Главная / Маданият ва санъат / Гушавора – китоби хикоя барои бачагон

Гушавора – китоби хикоя барои бачагон

Андаке поёнтар аз дехаи мо, дар канори рох, ки дар ду чониби он ангурзор, богхои сарсабзу хуррами мева то ба дурихо доман густурда буданд, кабре мавчуд буд, кабри ягона. Мо, хурдсолони он солхо, дар хайрат будем, ки ин мадфани одами бахри чи, бо чи вачхе ин чо пайдо шуда? Чаро уро дар гуристон ба хок насупурдаанд? Боз аз он дар хайрат мешудем, ки зани кухансоле дастархони пури нон дар тори сар ба сари гур меомад. Дастурхон мекушод, нонхоро руйи он пахн мекард, баъд хоки гурро ба дидагон мемолид, гурро ба огуш мекашид, баъд ба навха медаромад:

gusahvora

– Рустамчон, чони апа, нон овардам, нонхои гарм, нони гандум, нони сафед, нон фаровон шуд, дар хама чо арзон… Он рузхо гузаштанд, рафтанд. Хайф шуди, сад хайфи ту, Рустамчон! Хез, нон овардам, нон!..

Ин зан ки буда, чаро ин гур ин чо пайдо шуда? Баъд хамааш ба мо маълум гашт.

Карибихои субх барф аз боридан монд. Замину замон ях баст. Торафт хунуки сахт мешуд. Аммо ба ин нигох накарда, имруз мардум сер- тараддуд буданд, ба бозор мерафтанд. Хама як ташвиш доштанд, чизу мол, асбобу анчоми рузгорро ба бозор бурда, галла ё нон харидани буданд. Рох пур аз пиёдаву савора.

Бачаи тахминан 15 – 16-солае, ки дар тан чомаи чда-чдаи сатини сиёх ва дар по музахои дарида дошту руймолашро гирди сару гушхояш печонда буд, аз пайрохае ба рохи калон баромада, ба бозоракихо хамрох шуд.

  • Ха, Рустам, дар ин хунуки кучо мерави? – пур- сид пирмарди савора, ки худро руйи зин бо чакман дурустакак печонда буд, лачоми аспашро кашида.
  • Бозор, – гуфт Рустам.
  • Чи мебари?

ds

Рустам ба суоли пирмард чи чавоб доданашро надониста, худро андаке ба акиб кашид ва даст ба кисааш андохт. у гушворахои модари рахматиашро, ки пас аз чанг (Чанги Бузурги Ватании солхои 1941- 1945-ум дар назар аст) рафтани падараш ба бис- тари бемори афтода, чанд руз пеш аз олам гузашта буд, аз киса баровард. Баргакхои он ларзиш хурда, охиста чрангос заданд. Садои шинос; модари Рус- там хар гох ки аз коре ба завк меомад, бо табассум сар мечунбонд, баргакхои гушвораи у ана хамин тавр ларзида садо медоданд.

Гушворахо ба у бисёр мезебиданд ва модари Рустам онхоро хеч гох аз гуш

намегирифт. Гушворахои уро танхо вакте занхои хамсоя аз гушаш гирифта, аз руйи васияташ ба хохари калонии Рустам – Хабиба доданд, ки вай аз олам чашм пушида буд. Холо Рустам хамин гуш- ворахои модарро ба бозор бурда, бо нон иваз карданист. Илочи дигар хам намонда. Ду руз боз Рустам ва хохараконаш – Хабибаю Назираи хурд- сол гуруснаанд.

Бегох Рустам як пора нони хушки хакки худашро хам ба хохараконаш таксим кард. Охир, акнун у марди хоа аст. Инро ба у падар дар номааш таъкид намуда. у гуфта, ки баъди сари модар нигохубин ва саробонии хохараконаш ба ухдаи вай, бо нангу номус бошад. Хохараконаш нангу номуси у будаанд. Бале, падар рост мегуяд, вай мардбача, марди хона.

… Рузи дуюм аст, ки Рустам дигар барои нон ба хонаи кари Бури намеравад ва Бури низ акнун ба хонаи онхо намеояд. у одами зишт будааст.

– Рустам, омади, биё, – кари Бури хилофи хар- руза хандон-хандон аз хонааш ба пешвози Рустам баромад. Уро ба хона хонд. – Рустамчон, нон бисёр, ба ту то соли оянда мерасад, ана, худат бин, – Кари Бури ба ду халта нони хушк, ки дар як тарафи хона руйи хам чида буданд, ишора кард. – Лекин, Рустам- чон, як маслихат, – кари Бури риши гулии мошу- биринчашро даст-даст карда идома дод: – Хабиба- ро ба ман медихи.

Гушавора

Кари Бури боз чи гуфт? Рустам уро намешунид. Осмон гуё ба сараш фуру омад. Акнун у фахмид, ки

кари Бури ба чи сабаб пас аз марги модараш ба онхо ин кадар мухибу мехрубон шуда. На, на, Рустам хохараконашро бо нон иваз намекунад, Хабибаро ба Кари Бури намедихад! Коре карда, рузи хохара- конашро мегузаронад, нон меёбад.

Рустам аз гуруснаги якбора худро бехол хис кард. «Худро ба даст гир, Рустам, ту акнун марди хонаи…» Рустам гушворахои модарашро аз нав ба кисаи пеши багалаш андохт. Пирамарди савора гардиши теппаро тоб хурда аз назари у дур шуда буд.

Рустам катори бозоракихо кадам мениход…

Бозори Янгибозор. Нурхои камтаъсири офтоби зимистон ба оби дарёи Кофарнихон, ки мардуми бисёре дар канори он чамъ омада, хариду фуруш доштанд, бархурда шаъшаъапоши мекарданд. Оби дарё аз кабати ях бесадо чори мешуд. Чарахсахои он ба руйи сангхо бархурда ях мебаст, сангхо чун оина шаффоф мешуданд. Шамоли сард мевазид, одамон дандон ба дандон монда, ба хунуки токат мекарданд. Руз хунук аммо бозор гармтар мешуд. Ана, як харидор, марди бурутии тануманде, дар ру ба руйи Рустам, ки гушворахои модар дар даст гарки хеёлот буд, бозистод.

– Бача, гушвораро мефуруши? Ку, ба ман буте, – даст дароз кард мард.

«Чи? у гушворахои модарашро ба кафи хамин мард мегузорад? Ба у фурушад? Васияти модар чи мешавад? Гушворахо аз они Хабиба. Не, намехохад онхоро ба харидор бидихад. Бо нон хам иваз наме-
кунад. Ба гуруснаги тоб меоранду нишонаи модарро эхтиёт мекунанд.»

… Рустам гушворахои модарашро ба кисабагал андохт. Марди бурути гур-гуркунон аз назди у гу- зашта рафт. Рустам хам аз бозор баромад. Ба канори рохи калон гузашта, барфи руйи сангеро бо лаби остини чомааш руфт. Бале, у гушворахои мо- дарашаро намефурушад. Аммо нон ёфтан лозим. Бо кадом рох?.. Аз гуруснаги сари Рустам чарх гашт. у бемадорона руйи тахтасанг нишаста, сарашро миёни кафхояш гирифт. Холо хохараконаш аз хоб хестаанд. Онхо хам гуруснаанд. «Нон» мегуянд. Рустам ба деха баргардад? Бе нон? Бо дасти холи? Рустам аз чояш хест. Офтоб ба миёни осмон омада, бозор камодам шуда буд.

Рустам ба рох даромад. «Ба куч Ба деха?»

баногох фикре ба сари у омаду ба тарафи ду асп, ки чанд кадам онсутар ба харии(?) боми хонае баста шуда буданд, равона шуд. Аспхо аз турбахои пур кумур-кумур чав мехурданд. Рустам харосон атроф- ро аз назар гузаронду руймолашро аз сар кушод ва руйи замин пахн намуд. Аз сари асп турбаро гириф- та, чро зуд ба руймолаш холи кард. Банди турба- ро аз нав ба сари асп кашида буд, ки як мард тозиёна дар даст аз ру ба руяш пайдо шуд.

– Кани, сагира, ба ман нигар!?

Бо камчин задани падар

Хануз Рустам дасташро аз турба нагирифта буд, ки мард чанд тозиёна паси хам ба сару руйи у зад. Аз чашму руйи у хун чори шуда, руйи барфхоро лола- гун кард. Рустам фарёдзанон ба замин афтид.

Дар гирди у ва сохиби асп бозоракихои бисёре чамъ омада буданд. Онхо аз вокеа огох, шуда, сохиби асп- ро сарзаниш карданд. Гуфтанд, ки сагираи бечора- ро бехуда зада мачрух сохт. Наход одами каппа- калон як бачаи бечораро ин кадар занад?

Мард хам аз берахмиаш хичолат кашид, ки аз гиребони чомаи Рустам дошта, уро аз руйи барф рост намуд ва руймоли чро ба дасташ дода гуфт:

– Гир, сагира, гум шав! Рав!

Аммо Рустам бовар намекард, ки руймоли чро ба у баргардонданд. у руймолро ба даст гирифта, хамаи дарду ранчашро фаромуш намуд. Рустам аз назди издихоми мардум дур мешуд, хама ба у бо тараххум нигох мекарданд.

у гушвораи модарашро нафурухта, барои хохараконаш хуроки ёфт. Чавро дар угур куфта орд мекунад. у марди хона аст, бояд хохараконашро хуронад… Рустам, пешпо хурду ба замин афтод. Аз чой бархостани шуд, аммо мадор надошт.

– Рустамчон, хез дастатро ба ман дех… – дасти модараш ба суйи у дароз шуд.

– Не, ман худам мехезам, модарчон, – Рустам аз ч бархостани шуд. Нимхез шуда ба даруни ч афтод. Аз хунуки тамоми баданаш вичиррос заду ба хуш омад. Касе дасти уро дошта аз чояш хезонд.

Хаво торик шуда, боз барф меборид. То деха хеле рох. Рустам, руймоли ч дар даст, бехушона дар байни рох кадам мезад.

бача дар барфи зимистон хунук хурда гашта

Чарогхои деха намудор шуданд. Рустам руй- моли чавро ба руйи барф нихода, дар канори рох нишаст. Сару руяш гарки обу арак, шуда, тамоми ба- данаш чун барги бед меларзид. у дигар аз чо хеста наметавонист. То деха андаке рох. Он чо хохара- конаш бо чашми чор ба рохи у нигаронанд. Аммо Рустам дигар кадаме ба пеш нихода наметавонист. Аз чояш хестани шуд, мадораш намонда буд. Чарогхои деха дар пеши назари у хомуш шуданд…

  • Рустамчон, хез, биё, боз андаке рох монд, – модар ба суйи у боз даст дароз кард.
  • Рустам, ту акнун марди хона, хона ва хохарако- натро нигахбон шав, – овози падарро шунид. Аммо Рустам дигар мадори аз чой хестан надошт. Гурус- наги уро аз пой афтонда буд. Руяш аз барф сафед мешуд…

*   * *

Зани миёнсоле ба сари кабр расида, дастархони пури нонро аз сар гирифта, дар наздаш пахн намуд, сони кабрро огуш карда ба навха даромад:

– Рустамчон, хез, чонакам, хез, нон овардам, нони гарм, нони гандум. Нон дар хама чо пур шуд, арзони, фаровони, хез…

Зан хохари калони Рустам Хабиба аст. Хар гох гушворахои модар дар гуш, дастархони пури нон дар тори сар ба зиёрати мадфани бародараш Рустам, ки як вактхо аз гуруснаги дар даромадгохи деха чон дода буд ва мардум уро дар хамин чо ба хок супур- даанд, меояд, ба ёди у менолад. Рузхои гуруснаги ва Рустамро ба ёд меорад…

ОХИРИ КИТОБ

Мухаррир – Робия Абдуллоева

Мухаррири техникй – Фирдавс Давлатбеков

Таррох, ва ороишгар Рассом – Амирхон Ахмадхонов

Хуруфчин – Хусейн Чилаев Суруш Зайниддинов

 

Ба чопаш 13.01.2015 имзо шуд. Андозаи 60х84 1/16.

Когази бурандуд. Чопи офсетй. Чузъи чопй 0,75.
Гарнитура Times New Roman Tj.

Адади нашр 5000 нусха. Супориш № 35/2015

Муассисаи нашриявии «Маориф»-и
Вазорати маориф ва илми Чумхурии Тикистон.
734024, Душанбе, кучаи А. Дониш, 50.

Тел: 98-552-89-89. E-mail: najmiddin64@mail.ru

 

 

 

 

 

Дар борамон

Инчунин кобед

pir

Пири берахм – хикоя аз Кароматуллохи Мирзо

Додои Баходур ба охури говхо коху кунчора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи чавро аз …

222222222222222