Главная / Илм / Асосхои фаъолгардонии инноватсионии корхонахо

Асосхои фаъолгардонии инноватсионии корхонахо

Фаъолсозии инноватсиони аз руи кобилияти мунтазам рушд ёфтан, истехсол кардан, истифода бурдан ва фурухтани навоварихо дар бозор муайян карда мешавад. Махз пешрафти инноватсиони хамчун раванди муттасили пайдарпай эчод кардан ва истифода бурдани навоварихо ва таъмини афзалиятхои ракобатпазирии корхонахо, шарти мухими конеъсозии талаботи инноватсионии чомеа махсуб мегардад. Истифодаи доимии тавлидот ва фуруши навоварихо сарчашмаи афзалиятхои ракобатпазири собити на танхо як корхонаи алохида, ягон соха ва саноат, балки тамоми кишвар ба хисоб меравад.

782d8efbf208bf85Дар шароити муосири чахонишави (глобализатсия) иктисодиёти миллии хар гуна давлат аксаран аз сатху микёси истифодаи навоварихо вобаста аст. Пешрафтхои баъдина аз тарики тагйиротхои бозори, тахкими фаъолияти инноватсионии корхонахо ва сохахои иктисодиёти миллиро дар назар дорад. Мусаллам аст, ки дар чунин шароит фаъолкунонии инноватсионии субъектхои хочагидори баланд бардошта шавад, ва ракобатпазирии онхо дар бозори чахони кави гардонида шавад. Дар ин холат, аз як тараф баланд бардоштани фаъолкунонии инноватсиони мушкилоти чустучуи роххо ва дурнамои рушди инноватсиониро вокеан, хеле мубрам месозад ва аз ин ру таваччухи махсусро такозо менамояд. Аз тарафи дигар, хар чанд мафхуми нави «фаъолкунонии инноватсиони» нисбатан хар чи бештар дар рушди амалии инноватсиони истифода мешавад, аммо то даврони феъли мушахасоти дакики назариявии он мавчуд нест.

Дар ин замина, зарур аст асосхои умуми назариявии консепсияи баланд бардоштани фаъолкунонии инноватсионии корхонахо ва сохахои саноат таракки дода шаванд. Фаъолкунонии инноватсиони-ин кобилияти корхонахо, ташкилотхо ва сохахои саноат дар амри истехсол, истифода ва амали сохтани навоварихо барои таъмини кобилияти ракобатноки ва нигох доштани хиссаи бозори навоварихо 148

барои худ мебошад. Фаъолкунонии инноватсиони-ин кобилияти мунтазами густариш бахшидан ва такмил додани истехсолот, навсозии махсулоти тавлидоти, конеъ намудани талаботи инноватсиони мебошад.

Дар байни шартхое, ки рушду болоравии фаъолкунонии инноватсионии корхонахоро таъмин менамоянд, фаркиятхои сатхи илми-техники, имконияти ба даст овардан, истехсол, истифодаи навоварихо ва пешрафти зерсохторхои инноватсиониро, ки дарачаи маълумотнокии кадрхо, дониши онхо, махорат ва малакаи тачрибаи онхо мебошад, кайд намудан лозим аст.

Унсури мухими таъминкунандаи фаъолкунонии инноватсионии корхонахо интихоби сиёсати давлатии инноватсиони махсуб мегардад, яъне давлат чун коида дар асоси амали гардонидани он метавонад ба фаъолкунонии инноватсиони ва чузъихти он таъсири мусбат ё манфи расонад. Маъмулан, сатхи фаъолкунонии инноватсионии корхонахо бояд аз руйи сатхи имконоти амали сохтани хадафхои дурнамои рушди инноватсиони дар давраи дарозмуддат муайян карда шавад. Дар ин замина, чузъиёти асосии фаъолкунонии инноватсионии корхонахо бояд бо вазифахои асосии он; аз чумла иктисоди, илми-техники, ташкили, ичтимои ва гайра алокаманди дошта бошад.

Назарияи баланд намудани фаъолкунонии инноватсионии корхонахо бояд хадафхои худро дар заминаи халли мушкилихои илми- техники ва ичтимои-иктисоди дошта, бо назардошти чанбахои дохили ва хоричи, ки таъсири чашмрас ба ин раванд мерасонанд, тархрези карда шавад.

Болоравии фаъолкунонии инноватсионии корхонахо, кабл аз хама аз холату динамикаи тахарруки бозори навоварихо, холату тахарруки бозори технологияхо, ноу-хау, бозори захирахои инноватсиони, бозори мехнати интеллектуали вобаста мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки сатхи фаъолкунии инноватсионии кишвар аз руйи фаъолкунонии инноватсионии корхонахои алохида ва сохахои иктисодиёти милли 149

таъмин карда мешавад. Захирахои инноватсиони талаботи фаъолкунонии инноватсиони ва сармоягузориро ташаккул медиханд ва ба пешрафти фаъолиятхои инноватсиони мусоидат менамоянд. Баъди ташаккули ин тартиб, захирахои инноватсиони сохахои фаъолияти инноватсионии корхонахоро дар вобастаги аз талаботи дар бозор бавучудомада муайян месозанд.

Дар таъмини пешрафту тараккии инноватсиони дар шароити чахонишави, (глобализатсия) болоравии фаъолкунонии инноватсионии корхонахо ва сохахои иктисодиёти милли, накши мухимро мебозад. Тахлилхо нишон медиханд, ки болоравии фаъолкунонии инноватсионии корхонахо, дар нихояти кор таъсири мусбии худро ба болоравии иктисодии мамлакат низ мерасонад. Хамзамон, бояд кайд намуд, ки фаъолкунонии инноватсиони имкон медихад, ки истифодаи самараноки чузъиёти захирави, пас хамчунин иктидори инноватсиони ба таври умуми болотар бардошта шавад.

Корхонахо ва сохахои иктисодиёти милли бояд фаъолкунонии инноватсиониро дар дурнамо бо назардошти унсурхои мусоидаткунандаи ташаккули афзалиятхои инноватсиони дар иктисоди бозори афзун намоянд ва хусусияти таъсири онхоро дар шароити нав мавриди барраси карор диханд. Лозим ба тазаккур аст, ки мушкилии боло бурдани фаъолкунонии инноватсионии корхонахои саноати бо иктидори илми-техникии кишвар, амиктар намудани хамкорихои байналмиллалии илми ва илми-техники, сатхи маълумотноки ва мутобикати тахассусии онхо бо шахсоне, ки барои таъмини раванди рушди инноватсиони дар кишвар мубориза мебаранд, марбут аст. Гап дар сари он аст, ки хангоми муайян сохтани сиёсати рушди инноватсиони аксаран диккати асоси танхо ба чанбаи пули мутаваччех карда мешавад. Дар ин маврид талаботи инноватсиони, ки дар чахорчубаи иктидори илми-техники ракобати бозори, мухити мусоиди инноватсиони, имконоти кадри, заминаи ташкили-хукуки ва гайрахо ба даст омадааст, аз мадди назар дур мемонад. Ба гайр аз ин, лозим аст, ки 150

вокеияти зеринро дар кишвархое, ки ба иктисодиёти бозори гузашта рушди инноватсиониро бо сохторхои сохибкори зери таъсири ракобати бозор таъмин менамоянд, ба назар гирифт. Аз ин ру хар як корхона талош мекунад фаъолияти максаднокро дар шароити махдудияти захирахо баланд бардорад ва истехсоли молхо ва хизматхоро бо технологияи баланд ва ракобатпазир таъмин намояд.

Болоравии фаъолкунонии инноватсионии корхонахо барои зиёд шудани теъдоди муштариёни ба инноватсияхо мувочех, ки диккати худро ба харидори ва истифодаи инноватсияхо равона месозанд, мусоидат мекунад. Ин амр дар навбати худ мушкилии ташаккули бозори инноватсияхоро пеш меорад ва он мачмуи муносибатхои ташкили-иктисодиро ба худ шомил намудааст, ки дар раванди табодули натичахои фаъолияти инноватсиони пайдо мегарданд.

Вазифаи асосии дар сохаи саноат ба вучуд овардани шароит барои рушди тараккиёти фаъолона ва мунтазами корхонахо ба хотири ташкили фаъолияти самараноки сохибкори махсуб мегардад ва дар ин замина машгул сохтану бо кор таъмин кардани ахоли ва кохиш додани камбизоати боло бурда мешавад. Аз ин ру такмили сиёсати андозбанди барои хавасмандкунии корхонахои саноати бояд дар як самти афзалиятноки стратегияи ислохоти иктисодиёт дар мархилаи муосир гардад.

Низоми андозбандии мавчуда ба пастшавии тараккиёти иктисоди оварда мерасонад, ки он на танхо дар натичаи таъсири андозхо ба сармояи чамъшуда, балки як тамоюли тавлидоти содда ва пастравии фаъолкунонии инноватсиониро ташаккул медихад, ки наметавонад дар шароити ракобатпазирии иктисодиёти бозори идома ёбад. Корхона бояд фаъолияти харрузаи худро мутобики сохторхои тагйирёбандаи бозор ташкил кунад. Аз ин ру вазифаи корхонахо аз он иборат аст, ки онхо дар асоси имкониятхои илми-технологи фаъолияти инноватсиониро густариш диханд ва талаботи бозорро бо молу хизматхои ракобатпазир конеъ намоянд. Ракобати сахти бозор корхонахои дар сатхи пасти фаъолияти инноватсиони амалкунандаро мачбур месозад, ки амалётхои худро ба талаботи бозор мутобик созанд, ё ки аз доираи сохибкори берун бароянд.

Аммо андозхо тез-тез кисмати бештари фоидаи корхонахоро фуру мебаранд ва аз ин сабаб онхо наметавонанд хачми кофии сармояро барои рушди инноватсионии худ чамъовари намоянд. Дар чунин холат низоми андозбандии феъли на танхо тараккиёти иктисодиро боз медорад, балки фаъолияти инноватсионии корхонахоро низ хавасманд намесозад. Усулхои мавчудаи андозбанди ба фурубарии сармояхо оварда мерасонанд ё чамъоварии онро махдуд мекунанд. Ба ин тарик, хачми сармоягузорихо, ки ба конеъсозии талаботи корхонахо равона шудааст, кам мешавад. Хулоса, тахкикоти назариявии феномени рушди инноватсиони ба таври умуми бо мушкилоти ташаккули фаъолкунонии инноватсиони дар шароити таваккали ва номуайяни, далелнокии корхонахо, шароити амалисозии фаъолияти худ дар бозори навоварихо сар ба сар мешавад.

Шарти зарурии фаъолкунонии фаъолияти корхонахои саноати ин ташаккули зерсохторхои инноватсионии онхо, аз чумла, сохибкории инноватсиони, ба шумор меравад. Дар рафти амали сохтани ислохоти иктисоди то хол имкони эчод намудану ташкил кардани тамоми заминахои зарурии зерсохтори барои рушди инноватсионии корхонахои саноати, фарохам оварда нашудааст. Рушди инноватсонии корхонахо марбут ба холатхои зайл мебошад:

  1. аввалан, набудани низоми самараноки хавасмандкуни барои рушди фаъолияти инноватсионии корхонахои саноати, ки дар навбати худ ташаккули сохибкории инноватсиони ва фаъолкунонии инноватсиониро дар мамлакат суст месозад;
  2. дувум, набудани бозори махсулоти илми-техники, инноватсияхо;
  3. саввум, тараккиёти сусти бонкхои тичорати, сохторхои иттилооти, сармоягузори ва маркетинги, ки рушди саноатро хавасманд месозанд;
  4. чахорум, низоми номукаммали андозбандии фаъолияти инноватсионии ин сохторхо.

Дар ин робита, тадбирхои умумии барои халлу фасли рушди инноватсиони равонашуда, бояд ба баркарорсозии идоракунии раванди инноватсиони дар заминаи ташаккул ва тараккиёти сохибкории инноватсиони мусоидат намоянд. Барои ба тартиб даровардани раванди инноватсиони тахкими асосхои принсипиалии рушди инноватсиони дар хар як давраи фаъолияти корхона ба максад мувофик мебошад.

Вокеияти зерин хар чи бештар аён мегардад, ки ба ном омили инсони дар баланд бардоштани фаъолкунонии инноватсионии корхонахо накши халкунанда бозида, самаранокии истифодаи он, чустучуи мунтазами шаклу усулхои фаъолсозии корхои навоваронаи кормандони корхонахо ва ба азхудкунии саривактии навоварихо дар истехсолот сафарбар намудани онхоро такозо мекунад. Ба вучуд овардани мухити мусоиди эчоди низ дар ин чо ахамияти мухимеро касб менамояд, ки сабку услуби идоракунии ошкоро ва гайрирасми, чалби одамони лаёкатманди тафаккури гайристандартидошта, амали сохтани низомхои самараноки хавасмандкунии чустучуи акида ва афкори нав ва гайраро такозо менамояд.

Ташаккули мухити инноватсиони дар иктисодиёт ва зерсохторхои таъминоти рушди инноватсиони мавчудияти хадамоти байнисохавии миллии иттилоотии илми-техники, патентдихи ва ичозатномадихи, стандартикунони, сертификатсози, омор, марказхои тахлили барои омузиши тачрибаи хоричи, хадамоти маркетинги, омода сохтани пешгуихои тараккиёти илми-техники ва дар заминаи низоми афзалиятхои миллии сиёсати инноватсиони, ташаккулёбии онхоро ба эътибор мегирад.

Гузариш ба муносибатхои бозори дар номувофикии чиддии меъёрхои конунгузориро ба шароити идоракуни дар сохаи илм, техника, фаъолияти инноватсиони ва рушди сохибкории инноватсиони ошкор сохт. Аз ин ру мувофики максад мебуд, агар вазифахо, микдор, тарзи гузаронидани тахкикотхои маркетинги, ташкил ва рушди инфрасохторхои инноватсиони, тайёркуни ва аз нав тайёркунии кадрхо барои фаъолияти инноватсиони, амали намудани сертификаткунони ва стандартикунонии фаъолиятхои нав, махсулот ва маснуот, истехсоли махсулоти моли ва фуруши он, усулхои дастгирии давлатии фаъолияти инноватсиони, маблаггузории корхои бо фаъолияти инноватсиони алокаманд буда муайян карда шаванд. Гузариш ба иктисоди бозори ташаккул ва рушди инноватсия, сохторхои инноватсиони-сугуртави ва инноватсиони-венчуриро такозо мекунад. Хамаи ин дар навбати худ тахияи санадхои меъёри-хукукии ба ташкили фаъолияти инноватсиони мувофикро талаб мекунад.

Танзими нокифояи меъёри-хукуки на факат ба пастшавии фаъолияти инноватсионии корхонахо таъсир мерасонад ва аслан, омили асосии боздорандаи гузариши корхона ба рохи рушди инноватсиони мегардад. Масалан: тачрибаи рушди инноватсиони дар Россия нишон медихад, ки кариб сеяки корхонахои саноати фаъолияти инноватсиониро амали карда истодаанд (дар сохаи мошинсози ин нишондод кариб ними онро ташкил медихад). Ин маънои онро дорад, ки онхо бо мушкилии идоракунии инноватсиони сар ба сар мешаванд, аз чумла, бо азхудкуни ва татбики инноватсияхо, маснуоти навин, тачхизот ва маводхо.

Яке аз мухимтарин вазифахои идоракунии стратеги дар сатхи иктисоди милли ин омодасозии шароити фаъолияти инноватсионии корхонахо   мебошад.         Давлат,                          стратегияи       функсионалии

макроинноватсиониро ташаккул ва амали намуда, бояд омилхоеро пайдо намояд, ки барои маблаггузории воситахо ва халли вазифахои рушди инноватсия ва омодасозии шароит барои тахкими фаъолияти сохибкории инноватсионии корхонахо шавковар бошанд. Яке аз самараноктарин фишанги хавасмандгардонии афзоиши фаъолияти инноватсионии корхонахо танзими андозбандии фаъолияти инноватсиони мебошад.

Фаъолкунонии инноватсиони бояд барои фарохамоварии чунин шароити фаъолияти инноватсиони мусоидат кунад, ки он дар сатхи зарури имконияти дастгирии чараёни воридсози ва истифодаи навоварихо ва барориши махсулоти илмию хизматрасониро таъмин созад. Вай зарурияти тахкик ва воридсозии инноватсияхоро дар истехсолот, тараккиёти чузъиёти илми-техникии корхонаро ва такмили дарачаи маълумотнокии коргарон ва мутахассисонро пурзур мекунад. Афзоиши минбаъдаи фаъолкунонии инноватсионии корхонахо бо гузариши онхо ба сатхи сифатан нав, ки дар натичаи амалигардонии стратегияи инноватсиони ба даст оварда мешавад, пайваст мебошад.

Стратегияи инноватсиони аз як тараф барои пурзур кардани фаъолкунонии инноватсионии корхонахо ба накша гирифта шавад, аз тарафи дигар, максади он-рушди сохибкории инноватсиони мебошад. Дар мархилаи хозираи гузариш ба иктисоди бозори Стратегияи Миллии рушди Чумхурии Точикистон дар давраи то соли 2015, ки бо карори Мачлиси намояндагони Мачлиси олии Чумхурии Точикистон аз 28.06.2007 №704 тасдик шудааст, амали карда мешавад. Дар катори мушкилихои асосии рушди илм ба набудани барномахои самараноки комплексии илми-техникии чумхурияви ишора шудааст ва омадааст, ки тадкикотхои илми бе бахисобгирии афзалиятхо ва коидахои ахлокии милли пеш бурда мешаванд ва бо мутахассисони баландихтисос таъмин нестанд. Иктидори зехнии мамлакат барои халли мушкилихои аввалиндарачаи рушди ичтимои-иктисодии мамлакат бояд равона карда шавад.

Иктисодиёт азсаргузаронии давраи вазнин ва аз нав баркароркунии фаъолияти корхонахои саноатиро идома медихад ва баланд бардоштани фаъолкунонии инноватсиони сармоягузорихои бузургро такозо мекунад, ки аз имконияти давлат берун мебошад. Дар чунин шароит истифодаи чорахои гайриодди ва кушиш барои афзудани фаъолкунонии инноватсионии корхонахо ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохибкори зарур мебошад.

Дар тасаввуроти хозира, сохибкор пеш аз хама навовар-шахсест, ки имкониятхои навро чустучу мекунад ва пайдо месозад. Ба акидаи И. Шумпетер сохибкор-шахсест, ки роххои навро мекушояд, масубахои (комбинатсияхо) навро амали месозад:

  1. сохтани неъматхои нави то хол ба истеъмолкунанда ношинос ё неъматхои пешина бо сифати нав;
  2. чори кардани усули нави истехсолот, ки то хол дар ин соха истифода нашудааст;
  3. бадастоварии бозори нави фуруш ё истифодаи васеи бозори пешина;
  4. истифодаи намудхои нави ашъёи хом масолехи нимтайёр;
  5. воридсозии шакли нави ташкили кор, масалан холати инхисори ё баръакс инхисорияро бархам додан.

Ташкили раванди идоракунии фаъолияти инноватсионии корхонахои саноати дорои ахамияти бузург мебошад. Кобили кайд аст, ки азнавсозии раванди идоракунии фаъолияти инноватсиони самарабахштар мешавад, агар он дар заминаи рушди иктидори илми- технологи гузаронида шавад. Дар чараёни гузариш ба бозор идоракунии нисбатан самараноки давлати такозо карда мешавад, зеро ки давлат бояд вазифахои навини рушди инноватсияро ичро созад, барои омодасозии шароити рушди сохибкории инноватсиони ва танзими бозори инноватсияхо кушиш намояд.

Иктисодиёти мамлакат ба мархилаи нав, мураккаб ва мухталифи рушд, ки дар он тамоюли азнавсозии илми-технологи ахамияти бузургро доро мешавад, кадам менихад. Дар чунин шароит мушкилии фаъолсозии фаъолияти инноватсионии корхонахои саноати бо максади истифодаи пурраи иктидори илми-технологи ва кадрии рушди иктисодиёти милли пайдо мешавад.

Азнавсозихои ичтимои-иктисоди дар мамлакат, бидуни таъмини рушди инноватсионии сохахои иктисодиёт, ба пастшавии суръати афзоиши иктисоди, ба пастравии дарачаи ракобатнокии корхонахои милли ва ба бунёди заифи сохибкории инноватсиони оварда мерасонад. Зарурияти кабули чорахои мушаххас барои фаъолсозии фаъолияти инноватсионии субъектхои бозор бараъло намоён мешавад.

Ташкили низоми хавасмандсозии фаъолгардонии фаъолияти инноватсионии корхонахо рохи асосии стратегияи гузаронидани иктисодиёт ба шакли рушди инноватсиони мебошад. Баландбардории самаранокии фаъолияти корхонахо ва ташкилотхо бо роххои зерин ба даст оварда мешавад:

  1. Якум, бо рохи ба вучуд овардани институтхои рушди инноватсиони, ки ташаккули афзалиятхои рушди инноватсиони ва инфрасохторхои инноватсиониро таъмин месозанд. Дар айни хол захирахои илми-технологие, ки барои ноил гаштан ба максади дар пеш истода заруранд, комилан бахогузори карда мешаванд;
  2. Дуюм, мустахкам намудани иктидори илми-технологии мамлакт бо рохи фаъолсозии фаъолияти корхона ва ташкилотхо;
  3. сеюм, ташаккули асосхои институтсионалии баркароршавии бозори миллии инноватсияхо.

Нуктаи назари мазкур бояд кисми чудонашавандаи стратегияи гузариши иктисодиёти милли ба шакли рушди инноватсиони гардад.

Амаликунонии стратегияи гузариши иктисодиёти милли ба шакли рушди инноватсиони дар асоси тачрибаи хавасмандсозии андозии рушди инноватсионии корхонахо ба рох монда мешавад. Ба чузъиёти чунин акоид ва технологияхо, аввалан хавасмандкунии андозбанди; сурогави, максаднок, замонави, дуюм, карзи андози, ки ба корхонахо имконияти кам кардани андози басташударо аз фоида, ки ба фоизи муайяни илми-тадкикоти ва тачрибави-конструктори баробар аст; сеюм, аз хисоб баровардани андозхое, ки барои кам намудани заминаи андозбанди аз фоида равона шудаанд.

Яке аз афзалиятноктарин роххои стратегияи баланбардории фаъолсозии инноватсионии корхонахо ва ташкилотхо бояд навкунии низоми тахсилот ва рушди иктидори кадри дар асоси барномахои самарабахши таълим ва воридсозии низоми илму маърифат ба «маълумот барои тамоми хаёт», ё ин ки «маълумоти бефосила» шуморида шавад. Амалисозии вазифахои мазкур имконият медихад, ки талаботи корхона нисбати кадрхо ва мутахассисон бо рохи рушди малакахои илми-технологи, худомузи, ки ба фаъолсозии фаъолияти он корхона ва ташкилотхое, ки онхо амалиёти мехнатии худро ба чо меоранд, каноат карда шавад.

Ин барои гузариши иктисодиёт ба асоси нави технологи ва фарохамоварии шароитхои зарури, рушди иктидори инсони ва ташаккули асосхои интеллектуали ва амалисозии стратегияи гузариши иктисодиёт ба шакли инноватсионии рушд ва ташкили бозори миллии инноватсия имконият мухайё месозад. Тахкикот нишон медихад, ки дар Точикистон хачми харочоти давлат барои сохаи маориф аз 8,8% мачмуи махсулоти дохили дар соли 1991 то 3,5% дар соли 2005 кам шудааст ва ин хамаги кариб 30% харочотхои лозимиро ташкил медихад. Аз ин ру, такмили низоми тайёркунии кадрхо, ташаккули самараноки инфрасохторхои инноватсиони, низоми мухофизати ва истифодаи окилонаи иктидори зехни яке аз масоили мухим ва саривакти ба хисоб мераванд. Барои ин зарур аст;

  • якум, стратегияи рушди инноватсионии мамлакат тартиб дода шавад;
  • дуюм, шароити нихоят мусоид барои рушди фаъолияти инноватсиони фарохам оварда шавад;
  • сеюм, сиёсати самарабахши инноватсиони ва гузаронидани реструктуризатсияи иктидори илми-техники дар сохахои иктисодиёти милли амали гардад;
  • чорум, баландбардории самаранокии манбахои аклони бахисоб гирифта шавад;
  • панчум, низоми бонкии карздихии рушди фаъолияти инноватсионии сармоягузори, ки лоихахои инноватсиониро мувофик ва амали месозанд такмил дода шавад.

Рушди сохибкории инноватсиони ташаккули заминаи меъёрии- хукуки ва чорахои мувофики хавасмандкунии фаъолияти инноватсиониро дар назар дорад. Нигахдори ва рушди иктидори илми- технологии корхона ва ташкилотхои мамлакат афзоиши хачми сармояро дар мадди назар дорад. Таъминоти нокифояи сохаи илм (0,2% аз мачмуи махсулоти дохили барои с. 2000-2005), набудани озмунхои таксимоти васоит ва дарачаи пасти музди мехнат фаъолнокии инноватсионии корхона ва ташкилотхоро паст месозанд. Харочоти дохили ба тадкикот ва коркарди илми кариб 0,12 фоизро аз мачмуи махсулоти дохили ташкил медихад, ки дар холе, ки дар мамлакатхои мутаракки он дар худуди 1-3 фоиз аз мачмуи махсулоти дохили карор дорад.

Дар ин самт накши асосиро фондхои гайрибучавии сохави ва гайрисохави ва корхои тачрибави конструктори мебозанд. Онхо, одатан, аз хисоби бахшишхои ихтиёрии корхонахо ва ташкилотхои дорои шаклхои гуногунии моликият ва вучуд оварда мешаванд. Дар ин мархила масъалаи такмили низоми тайёркуни ва азнавтайёркунии кадрхои мухандиси-техники ва мутахассисони сохаи фаъолияти инноватсиони ба чои аввал мебарояд.

Ташкили низоми тайёркуни, азнавтайёркунии ва такмили ихтисоси кадрхо бояд барои баландбарории сатхи далелнокии онхо, истифодаи шаклхои хавасмандии амали, ки барои ба даст овардани натичахои дилхохи инноватсиони муайян карда шудаанд, нигаронида шавад.

Самаранокии ташкили низоми тайёркуни, азнавтайёркуни ва такмили ихтисоси мутаххасисонро дар чумхури аз бисёр чихатхо амалигардонии чорахои комплекси оид ба муносибгардонии барномахо ва накшахои таълими, усулхои азнавтайёркуни ва такмили ихстисос дар мактабхои оли ва бизнес-сохторхо, муайян менамояд. Инчунин лозим аст, ки барои тезонидани рушди инноватсиони ва сохибкории инноватсиони шавкманди зохир гардад.

Хулоса, тахлили рушди иктидори илми-технологии корхонахо, ташкилотхо ва фаъолкунонии фаъолияти инноватсионии онхо ба амалигардонии лоихахои инноватсиони, фарохамоварии мухити мусоиди сармоягузори ва андозбанди, карздихии бонкии чараёнхои инноватсиони ва ташаккули инфрасохтори фаъолияти инноватсиони ишорат мекунад.

Фаъолгардонии инноватсионии корхонахо ба такмили низоми муосири тайёр кардани кадрхои баландихтисос ва баланд бардоштани тахассуси мутахасисон дар самти фаъолияти инноватсиони асос ёфтааст. Фарохам овардани шароит барои кори эчоди ва рушди касбии мутахассисон дар самти фаъолияти инноватсиони дар назди институтхои илмию тадкикоти, муассисахои тахсилоти оли, хамчун дар корхонахое, ки ба фаъолияти инноватсиони машгуланд, таъсису фаъол гардонидани марказхои махсуси таълимию методи аз руйи фанхои фаъолияти инноватсиони ташкил менамояд.

Дар борамон

Инчунин кобед

images-5

Психология ва донишгохи психологи

Олами вокеи, ки аз ашёву ходисахо, набототу хайвонот, одамон ва муносибатхои байнионхо иборат аст, барои …

222222222222222