваф.910), Боязиди Бистоми (ваф.874), Сахл ибни Абдуллохи Тустари, Мансури Халлоч (857-922) ва Шибли ( ваф.946) мебошанд. Аз ин байн нахуст Зуннуни Мисри хамзамон бо зухд ва пархезгори ба суфия унсурхои фалсафаи навафлотуниро дохил намуд. Чунайд онро мураттаб ва муназзам сохт, Боязид дар шатхиёташ садои -“Субхони, субхони.! Мо аъзам-уш-шаъни!” (“Сутудашудаам , сутудашудаам! Чи андоза шаъни ман бузург аст!”) ва “Инни Аллоху ло илоха илло ано”-(“Дар хаккат ман Худоям, гайри ман худое нест”)-ро сар дод ва Мансури Халлоч ба он бо нидои “Анал Хакк!”, яъне “Ман айни Хаккам (Худоям)!” бо у хамовоз шуд ва нагмаи в а х д а т и в у ч у дро танинандоз карданд.

Баъд аз асри Х аз симохои маъруфи тасаввуф Абулхасани Харакони, Абусаиди Абулхайр, Бобо Тохири Урён, Абуалии Даккок, Абуисхоки Козуруни, Абулфазли Сарахси, Абдуррахмони Сулами, Абулкосими Гургони, Ахмади Газзоли, Айнулкуззоти Хамадони, Ахмади Чоми, Фаридуддини Аттор ва гайраро ном бурдан мумкин.

Мархилаи дуюм дар таърихи тасаввуф бо хамлаи мугул ба Эрону Хуросон, табох шудани вазъи маданию фарханги, харобиву вайронии шахрхои ободи он вобастаги дорад. Дар ин байн Сугд, Хоразм, Бохтар ва Хуросон, ки гахвораи фархангу тамаддуни Эрон буданд бештар садама диданд. Ахли ин чойхо бисёре кушта шуданд, бархе ру ба Хинд ва бархе ру ба Шому Ирок фирор карданд, хулоса хар касе тавонист чон ба саломат бурд ва тарки Ватан кард. Дар натича ин минтакаро вазъияти ихтиноку хафакон, маъюсиву навмедии саросари фаро гирифт. Вале оташи хонумонсузи хучуми мугул натавонист афкори ичтимои-фалсафиро ба кулли аз байн барад. Охиста-охиста аз байни хокистару хоктудахои шахрхои хароб мардони мутафаккир комат рост карда, афкори фалсафию илмиро дар либоси тасаввуф, ки коритарин воситаи баёни афкори пешкадам ва баёнгари рухияи мардум дар он шароит буд, зинда нигох доштанд. Махз дар хамин давра симохои намоёни тасаввуф ва ирфон чун Шахобуддини Сухраварди (1155-1191), Саъдии Шерози (1203- 1292), Шайх Мухаммад Шабистари (1284-1320) ва бисёр дигарон, ки мачоли асомии хамаи онхоро дар ин чо овардан нест, ба майдон омадаанд. Дар асрхои Х111-ХУ11 дар назми форси орифоне чун: Мавлоно Чалолиддини Руми, Шайх Санои, Шайх Фаридуддини Аттор, Хоча Хофизи Шерози, Амир Хусрави Дехлави, Низомуддин Авлиё, Мавлоно Абдуррахмони Чоми ва дигарон шухрат ёфтанд.

Дар мавриди накш ва макоми тасаввуф дар таърихи маданият ва фарханги мардуми Шарк андеша ронда, агар мо хатто, танхо ба номгуи номукаммали шахсиятхои барчаста, ки осори илмию адаби ва фалсафиашон бо тасаввуф алокаманд аст диккат дихем, ба хуби хохем дарёфт, ки ирфон ва тасаввуф магз андар магзи фарханги гузаштаи мо чой гирфтааст ва бидуни омузиши хаматарафаи маъорифи динию фалсафии ислом, алалхусус тасаввуф фахмидан ва шинохти бояду шояди он махол аст.

ТАЪЛИМОТИ ТАСАВВУФ

АСЛИ ТАЪЛИМОТИ ТАСАВВУФро тавхид дар шакли в а х д а т и в у ч у д ташкил мекунад. Тавхид дар тасаввуф назар ба исломи расми тафовути чидди дорад. Худои ягонаи берун аз олам-мовароуттабии дар тасаввуф чой надорад. Баръакс Худо ва табиат як асли вохид, як чавхар (субстансия)-и вохид дониста мешавад. Тавхиди тасаввуф хама мавчудро, чуз Худо, танхо намуд мешуморад, на вучуди вокеъи. Мавчуди хакики факат Худост, боки хама тачаллии Худо мебошанд. Чуз Худо хеч чиз вучуди вокеи надорад. Мазхари табиат мисли зухури ях дар руи об аст, чун гарми бар он асар намояд, он ях боз ба об баргардад. Он шабехи монизми хиндуия мебошад, ки дар он гуфта мешавад: “Хамчунон ки об ба ях ва шир ба чургот табдил меёбад Брахма низ шакл дигар мекунад”, яъне хастиро аз худ тавлид мекунад. Тавхиди тасаввуфро агар фаразан бо калимаи шаходати исломи расми мукоиса кунем, фарк дар он аст, ки суфи- ориф ба чои “Нест Худое ба чуз Аллох”, ба кавли Мухаммад Икбол,”Нест мавчуде ба чуз Аллох”, мегуяд. Нихоят тавхиди ориф ва мутасаввиф тайи тарик-рох кардан ва расидан ба мархилаест, ки чуз Худо хеч набинанд. Дар таълимоти тасаввуф масъалаи худошиноси ва худшиносии инсон бо хам алокаманданд. Мувофики х а д и с и к у д с и\суханони худо, ки дар Куръон ворид нашудаанд\ парвардигор махлукотро барои шиносонидани худ офаридааст. Дар он хадис омада: “Кунту канзан махфиян фа арадту ан уърафа фа халкту ал-халка ликай уърафа.”Яъне, ман ганчинаи пинхон будам ва бихостам то маро бишносанд пас махлукотро офаридам то шинохта шавам. Ба кавли мавлоно Чалолуддин Руми:

Ганчи махфи буд ,зи пурри чок кард,

Хокро тобонтар аз афлок кард.

Ганчи махфи буд зи пурри чуш кард, Хокро султони атласпуш кард.

Тибки ин таълимот гояти офариниши олам инсон аст, ки у кодир ба шинохти Худост, аммо худошиносии инсон бе худшиносии у муяссар нахохад шуд, аз ин ру хадиси дигарест, ки дар он фармудааст: “Ман арафа нафсаху факад арафа раббаху”- Яъне хар ки худро шинохт, хамоно Павардигорашро шинохта аст.

Таносуби инсону Худо таносуби о л а м и а к б а р ва олами а с г а р аст. Олами асгар (инсон) чун инъикоси хуршед-( олами акбар) дар ойинаи кучакест. Ин аст ки орифон дар худшиноси ва худошиноси ба мархилае мерасанд, ки байни худ ва Худо фарке намебинанд. Ба кавли Мавлоно Чалолуддин Руми:

Онон, ки талабгори худоед, худоед, Берун зи шумо нест, шумоед, шумоед.

Дар доираи шинохти тасаввуф бисёре аз масъалахои маърифат ва равоншиноси низ тахкикику баррасии худро ёфтаанд. Ахли тасаввуф се зинаи маърифатро: а- илм-ул-якин. б-айн-ул-якин ва в-хаккул-якин муайян кардаанд. Ба тарзи образнок ин се зинаро такрибан чунин баён намудаанд: а- гуфтанд ё шунидам, ки оташ месузонад ва огахи пайдо кардам, ки оташ месузонад; б- дидам ки оташ сузонд ва якин кардам, ки оташ месузонидааст; в- нихоят, худ дар оташ сухтам ва донистам, ки сухтан чист.

Дар назарияи маърифати ирфони макоми дил ва и ш к у завки ирфони /дар мукоиса бо акл/ нихоят баланд аст. Ба шинохти Худо ва расидан ба тавхид на аклро, балки дилро, ки макони ишк аст, бештар кодир мешуморанд.

Тасаввуф танхо як чараён ё мактаби назарию фалсафи нест, балки як ниходи ичтимои ва созмони муназзам ва тарзи зиндаги низ мебошад. Ин бахши амалии тасаввуфро ташкил медихад. Шахси ба рохи тасаввуф кадам нихода- с о л и к пас аз интихоби п и р- м у р ш и д ва таслим шудан ба у бояд се манзил-зина ( ё в о д и)-и с а й р у с у л у к- ро пушти сар кунад. Марохил ва манзилхои рохи расидан ба тавхидро орифон се: шариат, тарикат, ва хакикат ва баъзе чахор: ш а р и а т, т а р и к а т м а ъ р и ф а т ва х а к и к а т шуморидаанд. Шариат он сарманзилест, ки дар он солик бояд тамоми ахкоми шаръии исломро ичро кунад, то аз ин води ба водии тарикат дохил шавад.Тарикат мархилаи амал, риёзати рухони, такомули маънави, тасфия ва тазкияи нафс аст. \акикат сарманзили шинохт ва тавхид аст, ки баъди дар худ куштан, пахш кардани нафс ва м а н и я т (анноният) солик ба он мерасад ва дар у холати фано хосил мешавад. Баъзе урафо манозил ё зинахоро аз ин хам бештар медонанд. Масалан Шайх Фаридуддин Аттор аз хафт води: талаб, ишк, маърифат, истично, тавхид, хайрат ва фано дар “Мантик-ут-тайр”, сухан гуфтааст.

Дар тасаввуф ба гайр аз манозил ё водихои номбурда, хадди акал аз хафт м а к о м (тавба, вараъ, зухд, факр, сабр, таваккул ва ризо) ва дах х о л а т (мурокиба, курб, мухаббат, хавф, ричо, шавк, унс, итминон, мушохида ва якин)-и суфи ё ориф сухан гуфтаанд. Солик бояд ин макомот ва холотро зина ба зина пушти сар кунад то ба сарманзили максуд расад. Макомотро метавон зинахои таслим ва тафсияи нафс ва холатро вазъият ва холати психологию эхсоси ( эмоционали)-и солик донист.

Дар назарияи маърифати ирфони макоми дил ва и ш к у з а в к и ирфони \ дар мукоиса бо акл \ нихоят баланд аст. Ба шинохти Худо ва расидан ба тавхид на аклро балки дилро , ки макони ишк аст, бештар кодир мешуморанд.

Суфиён либоси хосе мепушиданд, ки х и р к а ном дошт ва дар махалхои муъайян мезистанд, ки х о н ак о номида мешуд. Аз амали онхо гуша-ч и л л а н и ш и н и, с а м о ъ –ичрои маросим бо мусикиву раксро метавон ном бурд.

Тасаввуф ба чандин шоха-фирка ( ё тарикат) таксим шудааст, ки маъруфтарини онхо: мухосибия, кассория, тайфурия, чунайдия, нурия, сахлия, хакамия, хафифия, хурозия, сайёрия, увайсия, адхамия, чиштия, маъруфия, сухравардия, мавлавия, нурбахшия, сафавия, неъматуллоия, кубравия ва захабия, бектошия, рифоъия, накшбандия, чамолия, кодирия, маломатия, ясавия, хочагон аст.

Дар Осиёи Маркази бештар пайравони фирка ё тарикатхои кубравия, накшбандия ва ясавия таъсири зиёд доштанд. Асосгузори фиркаи кубравия Шайх Начмуддини Кубро (1145-1221) буда, ин тарикат ибтидои асри XIII дар Хоразм ташаккул ёфтааст. Тарикати кубравия яке аз шохахои эрони-ориёии тасаввуф буда, дар таърихи маданияти халкхои Осиёи Маркази накши зиёде гузоштааст. Тасаввуфшиноси маъруфи инглис Тримингэм Ч. С. дар мавриди асари Начмуддини Кубро “Фи адабис-соликин” фармудааст, ки он мархилаи мухиме дар рохи эроникунонии тасаввуф буд”.

НАКШБАНДИЯ

яке аз тарикатхои маъруфи тасаввуф дар Осиёи Маркази мебошад, ки дар садаи XIV зухур карда, бо номи асосгузори он Шайх Бахоуддини Накшбанд (1319-1389) номида шудааст. Накшбандия тазохурро дар диёнат ва ибодат мазаммат намуда, риояти катъии суннати паёмбарро талаб мекунад, барои дарвешон гушанишиниро дар хонакоххо хатми намешуморад, балки шиори “Даст ба кору дил ба ёр”- ро талкин менамояд. Пайравони ин фирка бештар аз байни хунармандон ва косибони шахри буданд.

ЯСАВИЯ

фиркаест аз тасаввуф, ки асосгузори он шайх Ахмади Ясави (ваф.1166)мебошад. Ин фирка таълимоти исломро барои шуури кабилахои турки Осиёи Маркази мувофик намудааст. Намояндагони маъруфи он – Сулаймони Бокиргони ва Суфи Оллохёр мебошанд, ки дар интишори тасаввуф дар байни узбекон ва туркони Осиёи Маркази накши муассир доранд.

Дар тули чандин асри вучуди тасаввуф як зумра адабиёти назариявию таърихии тасаввуф ба вучуд омаданд. Аз чумла метавон аз “Китоб ал- ламмаъ”-и ас-Сарроч, “Китоб ат-таъоруф”-и ал-Калободи, “Китоб ал- кулуб”-и ал-Макки “Рисолатул-Кушайрия”-и Абулкосим Кушайри (986- 1074), “Кашф-ул-махчуб”-и Чулобии Хачвири (а.Х1), ” Эхё ул-улум-ад- дин”-и Имом Мухаммад Раззоли, “Фусус-ул-хикам” ва “ал- Футухот-ул- Маккия”-и Ибн ал-Араби (1165-1240), “Тазкират-ул- авлиё”-и Фариддудин Аттор ва тайра ном бурд.

Накши тасаввуф дар таърихи маданию фарханги ва ичтимоию сиёсии олами ислом хеле зиддиятнок аст. Аз як су, бешак тасаввуф як падидаи динию маънави ва ичтимоию сиёсиест, ки на танхо дар таърихи тамаддуни исломи балки дар тамаддуни умумибашарии чахони таъсиру накши бузурге гузоштааст. Дар зери чатри тасаввуф бехтарин осори насрию назми дар таърихи илму адаби халкхои мусалмон ба вучуд омаданд ва он дар тарбияи маънавию ахлоки, рушди адабиёту фарханг накши босазое гузоштааст. Аз суи дигар, тасаввуф дар шакли зухду суфигари ба ривочи дунёбезори, танбали, тазохур ва риё ва дар натича дур шудан аз асли ичтиходу чиходи созандаи ислом, акибмонии миллатхои мусалмон аз кофилаи таърих низ таъсири манфии худро гузоштааст. Аз ин ру бесабаб нест, ки он аз тарафи як зумра мутафаккирони исломи зери тозиёнаи интикод карор гирифтааст

Дар борамон

Инчунин кобед

kampir

Маоши аввал – хикоя

Кариб як хафта буд, ки Саидахола дар хавли танхо мезист. Писараш дар хидмати харби, кели- …

222222222222222