Главная / Илм / МУБОРИЗАИ ХАЛЦИ ТОҶИК БАР ЗИДДИ МУТЛАЦИЯТИ РОССИЯ ВА АМОРАТИ БУХОРО

МУБОРИЗАИ ХАЛЦИ ТОҶИК БАР ЗИДДИ МУТЛАЦИЯТИ РОССИЯ ВА АМОРАТИ БУХОРО

Сиёсати мустамликавии хукумати подшохи ва аморати Бухоро зиддияти ичтимоиро тезу тунд гардонда, норозигии аҳолии мустамликаро ба шуриши ошкоро бархезонд. Ошубҳои халки баъзан кисми калони аҳолиро ба худ кашида, характери оммавиро мегирифтанд. Қуваҳои ҳаракатдиҳандаи ин шуришҳо асосан дехдонони чоряккор, мардикорон, хунармандон ва камбаалон буданд. Дар баробари точикон дар ошубҳои халқи мехнаткашони ӯзбек, кири ва туркман низ фаъолона иштирок доштанд.
Соли 1870 ду ҳазор нафар дехдонон барои ситондани микдори зиёди хироч, ва закот ба шӯр омада, калъаи Балчувонро муҳосира карданд. Беки Балчувон
Абдукаримбек, ки сабабгори шӯриш шуда буд, аз ғазаби халқ тарсида ба Ҳисор гурехт. Ошӯб характери номутташакилона дошт. Дехдонон калъаро гирифта, молу мулки онро байни худ тақсим карда, ҳамоно хона ба хона пароканда шуданд. Аз ин истифода бурда, ошубро дастаи аскарони ҳокими Ҳисор Якуб – Кушбеги пахш карданд. Чанд тан аз иштирокчиёни шӯриш ба дор кашида шуданд.
Қисме аз онҳо ба Дарвоз гурехтанд. Абдукарим ба Балчувон баргашта, ба тарики пештара мардумро орат мекард.
Мохи декабри соли 1874 аз сабаби худсарии андозчамъкунандагон дар Балчувон ошуби дигар сар зад. Мардумро фиреб доданд, ки ба амир арзу шикоят карда, ба чавоби он мунтазир шаванд. Дар ин лаҳза сардори дастаи кушуни Бухоро 7- нафар сардорони шӯришро дастгир карда, ба зиндон партофт ва шӯришро пахш намуд.
Соли 1872 дар Хучанд бар зидди сиёсати андозгирии хукумати подшохи ва зулму ҳокимони маҳали шӯриши халки ба амал омад. 15-уми апрели соли 1873 дар Хучанд шӯриши дигар ба амал омад, ки андозҳо кам карда, шароити мехнат бехтар карда шавад. Шӯришро дастаи ҳарби пахш карда, бисёр иштирокчиёни он ба Сибир бадара карда шуданд.
Соли 1873 дар Паши ном деҳаи Уротеппа ва соли 1875 аз нав дар Уротеппа ошӯбҳо ба амал омада буданд.
Дар солҳои 1885-1886 шӯришҳои калони халки кариб тамоми маҳаллҳои точикнишинро фаро гирифт. Дехдонони Мӯъминобод, Шӯробод, Кӯлоб, Балчон ва Ҳисор ба шӯриш бархестанд. Дар Ҳисор дехконон барои замин ва об мубориза мебурданд, ки ба он ҳамроҳ гардиданд. Дар натичаи муборизаи дуру дароз сохибони дуконҳо мачбур шуданд, ки талаботҳои ошӯбгаронро ичро кунанд.
Калонтарин баромади халки дар Бухорои Шарки ба мукобили зулми амири шӯриши соли 1888 буд. Дар бораи санаи шӯриш дар байни таърихчиён солҳои тӯлони акидаи ягона набуд. Аксарияти муаррихон саршавии шӯришро соли 1885 (аз ҷумла ин санаро таърихнигорони машҳур Б.Ғафуров ва Б.Искандаров) хисоб мекарданд. Лекин тадкиқотҳои минбаъда нишон дод, ки шӯриш соли 1888 рух дода буд. (Пирумшоев Х.П. Таърихи омӯзиши шӯриши Восеъ. – Душанбе, 1992.-С.57-68).
Дар бекигарии Кӯлобу Балчувон чандинсол хушксоли ба амал омад. Соли 1888 (то ин давра соли 1885 – нишон дода мешуд) соли серҳосил омад. Амалдорон мехостанд, ки аз дехдонон андозҳои барзиёд гирифта, ба ин восита чои солҳои камҳосилро пур кунанд. Ин баҳонаи шӯриш гардид.
Шӯриш дар амлокдории Ховалинг сар шуда, Балчувон, Сарихосор, Кӯлоб ва дигар ноҳияҳоро фаро гирифт.
Пешвои шӯриши дехдонони Ховалинги Абдулвосеъ буд. Шӯриш ба мукобили сиёсати амир ва амалдорони маҳали равона карда шуд.
Дехдонон талаби амалдоронро дар бораи адои андози чандсола рад карданд, дар натича дар миёни девдонон ва андозчамъкунандагон задухӯрд ба вучуд омад. Дехдонони башӯромада закотгирро куштанд, хонаи амалдори Ховалингро хароб карда, ба сӯи қалъаи Беки Балчувон ҳаракат карданд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки масъаларо ба тарзи гуфтугӯ ҳал кунанд. Бек ба назди чамъомадагон муллоҳоро фиристода, мақсад дошт, ки девдононро пароканда намояд.
Дар ин муддат бек аскаронашро бар зидди дехдонон омода мекард. Шӯришгарон ба аскарони бек шикаст дода, қалъаи Балчувонро ба даст дароварданд. Бек ба Кангурт гурехт.
Шӯришгарон барои пахн кардани шӯриш чорае надида, баъди ба даст даровардани ин қалъа муваффакияти худро вусъат надоданд. Дар натича баъзе аз шӯришгарон лагери шӯришро тарк карданд.
Бекҳои Кӯлоб, Ҳисор ва Қаротегин ба ёрии беки Балчувон омада, бо кувваҳои ҳарбии худ калъаи Балчувонро аз дасти Восеъ гирифтанд. Восеъ тарафи Кангурт акиб нишаста ба кувваи нав сӯи Балчувон ҳаракат карда, калъаро аз нав ба даст даровард. Вале ёрии навбатии бекҳои ҳамсоя такдири шуришро ҳал намуд.
Восеъ шикаст хурда, хост, ки ба тарафи Ховалинг акиб нишаста, кувваҳои худро муттаҳид намояд. Аммо ин ба ӯ муяссар нашуд. Шуриш аз тарафи кувваҳои якачини амир шикаст дода шуд. Восеъ ва ёрдамчиёнаш асир афтоданд. Дар як рӯз 40 нафар шуришчиён ба дор кашида шуданд. Восеъро чанд рӯз дар маҳбас дошта, соли 1888 дар Шаҳрисабз ба катл расониданд.
Аз сабаби номутташакилии шуришгарон ошуби онҳо муваффакият пайдо карда натавонистанд. Бо вучуди он таҳкурсии зулм ва асосҳои феодалии аморат то рафт суст мегашт. Меҳнаткашон дар муборизаҳо обутоб ёфта, то рафт муттаҳид мегардиданд.
Дар нимаи дуюми асри XIX дар катори шуриши деҳқонон ва мардикорони хочагии қишлоқ аввалин баромадҳои коргарон, (ки баробари сохтмони корхонаҳои нахустин ташаккул ёфта буданд), ба амал омад. Аввалин баромадҳои коргарон ҳанӯз дар давраи сохтмони роҳи оҳан мушоҳида шуда буданд.
Коргарон дар сохтмони роҳи оҳан, конҳо ва корхонаҳои саноати дар шароити ниҳоят бад меҳнат мекарданд. Ба ивази меҳнати 16-18 соата ба коргарон музди ночиз дода мешуд аз коргарон чаримаҳои зиёд ситонда мешуд. Яке аз корпартоии калонтарину аввалини коргарон соли 1885 дар кони ангишти Киштути волости Панчакент ба амал омада буд. Корпартофтагон сардор ва назоратчиёнро куфта, ба назди ҳокими Панчакент раҳсипор гардиданд. Дар роҳ отряди аскарон онҳоро пароканда карданд. Се нафар коргарон ба ҳабс гирифта шуда арзу шикояти онҳо бе натича монд.
Корпартои ва баромадҳои коргарон, ба монанди шуру ошубҳои деҳқонон ҳанӯз стихияви ва пароканда буданд.
Баромадҳо ба муқобили сиёсати мустамликавии ҳукумати подшохи ва лаганбардорони онҳо равона карда шуда буданд, ки дар мутташакилгардии баромадҳои ояндаи меҳнаткашон аҳамияти калон доштанд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222