Главная / Илм / Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣи корхонаҳои хурд

Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣи корхонаҳои хурд

Равандҳои инноватсионӣ дар пешрафту тараққии соҳибкорӣ аҳамияти асосиро доро мебошанд. Сарчашмаи асосии идеяҳои инноватсионӣ илм маҳсуб мегардад, ки тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаётии инсон, аз он ҷумла ташкили соҳибкории хурдро таъмин менамояд. Ҳар гуна давлат ба пешрафту рушди фаъолиятҳои инноватсионӣ, ки дар онҳо соҳибкории хурд нақши назаррасеро ифода менамояд, манфиатдор мебошад.

Талаботи объективии гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва таъмини иқтисодро, ки ҳар чӣ бештар дар даврони феълӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳсос мегардад, наметавон бидуни гузариш ба навъҳо ва шаклҳои пешрафтаи фаъолияти инноватсионӣ ба амал баровард. Дар амри тезонидани ин раванд бояд соҳибкории хурди инноватсионӣ нақши муҳимеро иҷро намояд.

tika-i-alif-akademijaРаванди эҷоди навовариҳои инноватсияҳои илмӣ-техникӣ, илм, техника, соҳибкорӣ ва идораро бо ҳам муттаҳид месозад. Ҳадафи раванди инноватсионӣ ба даст овардани навоварӣ буда, он аз пайдоиши ақида (идея) то аз нигоҳи тиҷоратӣ амалӣ шудани онро дар бар мегирад. Ҳамин тавр, раванди инноватсионӣ маҷмӯи ҳамаи муносибатҳо, тавлидот, табодул ва истеъмоли навовариҳоро дар бар мегирад.

Навоварӣ (инноватсия) раванди илмӣ-техникии иқтисодиёт мебошад, ки аз ихтироот ба эҷоду ба даст овардани беҳтарин маҳсулот, хизматрасонҳо ва технологияҳо оварда мерасонад. Дар сурате, ки он ба хотири дарёфти манфиатҳои иқтисодӣ равона шуда бошад, натиҷааш фоидаи изофӣ маҳсуб мегардад. Навоварӣ, инноватсия раванди мураккаб, гуногунсоҳа ва бисёрмарҳилавӣ буда, тамоми ҷанбаҳо ва паҳлуҳои фаъолиятҳоро аз тадқиқот ва коркард то бозорёбӣ (маркетинг), фаро мегирад. Маҳз ҳамин нуқта ба шаклҳои мухталифи бизнеси хурд имкон медиҳад, ки дар он ҷои муносибати худро ишғол намояд.

Ширкату корхонаҳои хурд дар истифодаи тиҷораткунонии онҳо, густариши онҳо дар соҳаҳои гуногуни тавлидоту истеҳсолот нақши умдаеро иҷро менамоянд, чунки соҳибкории бузург (калон) дар амри  суръатбахшӣ ва натиҷагирию азхудкунии иқтисодии навовариҳо ва пешниҳоди онҳо дар бозор аз ширкатҳои хурди аз нигоҳи технологӣ пешрафта сахт қафо мондаанд. Ба ғайр аз ин, пайдоиш ва рушди босуръати ширкатҳои хурди ширкатҳои хурд нақши кашшофон ва тавлидкунандагони маҳсулоти бозорҳои навро иҷро менамоянд. Ширкатҳои бузурги тиҷоратӣ бошанд, вазифаи ташкилотчигии тавлидоти васеъ ва таъминоти саривақтии бозорро бо маҳсулоту хизматрасонии нав барои худ ҳифз менамоянд. Ин раванд ақидаи алоқамандии соҳибкории хурду бузург ва такомули мутақобили онҳоро тасдиқ менамояд, ки ҳар кадом дар раванди инноватсионӣ мутаносиб ба хусусиятҳои худ ҷойи муайянеро ишғол менамоянд.

Роҷеъ ба аҳамияти фаъолиятҳои инноватсионӣи ширкатҳои хурд натиҷаҳои иқтисодии кишварҳои пешрафта шаҳодат медиҳанд. Дар ИМА аз ҷониби ширкатҳои хурд 35%, дар Британияи Кабир ва Олмон бошад-мутаносибан 23% ва 26% навовариҳо, ки дар истеҳсолот амалӣ мешаванд, аз ҷониби ширкатҳои хурд эҷод гардидаанд.

Рушду тараққии соҳибкории хурди инноватсионӣ унсури ногузири эҷоди иқтисоди бозорӣ маҳсуб мегардад. Метавон самтҳои асосии таъсиррасонии низоми корхонаҳои хурди инноватсионӣро ба рушди босамари навовариҳои илмӣ-техникӣ ҷудо намуд:

якум-бартараф намудани монополизми иттиҳодияҳои бузург, корхонаҳо ва созмонҳо дар соҳаи коркарду тавлидоти навъҳои муайяни техника ва технологияҳо ва самтгароӣ ба қонеъсозии манфиатҳои истеъмолкунандагон, ки ба дарёфти техникаву технологияҳои ҳарчӣ сифатнок ва нисбатан арзон манфиатдор мебошанд;

дуюм-истифодаи ҳарчӣ пурратари комёбиҳои илмӣ, натиҷаҳои тадқиқоти фундаменталӣ ва амалии илмӣ. Корхонаҳои хурд метавонанд дар заминаи сохторҳои ташкилотҳои бузурги илмӣ-техникӣ барои самаранок аз худ кардани натиҷаҳои қаблан анҷомдодашуда таъсис дода шаванд;

сеюм-тезонидани раванди коркард ва амалӣ сохтани навовариҳои илмӣ-техникӣ мутаносиб бо самтҳои ояндадори раванди инноватсионӣ. Ширкатҳои хурди илмӣ-тадқиқотӣ, ки ба амалӣ сохтани лоиҳаҳои «таваккалона», хавфи ё зиёд дошта машғул мебошанд, чи тавре ки таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ нишон медиҳад, метавонанд саҳми арзандаеро дар пешрафти самтҳои ояндадору стратегӣ амалӣ сохтани навовариҳои илмӣ-техникӣ ворид созанд.

чорум-саривақт қонеъ намудани корхонаҳо ва аҳолӣ бо маҳсулоти илмӣ-тадқиқотӣ;

панҷум-рушду тараққии ташаббусҳои хоҷагидорӣ, корчалонӣ, боло бурдани нақши ҳавасмандгардонии моддии кормандон, соддагӣ ва осонии нисбии эҷод ва таъсиси корхонаҳои хурд, дараҷаи баланди худмухторият ва мустақилияти онҳо барои зоҳир намудани ташаббус ва корчалонӣ дар соҳаи татбиқи навовариҳои илмӣ-техникӣ имконияти васеъро пешниҳод менамояд;

шашум– истифода ва густариши шаклҳои пешқадами ташкилотчигӣ ва ҳавасмандкунии меҳнат барои нишондиҳандаҳои баланди самаранокии иқтисодии фаъолияти корхонаҳои хурд боис мегардад ва мусоидат менамояд;

ҳафтум – рӯ овардан ба қонеъсозии талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои минтақа, истифодаи захираҳои маҳаллӣ ва партовҳои истеҳсолот. Корхонаҳои хурд аксаран зимни рӯ овардан ба истеъмолкунандагони дохили минтақа ба ҳалли мухолифати байни талаботи корхонаҳо ва аҳолии минтақа ба маҳсулот ва хизматҳо, инчунин ба самтгароии як қатор корхонаҳо ба робитаҳои иқтисодӣ дар чаҳорчӯби соҳаи мушаххас мусоидат менамоянд. Дар робита ба ин ҳолат мақомоти маҳаллии идоракунандаро лозим аст, ки сиёсати пуштибонии корхонаҳои хурди илмӣ-тадқиқотӣ, инчунин корхонаҳои хурди барои минтақа афзалиятнокро, ки ба бозори дохилиминтақавӣ марбут мебошанд, мақсадноку босамар амалӣ созанд.

Масъалаи фаъолсозии амалиётҳои навоварона, бо мушкилоти ҷиддии назариявию амалии таъсирпазирии инноватсионӣи иқтисодиёт марбут аст. Зери мафҳуми таъсирпазирии инноватсионӣи иқтисод омодагӣ ва қобилияти иқтисодиёт ба азхудкунии дастовардҳои илму техника дарк карда мешавад. Таъсирпазирии иқтисодиёти ин ё он кишвар ба навовариҳо дар навбати аввал, аз мавҷудияти бозор ва механизмҳо сохторҳои бозорӣ, ки қобилияти тавлидот ва фурӯши маҳсулотро таъмин карда метавонанд, вобастагӣ дорад. Дар ин ҳолат рақобати байни тавлидкунандагони донишҳои нави илмӣ, истеҳсолкунандагони   навовариҳо  ва рақобати  байни истеъмолкунандагон, ки дар байнашон навовариҳо паҳн карда мешаванд, нақши фавқулодда муҳимро иҷро менамояд.

Зуҳур ва густаришу тараққии васеи соҳибкории навоваронаи венчурӣ дар мамлакатҳои Ғарб марбут ба комилан пур кардани бозорҳои маъмулӣ, ки боиси рақобати шадиди соҳибкорон барои истеъмолкунанда (харидор) мегардад, мансуб аст. Қафо мондан аз навовариҳо маънои худро бо муфлисиву варшикастагӣ рӯ ба рӯ сохтан аст. Аз ин рӯ, ҳар чӣ рақобат шадидтар мешавад, ҳамон қадар барои фардои истеҳсолкунандагон идеяҳои илмӣ ва ҳалномаҳои техникӣ боқӣ мемонад. Соҳаҳое, ки сатҳи баландтарини тараққиёти инноватсионӣро доро мебошанд, маъмулан аз рӯи маҷмӯи васеи истеҳсолкунандагон фарқ мекунанд.

Дар ин соҳаҳо, одатан, якчанд корпоратсияҳои бузургтарин, даҳҳо, садҳо ва ҳатто ҳазорҳо истеҳсолкунандагони миёнаву хурд фаъолият менамоянд. Ин ҳолатест, ки дар рақобат ҳифз карда мешавад, аммо рақибони асосӣ захираҳои бештари молӣ, пулӣ ва моддиро дар ихтиёр доранд.

Дар шароити кунунии рушду тараққии иқтисодиёти Тоҷикистон мушкилоти фурӯши амалан ҳар гуна мол, ки ҷавобгӯи талаботи харидор-истеъмолкунанда мебошад, нест, чунки талабот ба ин гуна молу коло қариб ҳамеша мавҷуд аст. Бо таваҷҷуҳ ба хусусиятҳои иқтисодиёти мо шаклҳои мубтакирии (венчурии) фаъолиятҳои, инноватҳсионӣ дар он намуде, ки дар Ғарб амал мекунанд, ба таври объективӣ амалӣ намегарданд. Дар айни ҳол нодуруст мебуд, агар аз набудани шаклҳои муайяни фаъолиятҳои наздик ба фаъолиятҳои венчурӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон ҳарф бизанем ё соҳибкории венчуриро бидуни дурнамо ва ояндадор арзёбӣ намоем. Дар иқтисодиёти миллӣ чунин навъҳои фаъолиятҳои иқтисодиро метавон пайдо намуд, ки аввалан, бо баланд будани таваккал ва сониян, фоиданокии махсус, самарканокии баланд фарқ менамоянд.

Ба чунин навъҳои фаъолиятҳои инноватсионӣ метавон кору амалҳои зеринро шомил намуд;

  1. коркард ва истеҳсоли молу хизматҳо ҷиҳати амалӣ сохтан дар бозори ҷаҳонӣ;
  2. таъмини воридсозии ҳамаҷонибаи навовариҳо, ки марбут ба ташкили истеҳсол ва фурӯши онҳо мебошад;
  3. фаъолияти илмӣ-техникӣ ҷиҳати эҷоди навъҳои усулан навини маҳсулот, технологияҳо ва хизматҳо.

Сатҳи баланди таваккал ва эҳтимолият, инчунин воридоти фоиданоки арзӣ (асъор) дар сурати ноил шудан ба муваффаққият дар мавриди баромадан ба бозори хеле рақобатпазири ҷаҳонӣ, бараъло ҳувайдо мегардад. Дар мавриди самти дуюм бошад, он бо таваккалу эҳтимолияти баланд ҳамроҳ мегардад ва қабл аз ҳама, вазъ бинобар инертнокии махсуси технологӣ ва иқтисодии воҳидҳои маъмулӣ дар фаъолиятҳои хоҷагидорӣ, мушкилоти ташкили ҳар гуна истеҳсоли маҳсулот- навовариҳо ва мушкилиҳои таъмини захираҳои моддӣ зоҳир мегардад. Ин навъи фаъолияти инноватсионӣ дар ҳолати дарёфти ҳуқуқи имтиёзноки монополияи истеҳсол ё фурӯши навоварӣ фоидаовар аст.

Дар мавриди самти сеюм метавон тазаккур дод, ки ҳар гуна фаъолияти илмӣ-техникӣ ягон хислати таваккалӣ ё эҳтимолиро доро мебошад. Дар ин замина он чизе, ки барои эҷоди коркардҳои усулан  нав равона карда шудааст, ба дараҷаи олӣ дар мавқеияти таваккалӣ қарор мегирад, чунки ба ҳангоми рафтору кирдори инертии хоҷагидорӣ натиҷаҳои иқтисодӣ хеле номуайян ва мушкилиҳо хоҳад буд. Дар сурати муваффақият бошад, ин натиҷа метавонад дар шакли фоидаҳои баланд ва дархостҳои судманд ҷиҳати тадқиқотҳои нав ё таҷдиди (модификатсия) «кӯҳна»-ҳо зоҳир гардад.

Маҳз ҳамин қабил самтҳои фаъолияти инноватсионӣро дар иқтисоди миллӣ, ки хислатҳои таваккалӣ доранд ва дар сурати комёбӣ хеле фоиданок ҳастанд, метавон «венчурӣ, мубтакирӣ» шарҳ дод. Ба ғайр аз ин дар шароити кунунӣ метавон тасдиқ намуд, ки хислатҳои мазкури ин се навъи фаъолияти инноватсионӣ, махсусан, дар ҳолати амалӣ сохтани ҳадафҳои худ бо роҳи ғайримаъмулӣ, дар шакли нави ташкилӣ, ба монанди ширкатҳои илмӣ-истеҳсолӣ, муассисаҳои хурди инноватсионӣ ва татбиқӣ, бонкҳо ва бунёдҳои инноватсионӣ хеле пурҷило мегарданд.

Ҳадафҳои асосии таъсиси корхонаҳои хурди илмӣ-тадқиқотӣ инҳо мебошанд:

  • иштирок дар ташаккули босуботи бозори молӣ;
  • тезонидани амалисозии дастовардҳои илмӣ-техникӣ;
  • мусоидат дар амри қонеъсозии ҳар чӣ бештари талаботи иқтисодиёт ба маҳсулоти саноатӣ ва сохтмонӣ, амвол ва хизматҳо;
  • мусоидат ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бар заминаи танзиму ташкили зуди истеҳсолоти он дар ҳаҷми хурд;
  • истифодаи ҳар чӣ бештару самараноктари захираҳои моддӣ ва меҳнатии маҳаллӣ ва партовҳои истеҳсолот;
  • густариш ва боло бурдани навъҳои хизматҳои пулакии ба корхонаву муассисаҳо ва аҳолӣ пешниҳодшуда, беҳтар намудани сифату кайфияти ин хизматрасониҳо, омӯзиши дурнамои дархосту талабот.

Корхонаҳои хурди илмӣ-техникӣ ба истеҳсолоти маҳсулоти илмӣ, коркарди маҳсулоту технологияҳои нав машғул мебошанд. Аммо хусусияти хоси фаъолияти чунин корхонаҳои хурд дар даврони ҳозира дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он аст, ки тамоми афзалияти онҳо метавонад на ба технологияҳои нав, балки ба эҷоди маҳсулоти навоварона нигаронида шавад.

Чунин ба  назар мерасад, ки шаклҳои нисбатан ба ҳаёт қобилиятноки соҳибкории хурди инноватсионӣ низ марказҳои минтақавӣ    ва шаҳрии  мусоидат ба соҳибкории хурд, «паркҳои технологӣ», инкубаторҳои минтақавии фирмаҳои хурди илмӣ- тадқиқотиро мансуб мегардонад, навъҳои мухталифи хизматрасониҳоро бо шароити имтиёзнок пешниҳод менамоянд.

Ҳамчунин метавон роҳҳои асосии таъсису ташкили паркҳои (марказҳои) илмӣ ва технологии зеринро ҷудо кард:

  • кормандони марказҳои илмӣ зимни кӯшишу талошҳои худ ҷиҳати тиҷоратӣ сохтани тадқиқотро ба сифати соҳибкор муаррифӣ мешаванд ва сохторҳои венчуриро таъсис медиҳанд;
  • ширкатҳои хурди илмӣ-тадқиқотӣ тавассути ҳайати кормандони илмӣ-техникии ширкатҳои бузург таъсис дода мешаванд, ки ширкати бузургро ба хотири кушодани «кори шахсӣ» канор гузоштаанд;
  • корхонаву муассисаҳое, ки мехоҳанд аз имтиёзҳои пешниҳодӣ дар чаҳорчӯбаи паркҳои технологӣ истифода баранд, филиалҳои худро бояд ба онҳо интиқол диҳанд.

Ширкатҳои хурду миёна дар маркази технологӣ метавонанд аз як қатор имтиёзҳо ва бартариҳо, яъне шароити имтиёзноки иҷора, имконияти истифодаи таҷҳизоти умумӣ, шароити хуб барои гирифтани қарз, кооператсия бо ширкатҳои дигар, ки бевосита дар наздикӣ қарор доранд, кӯмаку ёрии илмӣ-техникӣ ва тахассусии идорӣ ва ғайраҳо истифода намоянд.

Ҳар замон чунин унсури технополис ва технопарк (маркази технологӣ) ба монанди бизнес-инкубатор низ нақши чашмрасеро бозӣ мекунад.

Вазифаи бизнес-инкубаторҳо «баровардани» соҳибкорон ва расонидани кӯмак ба онҳо дар амалӣ сохтани коркардҳои илмӣ бо роҳи саноатӣ мебошад. Инкубаторҳои тиҷоратиро ҳамчун яке аз васоилҳои мусоидаткунандаи тараққиёти иқтисодиёт дар сатҳи маҳаллӣ метавон муаррифӣ кард, чунки онҳо ба корхонаҳои ҷадидан таъсисёфта дар давраи ибтидоии (аввали) мавҷудияташон пуштибонию дастгирии самаранок мерасонанд. Онҳо ба соҳибкорони навкор дар давраи мушкили аввали корашон, барои бомуваффақият пеш бурдани фаъолияташон заминаҳои хуб эҷод мекунанд. Навъҳои «инкубаторҳои» тиҷоратӣ вобаста ба хусусиятҳои маҳаллӣ ва ҳадафҳои дар пешгузошташуда метавонад хеле гуногун бошанд. Дар ин замина диққатро бештар метавонад ба истеҳсолот ё расонидани хизматҳо равона созанд.

Таҷрибаи байналмиллалӣ нишон медиҳад, ки бизнес-инкубаторҳо барои таҳкими неруҳои иқтисодии мақомоти   минтақавии роҳбарикунанда бинобар дастгирии мақсаднокашон аз соҳибкорони ҷавон ва ширкатҳои дубора ташкилшуда мусоидат менамоянд. Онҳо метавонанд дурнамои дар «рӯи об» мондани ашхосе, ки мехоҳанд кори худро ташкил намоянд ё соҳибкорони навкорро беҳтар намоянд.

Қабули сохибкорони хурду миёна ба доираи сохибкорони мустаҳкам сари пайи худ истода, имкон медиҳад, ки онхо байни худ оиди фаъолияти соҳибкорӣ табодули назар кунанд ва он ба манфиати ҳамаи онҳо хизмат хоҳад кард.

Фаъолияти бизнес-инкубаторҳо шомили чунин унсурҳо мебошад: а) пешниҳодҳои биноҳо ва пардохти иҷора;

  • ташкил намудани сохторҳои ҷолиб ва хизматрасониҳо.

Ҳамзамон сохтори хизматрасониҳои аз таносуби чунин амалҳо иборат аст:

  • миёнарави кардан дар иртибот бо ҳамкорони иттиҳодияҳо ва палатаҳои савдо;
  • пуштибониву дастгирӣ дар сурати ҳалу фасли мушкилоти идорӣ ва ҳуқуқӣ;
  • ба даст овардан ва пешниҳод кардани маълумот аз рӯйи масъалаҳои доғи рӯз;
  • боло бурдани сатҳи маълумотноки дар фаъолиятҳои сохибкорӣ;
  • интихоби соҳибкор.

На ҳар кадом соҳибкор метавонад ҷиҳати иштирок дар бизнес- инкубатор майлу таманно намояд, вай бояд собит созад, ки корхонааш имкони воқеии муваффақияти иқтисодиро дорад ва маҳсулоти истеҳсол менамудаи мавод, мол ё хизмат, дар бозор рақобатпазир ва ояндадор аст.

Зарур аст, ки корхонаҳои интихобшуда якдигаро пурра созанд ва ба ин васила таъсири ҳамоҳангии онҳо мустаҳкамтар мегардад. Корхонаҳое, ки шомили бизнес-инкубатор мебошанд, набояд рақиби якдигар бошанд. Дар инҷо ширкатҳои бузург корхонаҳои хурди инноватсионӣро ба дараҷаи бештар бо истифода аз шаклҳои гуногуни ташкили ҳуқуқӣ назорат мекунанд.

«Инкубатор»-и хуб ташкилшуда ва самаранок идорашаванда қодир аст ҳатто дар сурати маблағгузории нисбатан хоксоронае, ки низ ба ақидаи коршиносон, 50-70  ширкати нави  хурди

мӯътадилкоркунандаро ташкил ва таъсис диҳад, яъне дар давраи 10 сол то 2000 ҷойи нави корӣ таъсис диҳад.

Дар асоси таҳлилҳои гузаронидашуда ва хулосаи фаъолияти корхонаҳои хурди инноватсионӣ лозим ба ёдоварӣ аст, ки рушду пешрафти соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар заминаи як қатор омилҳо маҳдуд гардидааст.

Аввалин ҳавасманднокии аксарияти субъектҳои хоҷагидорӣ ба амалӣ шудани коркардҳои усулан нав, навовариҳои сатҳи баланди техникӣ ва иқтисоди ба назар намерасад, Натиҷаи он-талаботи паст ба  чунин навовариҳо мебошад. Бозори маҳсулоти илмӣ-техникӣ дар кишвари мо хеле тахассусист.

Талабот ба навигариҳои воқеан инқилобӣ, технологияҳои пешрафтаи прогрессивӣ паст аст. Бозори чунин маҳсулот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб вуҷуд надорад, чунки аксарияти муассисаҳои саноатӣ (махсусан давлатӣ) омода нестанд даст ба тағйироти аслии технологияҳо бизананд. Танхо ширкатҳои хоричӣ, ба амалӣ сохтани коркардҳои балансатҳ манфиатдор мебошанд, ки фаъолона ба сӯи бозори маҳсулоти интеллектуалӣ шитоб доранд.

Ба ғайр аз онҳо манфиатнокии худро ба чунин маҳсулот метавонанд ширкатҳои хурди ҷадидан созмонёфта ва як қатор корхонаҳои хусусишуда зоҳир намоянд. Аммо онҳое, ки ба фаъолиятҳои илмӣ-тадқиқотӣ амалӣ сохтани навовариҳо машгуланд, хеле каманд.

Сониян, рушду тараққӣ наёфтани системаи маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионӣи таваккалӣ ва субъектҳои он ба монанди фондҳои венчурӣ, бонкҳои инноватсионӣ, биржаҳои музоядавӣ ва ғайраҳо, инчунин вазъи умумии иқтисодиёт, беқурбшавӣ, фоизи баланди пул аз рӯйи қарз, бӯҳрони инноватсионӣ ин мушкилиро боз ҳам мушкилтар мегарданд.

Хусусан, мушкилоти марбут ба таъмини моддӣ-техникӣ, майдонҳои истеҳсолӣ, дастгоҳу таҷҳизот, ашё ва маводи мавриди ниёз зимни ба даст овардан саъйу кӯшиши зиёд робитаҳо, амалиётҳои таваккалиро тақозо менамоянд.

Аз ин рӯ барои амалӣ сохтани ягон навоварии бузургҳаҷм, масалан, як технологияи нав, кӯшишу имконоти ҳар гуна корхонаву муассисаи алоҳида, корхонаи хурд он тараф истад, комилан нокифоя мебошад. Барои ҳалли мусбати он як механизми ҳавасмандкунӣ лозим аст, ки зуд ва саривақт харидориву пайдо намудани миқдори зарурии захираҳои моддӣ ва навъҳои онҳоро таъмин намояд.

Ва дар охир, рақобати суст дар бозори дохилии маҳсулоти илмӣ-техникӣ. Муҳақиқ, ҳар амалеро, ки анҷом надиҳад, дар ҳар сурат дар мақоми соҳибҳуқуқ (монополист) қарор мегирад, ё ҳеҷ набошад, рақобати тезу тундро эҳсос намекунад. Чунин рақобатро танҳо дар бозори маҳсулоти барномасозиҳо метавон мушоҳида намуд, ки он марбут ба талабот нисбатан бештар ба ин маҳсулот ва набудани мушкилот дар нусхабардориву интишор ва густариши он мебошад.

Дар робита ба мушкилоти зиёди рушду тараққии соҳибкории хурди инноватсионӣ зарур аст, сиёсати махсуси пуштибонӣ ва дастгирии бахши мазкур пеш бурда шавад.

Аз назари менеҷменти инноватсионӣ, сиёсати бошууронаи давлатии тахассусии (соҳавӣ) пуштибониву дастгирии соҳибкории хурди инноватсионӣ бояд маҷмӯи тадбирҳои ташкилӣ, молиявӣ, моддӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳуқуқии танзими соҳибкории хурду миёнаро, ки аз доираи консепсияи ягонаи зарурати ҷамъиятӣ дар амри рушду пешрафти соҳибкории инноватсионӣ дар иқтисодиёт дар маҷмӯъ ва барои ҳар минтақа бармеоянд, дар бар гирад. Ин тадбирҳо бояд андозбандии имтиёзӣ, такмили механизми ташкилӣ ва ҳуқуқӣ, густариши ҳуқуқҳои созмону ташкилотҳои қарзӣ ва ғайраро дар соҳаи маблағгузорӣ, инчунин соддаву шаффоф намудани амалиётҳои қарздиҳӣ, расонидани хизматҳои иттилоотӣ-машваратдиҳӣ ва таъсиси сохторҳои мутаносибро таъмин намоянд.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

Биби

Маоши аввал – ҳикоя

Қариб як ҳафта буд, ки Саидахола дар ҳавлӣ танҳо мезист. Писараш дар хидмати ҳарбӣ, кели- …

222222222222222