Главная / Илм / Поёни вакти сахарихурй

Поёни вакти сахарихурй

Дар кисмати охири оят ба поён расидани вакти сахарихурй дар
мохи Рамазон муайян гардидааст. Дар ибтидои фарзияти руза муайян
сохтани поёни вакти сахарихурй барои баъзе мусалмонон мушкилоте-
ро эчод намуда буд. Барои осонтар сохтани сахархезй ва сахарихурй
дар шабхои мохи Рамазон Паёмбари акрам (с) ба гуфтани ду азон
дастур дод: Яке барои бедор сохтани мардум ва дигаре барои муайян
намудани дамидани субх ва поёни вакти сахарихурй. Аммо ин холат
низ баъзе мусалмононро ба саросемагй водошт. Онхо бо шунидани
азони якум дигар сахарихуриро бас мекарданд. Паёмбар (с) ба онхо
гуфт, ки: «Бо шунидани азони Билол аз сахарихури даст накашед, зеро у
шаб (барои бедор сохтани хуфтагон) азон мегуяд ва вакте азони Ибни
Уммимактумро шунидед, он г؛ох хурдан ва нушиданро бас намоед, зеро
вай бо дамидани субх азон мегуяд».
Кисмати охири ояти 187-ум хамин чизро барои мусалмонон рав-
шан месозад, ки онхо то дамидани субх, ва равшан шудани риштаи са-
феди субх аз риштаи сиёхи шаб бихуранд ва бинушанд ва хамин ки да-
мидани субх барои онхо маълум гашт, аз хурдану нушидан боз ис-
танд. «Ва то равшан шудани риштаи сафеди субх, бароятон аз риштаи
сиёх, (-и шаб) бихуред ва бинушед ва пас аз он рузаро то шаб (то фуру
рафтани офтоб) ба итмом расонед».
Ахёнан мусалмонони дигар кабилахои араб тобишхои маъной,
таъбироти дакик ва корбурдхои куръониро хуб дарк намекарданд, зе-
ро он аксаран бо лахчаи Курайш нозил мешуд ва хамаи мусалмонон
хануз захираи бои лугавй надоштанд. Адй ибни Хотим (р) ривоят ме-
кунад: Вакте ояти «Бихуред ва бинушед, то вакте риштаи сафеди шаб
аз риштаи сиёх, бароятон маълум шавад» нозил шуд, як риштаи сафед
ва як риштаи сиёхро дар зери болиштам гузоштам ва (барои муайян
намудани дамидани субх) ба онхо нигох кардам, чизе бароям маълум
нашуд. Инро барои Паёмбар (с) накл кардам, он Хазрат (с) хандид ва
гуфт٠.
сафеةии руз аст» .81
Дар ривояти дигар омадааст, ки ояти мазкур нозил шуд ва ибораи
«мина-л-фачри» хануз нозил нашуда буд. Одамоне буданд, ки вакте
касе аз онхо мехост руза бигирад, дар пояш риштаи сафед ва риштаи
сиёхеро мебаст ва хамчунон мехурд ва менушид, то он ки пас аз рав-
шан шудани хаво риштаи сафед аз риштаи сиёх барояш маълум гар-
дад. Пас аз он Худованд вакте ибораи «мин-л-фачри»-ро нозил кард,
он гох донистанд, ки шаб ва рузро дар назар доштааст.
Дар охир Куръони карим бо таъкид мефармояд, ки инхо хама худуд
ва мамнуоти Худованд мебошанд, ба онхо наздик нашавед ва ба хамин
сурати фахмову равшан Худованд оятхои худро барои мардум баён ме-
намояд, то онхо рохи такворо дар пеш гиранд. «Инхо худуд (ва мамну-
оти) Худо мебошанд, ба онхо наздик нагардед. Хамин тавр, Худо оят-
хояшро барои мардум баён менамояд, то онхо такво намоянд». ,

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222