Главная / Гуногун / ДИНИ МАЗДАКИЯ

ДИНИ МАЗДАКИЯ

Маздакия, охирин таълимоти динию фалсафӣ ва иҷтимоии халқҳои эронӣ қабл аз ислом мебошад, ки таъсири амиқе дар афкори динӣ ва иҷтимоию фалсафии халқи тоҷик ва тамаддуни ҷаҳон гузоштааст. Ин мазҳаб низ номи худро аз номи асосгузори он Маздак писари Бомдод /460-528/ гирифтааст. Ҷои таваллуди Маздак аниқ нест он баъзе Нишопур, бархе Нисо ё Истахр в ғра гуфтаанд.

the_iranian_prophet_mazdak_being_executed

Ҳанӯз пеш аз Маздак шахсе бо номи Бундас / ё Бундак/, ки оғози баҳсеро дар атрофи ақоиди Монӣ гузоштааст ва ақидаи Мониро дар маври он, ки нурро нотавон ва мутеъи зулмат мешуморад, рад кард. Вай дар Рум (Византия) назариёти худро таблиғ мекардааст. Шахси дигаре низ бо номи Зардушт пури Хургон ақидаи Биндакро ривоҷ дода заминаи кеши илҳодомези «Зардуштакон» ро мегузорад.

Маздак таҳсили хубе карда, ҳанӯз дар ҷавонӣ ба мақоми мӯъбади мӯъбадон расид ва вазири шоҳаншоҳи вақт, яъне шоҳ Қубод гардид. Фирдавсии бузургвор бигӯяд:

Биёмад яке мард Маздак ба ном Сухангӯю бо донишу рою ком, Фиребанда мардеву донишфурӯш, Қубоди сутуда бад-ӯ дод гӯш.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

israel-western-wall

МАРОСИМҲОИ ЯҲУДИЯ (Ҷуҳудҳо)

Дар китоби дуввуми Таврот ( «Хурӯҷ. 23: 12-17 ) омадааст: «Шаш рӯз корҳоятонро кунед, ва …