Главная / Илм / ФАЛСАФАИ ИСМОИЛИЯ

ФАЛСАФАИ ИСМОИЛИЯ

Исмоилия – яке аз бузургтарин фиркаи шиъа мебошад, ки дар асри VIII ба вучуд омадааст. Фиркаи исмоилия дар амал он заминаи идеологии харакати васеъи сиёсии мухолиф ба хилофати Аббосиён буд, ки баъдтар ба нахзати доманадори карматия табдил ёфт. Ин шуриши гуломон ва бенавоёни шахри ва гурухи васеъи табакоти миёна буд, ки дар Ироку Хузистон солхои 868883 ба вукуъ пайваст. Рахбарони он дар аввал Абдулло ибниМаймунва баъданХамдонКармат будаанд.

ismoiliho

Исмоилиёнро ботини низ мехонанд, чун онхо акида доранд, ки “хар зохире ботин ва хар ояте таъвил дорад”. Гайр аз ин, исмоилиёнро, чунонки Шахристони таъкид карда, дар Ирок ка р м а т и я ва м а з д а к и я, дар Хуросон т а ъ т и л и я ва м у л х и д и я низ меномидаанд. Вале онхо худашонро исмоилия меонамон.

Дар ташаккули фалсафаи исмоилия таъсири гояхои Афлотун (асри ГУ пеш а.м.) ва навафлотуни (асри ГГГ м.) аз тарики насрония ва Арасту дар фалсафаи табииёт (натурфилософия) мушохида карда мешавад. Мувофики таълимоти исмоилия мабдаи ягонаи хаводиси мутааддиди олам Худо – ” ал-Гайбут-Таъоло” ё «Зоти Кулл» дар холати ороми (ё сукут)-и абадист. Вай хеч гуна сифат (атрибут) надорад ва барои башар номуайян ва шинохтанашаванда аст. Вай, чунон ки динхои яхудия, насрония ва ислом таълим медиханд, холику офаридгори олам нест.

Худо – Зоти Кулл бо иродаи азалии худ Чавхар (субстансия)-и эчодгар А к л и К у л л ро чудо мекунад. Ин аввалин судури Худост. Акли Кулл дорои хамаи сифотест, ки мусалмонон ба Аллох нисбат медиханд ва сифати асосии вай илм аст. Ибодатро бояд ба у кард. Вай дорои номхои зиёд аст. Акли Кулл зинаи поёнии судур – Нафси Куллро эчод кард. Вай нокис аст ва сифати асосии вай хаёт аст. Нафси Кулл бо эхсоси нокисии худ майл ба камол мекунад ва аз худ судури тозае мекунад ва Моддаи Аввал-Хаюлоро чудо мекунад. Аз Хаюло Замин, сайёрахо, ситорахо, махлукоти зинда ба вучуд меоянд. Пайдоиши Инсон аз майли Нафси Кулл ба камол вобаста аст.

Хамин тавр исмоилия хафт зинаи судур (эманатсия): Зоти Кулл, Акли Кулл, Нафси Кулл, Хаюло, Макон, Замон, ва Инсони Комилро муайян кардааст. Дар назарияи исмоилия байни Акли Кулл ва Башар ё байни олами акбар ва олами асгар таносуб мусовист. Яъне инъикоси Акли Кулл дар чахони махсус Инсони Комил мебошад. Хаким Носири Хусрав фармуда: “Хар чи дар олами Хисси мавчуд аст, он асаре аст, аз он чи дар олами Увло /олами акбар/ мавчуд аст.”

Дар таълимоти исмоилия шумораи хафт макоми хосе дорад. Аз чумла ба гайр аз хафт зинаи судур, хафт даври нубувватро мукаррар кардаанд.

Маъруфтарин намояндагони фалсафаи исмоилия: Абухотами Рози, Мухаммад ибни Ахмади Нахшабии Насафи, Абуляъкуби Сичистони, Хамид-ад-Дин Кирмони ва Носири Хусрави Кубодиёни мебошанд.

Мактаби «Ихвони Сафо» (асри X), яке дигар аз мактабхои фалсафи ё анчумани фалсафию мазхабии сиррие мебошад, ки аъзоёни он гароиши исмоили доштанд ва худро «Ихвон-ус-Сафо» мегуфтанд. Аз онхо панчоху ду рисолаи фалсафи ва як рисолаи чомеъ боки монда. Маъруфтарин аъзои хайати тахририяи он: Абусулаймони Бусти (машхур ба Мукаддиси), Абулхасани Зинчони, Абуахмади Нахрчури (номи дигараш-Махрчони), Авфи ва Зайд ибни Рафоха будаанд. Ин мутафаккирон аввалин шуда дар тадвини доиратулмаорифи фалсафаву илмии замонашон кушидаанд. Аз ин ру метавон онхоро аввалин асхоби доиратулмаориф дар фалсафа, пеш аз маорифпарварони доиратулмаорифи франсавии асри 18 номид.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222