Главная / Илм / Тавсифи вазифаҳо ва усулҳои менеҷменти инноватсионӣ

Тавсифи вазифаҳо ва усулҳои менеҷменти инноватсионӣ

Хусусиятҳо ва фарқиятҳои назарраси менеҷменти инноватсионӣро аз рӯи мақсад, таркиб ва сохтори фаъолияти инноватсионӣ муайян кардан мумкин аст. Мақсади тараққиёти инноватсионӣ дар ҳама зинаҳои идоракунии иқтисодиёт дараҷаҳои гуногун (аз сатҳи давлатӣ сар карда то корхонаҳои хурди инноватсионӣ) ин ташкили заминаи инноватсионӣ барои рушди иқтисодии дарозмуддат ва таъмин афзолиятҳои рақобат мебошад.

Аз назарияи рақобат чунин бармеояд, ки маҳз нерӯ ва иқтидори инноватсионӣи тараққиёт ва татбиқи технологияи нав метавонад ба бунёди ташаккулёбии афзалиятҳои рақобати, замина гузорад.

kakimi-kachestvami-dolzhenДарменеҷменти инноватсионӣ тарзи  ифодаи аксари нишондиҳандаҳои анъанави тағйир меёбанд. Бештар ба масълаҳои истеҳсоли ҳаддалимкон зиёди маҳсулоте диққат дода мешавад, ки дарасоси ихтирооту навовариҳо ба вуҷуд омада, фаъолияти устувори корхонаҳоро дар бозор таъмин мекунад. Навсозии ҳар гуна объекти иқтисодИ васеъсозии имкониятҳои афзунгардонии фоида, воридшавИ ба соҳаҳои нав ва азхудкунии бозорҳои навро ифода менамояд.

Баъзе таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки новобаста аз он, ки % корхонаҳо ба муфлисшавИ наздиканд фаъолияти онҳо дар солҳои охир ба ҷорисозии навовариҳо ноил гардидааст. Масъалан натиҷаи пурсишномаҳо нишон додан, ки дар Россия зиёда аз 25% роҳбарони корхонаҳо самти тараққиёти фаъолиятро дар истеҳсоли маҳсулотҳои нав, дарёфти бозорҳои нав ва васеъсозии доираи фаъолияти корхона мебинанд. Онҳо бар он ақидаанд, ки муваффақияти касбӣ ва умуман пешрафти корхона аз фаъолияти истеҳсолии самти инноватсионӣ дошта вобаста аст.

Тараққиёти инноватсионӣ ҳангоми муқарарсозии мақсадҳо ва самтҳои рушди стратегии корхона хусусиятҳои хоси худро ворид сохта, вазифаҳои дастгоҳи идоракуниро тағйир медиҳад.

Дар шароити фаъолияти инноватсионӣ яку як бора нақши менеҷер меафзояд ва аз шахсият, қобилият, ихтисос ва маҳорати касби ӯ ояндаи корхона муайян мегардад. Дар чунин шароит алоқамандии махсус ва пайдарпаии мантиқии амалигардонии вазифаҳои асосии менеҷменти инноватсионӣ баръало зоҳир мегардад. Ҳамин тавр, аҳамияти вазифаҳои зерини менеҷмент ба монанди: 1) робита, 2) ташвиқ, 3) ҷараёни тақсимоти ваколатҳо зиёд мешаванд. Миёни воситаҳои ташкили ҷараёнҳои инноватсионӣ намудҳои ғайрирасмӣ бартарӣ доранд, ки бештар ба қонуниятҳои муносибатҳои байнишахсӣ ва ҳамбастагии гурӯҳӣ такя мекунанд.

Инчунин таносуби байни намудҳои гуногуни назорати ҷараёнҳои инноватсионӣ тағйир меёбад. Онҳо бештар ба худназорати стратегии инноватсия ва ба намудҳои молиявӣ – иқтисодии назорат нигаронида шудаанд. Робитаҳое, ки бо назорати ҷараёнҳои инноватсионӣ алоқаманд аст, аҳамияти назаррасро ба худ касб мекунад. Тавассути онҳо хусусиятиҳои ҷараёнӣ ва доимӣ доштани рафти табадули ахбор бартарӣ пайдо мекунанд.

Тағйироти махсусро инчунин вазифаҳо ва усулҳои менеҷмент аз сар мегузаронанд, ба идораи инноватсионӣи ҳайати кормандон нигаронида шудаанд. Коркард ва татбиқи инноватсияҳо аз кормандон ихтисоси мувофиқ ва донишу малакаи махсуси касбиро талаб мекунанд. Дар сохторҳои идоракунии инноватсионӣ баландбардори дараҷаи маълумотнокии кормандон пешбинӣ кардамешавад, то ин ки ба талаботҳо ҷавобгӯ буда, ӯҳдадориҳояшонро амалан иҷро карда тавонанд. Таъмини бомуваффақияти менеҷменти инноватсионӣ ташаккулёбии чунин ҳайати кормандонеро пешбинӣ менамояд, ки ҷавобгариро ба зима гирифта аз ӯҳдаимустақилона қабулкардани қарорҳо мебароянд ва рушди инноватсионӣро таъмин мекунанд.

Дар менеҷменти инноватсионӣ инчунин шакли рафтори кормандон, коллективи инноватсионӣ ва кули воҳидҳои сохтории корхонаи инноватсионӣ тағйир меёбанд. Дар ин ҷо унсури асосии рафтор на танҳо амали оқилонаи ба мақсад нигаронидашуда, балки амали оқилонаи ба арзишҳо мувофиқбуда, ба ҳисоб мераванд.

Коргари соҳаиинноватсионӣ рафтори худро ба талаботҳои муайяне мувофиқ месозад, ки иҷроиши вазифаҳои касбиро бо арзишҳои шахсӣ бо ҳам мувофиқ созад.

Албатта арзишҳои шахсӣ бо ҳавасмандкунӣ (мотиватсия) зич алоқаманд, буда чунин вазифаҳои менеҷментро ба монанди ташкил ва идораи ташвиқ тағйир медиҳанд.

Дар менеҷменти инноватсионӣ зоҳиран ва ба таври назаррас таркиб, сохтор ва мундариҷаи усулҳои идоракунӣ тағйир меёбанд. Менеҷменти инноватсионӣ бештар бартарии таҳлил ва пешбинӣ, усулҳои миқдории тарҳрезӣ ва намудҳои иҷтимоӣ-психологии мусоидатро эътироф намуда, истифодабарии фишангҳои маъмуриро инкор мекунад. Низоми вазифаҳои идоракунии истеҳсолот дар менеҷменти инноватсионӣ аз мақсад ва вазифаҳои объекти идоракунӣ, банақшагирӣ, мутобиқсозӣ, ташвиқ, таҳлили фаъолияти истеҳсолӣ, танзими ҷараёни истеҳсолот иборат мебошад.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

Биби

Маоши аввал – ҳикоя

Қариб як ҳафта буд, ки Саидахола дар ҳавлӣ танҳо мезист. Писараш дар хидмати ҳарбӣ, кели- …

222222222222222