Ааввалин кушиши яктопарасти, ки барои шинохти масири тахаввули шуури динии инсон мухим аст, дар Миср карда мешавад. Ин кушиш дар замони салтанати Амонхутап (ё худ Амонфис) – и IV, ки дар асри XVI кабл аз мелод мезистааст, карда шуда буд.
У пас аз як муддати ба сари хокимият омадан кушидаст, ки парастиши Амон, Птох ва дигар худоёни муътабари Мисриро бархам занад. Вай як худоиягонае бо номи Атон – худои Офтобро барои хама чори кард. Фиръавн Амонхутап IV номи худро низ ба ин муносибат иваз намуда Эхнотун (хости Атун ё бандаи Атун) номид ва пойтахти наве ба номи Ахетатун (осмони Атун) бунёд кард, ки то дар номи шахр низ номи худо бошад. Ин шахр ва Маъбади Атун холо Тел-ал-Амарна ном дорад.
Аммо ин ислохи Эхнотун муваффакият пайдо накард. Баъд аз вафоти у худову парастишхои кухна аз нав баркарор ва номи фиръавни муслих ба куфру бидъат лаънат карда шуданд. Мисриён, чунон ки дидем, худоёни бисёре доштанд вале аз байни ин хама худоёне буданд, ки бештар маъруф ва мукаддас буданд .