Главная / Илм / МУБОРИЗАИ ХАЛЦИ ТОЧИК БАР ЗИДДИ МУТЛАЦИЯТИ РОССИЯ ВА АМОРАТИ БУХОРО

МУБОРИЗАИ ХАЛЦИ ТОЧИК БАР ЗИДДИ МУТЛАЦИЯТИ РОССИЯ ВА АМОРАТИ БУХОРО

Сиёсати мустамликавии хукумати подшохи ва аморати Бухоро зиддияти ичтимоиро тезу тунд гардонда, норозигии ахолии мустамликаро ба шуриши ошкоро бархезонд. Ошубхои халки баъзан кисми калони ахолиро ба худ кашида, характери оммавиро мегирифтанд. Кувахои харакатдихандаи ин шуришхо асосан дехдонони чоряккор, мардикорон, хунармандон ва камбаалон буданд. Дар баробари точикон дар ошубхои халки мехнаткашони узбек, кири ва туркман низ фаъолона иштирок доштанд.
Соли 1870 ду хазор нафар дехдонон барои ситондани микдори зиёди хироч, ва закот ба шур омада, калъаи Балчувонро мухосира карданд. Беки Балчувон
Абдукаримбек, ки сабабгори шуриш шуда буд, аз газаби халк тарсида ба Хисор гурехт. Ошуб характери номутташакилона дошт. Дехдонон калъаро гирифта, молу мулки онро байни худ таксим карда, хамоно хона ба хона пароканда шуданд. Аз ин истифода бурда, ошубро дастаи аскарони хокими Хисор Якуб – Кушбеги пахш карданд. Чанд тан аз иштирокчиёни шуриш ба дор кашида шуданд.
Кисме аз онхо ба Дарвоз гурехтанд. Абдукарим ба Балчувон баргашта, ба тарики пештара мардумро орат мекард.
Мохи декабри соли 1874 аз сабаби худсарии андозчамъкунандагон дар Балчувон ошуби дигар сар зад. Мардумро фиреб доданд, ки ба амир арзу шикоят карда, ба чавоби он мунтазир шаванд. Дар ин лахза сардори дастаи кушуни Бухоро 7- нафар сардорони шуришро дастгир карда, ба зиндон партофт ва шуришро пахш намуд.
Соли 1872 дар Хучанд бар зидди сиёсати андозгирии хукумати подшохи ва зулму хокимони махали шуриши халки ба амал омад. 15-уми апрели соли 1873 дар Хучанд шуриши дигар ба амал омад, ки андозхо кам карда, шароити мехнат бехтар карда шавад. Шуришро дастаи харби пахш карда, бисёр иштирокчиёни он ба Сибир бадара карда шуданд.
Соли 1873 дар Паши ном дехаи Уротеппа ва соли 1875 аз нав дар Уротеппа ошубхо ба амал омада буданд.
Дар солхои 1885-1886 шуришхои калони халки кариб тамоми махаллхои точикнишинро фаро гирифт. Дехдонони Муъминобод, Шуробод, Кулоб, Балчон ва Хисор ба шуриш бархестанд. Дар Хисор дехконон барои замин ва об мубориза мебурданд, ки ба он хамрох гардиданд. Дар натичаи муборизаи дуру дароз сохибони дуконхо мачбур шуданд, ки талаботхои ошубгаронро ичро кунанд.
Калонтарин баромади халки дар Бухорои Шарки ба мукобили зулми амири шуриши соли 1888 буд. Дар бораи санаи шуриш дар байни таърихчиён солхои тулони акидаи ягона набуд. Аксарияти муаррихон саршавии шуришро соли 1885 (аз чумла ин санаро таърихнигорони машхур Б.Гафуров ва Б.Искандаров) хисоб мекарданд. Лекин тадкикотхои минбаъда нишон дод, ки шуриш соли 1888 рух дода буд. (Пирумшоев Х.П. Таърихи омузиши шуриши Восеъ. – Душанбе, 1992.-С.57-68).
Дар бекигарии Кулобу Балчувон чандинсол хушксоли ба амал омад. Соли 1888 (то ин давра соли 1885 – нишон дода мешуд) соли серхосил омад. Амалдорон мехостанд, ки аз дехдонон андозхои барзиёд гирифта, ба ин восита чои солхои камхосилро пур кунанд. Ин бахонаи шуриш гардид.
Шуриш дар амлокдории Ховалинг сар шуда, Балчувон, Сарихосор, Кулоб ва дигар нохияхоро фаро гирифт.
Пешвои шуриши дехдонони Ховалинги Абдулвосеъ буд. Шуриш ба мукобили сиёсати амир ва амалдорони махали равона карда шуд.
Дехдонон талаби амалдоронро дар бораи адои андози чандсола рад карданд, дар натича дар миёни девдонон ва андозчамъкунандагон задухурд ба вучуд омад. Дехдонони башуромада закотгирро куштанд, хонаи амалдори Ховалингро хароб карда, ба суи калъаи Беки Балчувон харакат карданд. Онхо кушиш мекарданд, ки масъаларо ба тарзи гуфтугу хал кунанд. Бек ба назди чамъомадагон муллохоро фиристода, максад дошт, ки девдононро пароканда намояд.
Дар ин муддат бек аскаронашро бар зидди дехдонон омода мекард. Шуришгарон ба аскарони бек шикаст дода, калъаи Балчувонро ба даст дароварданд. Бек ба Кангурт гурехт.
Шуришгарон барои пахн кардани шуриш чорае надида, баъди ба даст даровардани ин калъа муваффакияти худро вусъат надоданд. Дар натича баъзе аз шуришгарон лагери шуришро тарк карданд.
Бекхои Кулоб, Хисор ва Каротегин ба ёрии беки Балчувон омада, бо куввахои харбии худ калъаи Балчувонро аз дасти Восеъ гирифтанд. Восеъ тарафи Кангурт акиб нишаста ба кувваи нав суи Балчувон харакат карда, калъаро аз нав ба даст даровард. Вале ёрии навбатии бекхои хамсоя такдири шуришро хал намуд.
Восеъ шикаст хурда, хост, ки ба тарафи Ховалинг акиб нишаста, куввахои худро муттахид намояд. Аммо ин ба у муяссар нашуд. Шуриш аз тарафи куввахои якачини амир шикаст дода шуд. Восеъ ва ёрдамчиёнаш асир афтоданд. Дар як руз 40 нафар шуришчиён ба дор кашида шуданд. Восеъро чанд руз дар махбас дошта, соли 1888 дар Шахрисабз ба катл расониданд.
Аз сабаби номутташакилии шуришгарон ошуби онхо муваффакият пайдо карда натавонистанд. Бо вучуди он тахкурсии зулм ва асосхои феодалии аморат то рафт суст мегашт. Мехнаткашон дар муборизахо обутоб ёфта, то рафт муттахид мегардиданд.
Дар нимаи дуюми асри XIX дар катори шуриши дехконон ва мардикорони хочагии кишлок аввалин баромадхои коргарон, (ки баробари сохтмони корхонахои нахустин ташаккул ёфта буданд), ба амал омад. Аввалин баромадхои коргарон хануз дар давраи сохтмони рохи охан мушохида шуда буданд.
Коргарон дар сохтмони рохи охан, конхо ва корхонахои саноати дар шароити нихоят бад мехнат мекарданд. Ба ивази мехнати 16-18 соата ба коргарон музди ночиз дода мешуд аз коргарон чаримахои зиёд ситонда мешуд. Яке аз корпартоии калонтарину аввалини коргарон соли 1885 дар кони ангишти Киштути волости Панчакент ба амал омада буд. Корпартофтагон сардор ва назоратчиёнро куфта, ба назди хокими Панчакент рахсипор гардиданд. Дар рох отряди аскарон онхоро пароканда карданд. Се нафар коргарон ба хабс гирифта шуда арзу шикояти онхо бе натича монд.
Корпартои ва баромадхои коргарон, ба монанди шуру ошубхои дехконон хануз стихияви ва пароканда буданд.
Баромадхо ба мукобили сиёсати мустамликавии хукумати подшохи ва лаганбардорони онхо равона карда шуда буданд, ки дар мутташакилгардии баромадхои ояндаи мехнаткашон ахамияти калон доштанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

kampir

Маоши аввал – хикоя

Кариб як хафта буд, ки Саидахола дар хавли танхо мезист. Писараш дар хидмати харби, кели- …

222222222222222