Солхои баъди чанг вазъи сиёсии мамлакат бо чараёни пештара идома меёфт. Дар солхои чанг демократиякунонии чомеаи сотсиалисти махдуд шуда буд ва зарурияти инкишофи ин масъала аз нав ба миён омад. Вазъият талаб мекард, ки дар навбати аввал усули кори ташкилотхо ва созмонхои сиёси дигар карда шуда, фаъолияти онхо баланд бардошта шавад. Хали ин масъалахо дар системаи ташаккулёфтаи он давра гайриимкон буд. Дар ин чода дар Точикистон низ як катор чорахо андешида шуданд. Ба максади демократикунонии фаъолияти шурохо мохи феврали соли 1947 интихоботи Шурои Олии ЧШС Точикистон ва мохи январи соли 1948 интихоботи Шурохои махали депутатхои мехнаткашон гузаронида шуд. Дар натича шурохо аз чихати ташкили мустахкам шуда, сахми онхо дар
масъалахои хочаги, ичтимои ва фарханги афзуд.
Мохи декабри соли 1948 анчумани VII ХК Точикистон дар асоси мухокимаи маърузаи котиби Комитети Маркази Б.Гафуров, вазифахои нави хизбро бо шаклу усулхои нави рохбари муайян намуд. Дар солхои баъди чанги хукуки Иттифокхои касабаи чумхури васеъ гардида, фаъолияти ташкилотхои дигари чамъияти-сиёси бехтар гардонида шуд.
Соли 1953 И.Сталин рохбари хизби коммунисти ва давлати Шурави баъди фаъолияти тулони вафот кард. Яке аз икдомхое, ки пас аз вафоти И.Сталин дар анчумани ХХ ХКИШ (соли 1956) ба миён омад, мухокимаи шахспарастии
Сталин буд.
Дар анчумани ХХ як катор хулосахои назарияви бароварда шуданд. Реалияти объективи вазъияти байналхалки ба назар гирифта шуда, анчуман хулоса баровард, ки дар байни мамлакатхои сохти сиёсиашон гуногун, хамзистии осоишта имкон дорад. Ва имконият хаст, ки пеши чанги нав гирифта шавад.
Хулосаи дигар аз вазъияти ба амал омадаи байналхалки дар он буд, ки дар бораи бо тарзи осоишта ба сари кудрат баромадани коммунистон имконият пайдо шудааст.
Дар сохаи сиёсати дохили анчумани вазифахои такмили иктисодиёт, чори намудани рузи кори 7-соата, гузаронидани ислохоти фонди нафакави, сохтмони манзил ва дигар масъалахоро барраси намуд. Дар хамин асос «вазифаи таърихи» аз чихати истехсоли махсулоти саноати ба мамлакатхои тараккикардаи капиталисти баробар шудан ва аз онхо пеш гузаштан ба миён омад.
Дар мачлиси пушидаи анчан Хурушёв тамоми обрую шухрати Сталинро ба зери шубха гузошт. Сохтмони чамъияти сотсиалисти дар як мамлакат ва хусусан дар ЧБВ обру ва эътибори И.Сталинро боз хам баланд гардонд. Дастгохи идеологи бошад барои инкишофи шахспарасти мусоидат намуд. Тамоми муваффакиятхои сохмони сотсиалисти ба номи Сталин вобаста карда мешуд. Тамоми атрофиёни Сталин, аз чумла Хурушёв пеш аз хама гунахкор буданд. Бесабаб набуд, ки Хурушёв дар маърузаи худ нисбати ин эхтиёткорона муносиат карда, тамоми гунохро ба зиммаи Сталин гузошт. Хар кадоме аз рохбарони баландпояи хизби ва давлати барои дар назди Сталин садокатманд будани худ аз болои якдигар хабаркаши мекарданд. Ба ин восита дар мамлакат барои шахспарасти заминахо мухайё гардида, тарзи идоракунии фармонфармои- маъмури ба хаёти сиёси, иктисоди, ичтимои ва мадани рох ёфт.
Окибатхои шахспарасти дар Точикистон низ хис карда мешуд. Дар солхои 40-ум ва авали 50-ум як кисми шахрвандони бегунохи Точикистон ба чойхои дурдаст ва ноободи Казокистон ва Сибир бадара гардиданд. Бо нишондоди дасисабозон ташкилотхои кумитаи бехатари одамони зиёдро шахсони «хавфнок» эълон карда аз мансабхои давлати дур карда, ба хабс кгирифта шуданд.
Дар чунин вазъият зарур буд, ки дар мамлакат харчи зудтар ба конун ва меъёрхои муайяншудаи чомеаи шурави риоя карда шаванд. Тарзи коллективонии идоракунии мамлакат чори гардида, номи онхое, ки беасос чазои сиёси гирифтанд, баркарор карда шавад.
Хукукхои Чумхурихои Иттифоки васеъ гардонда шавад. Ба ин максад КМ ХКИШ дар асоси нишондодхои анчумани ХХ ХКИШ доир ба шахспарасти ва окибатхои зарарноки он карор кабул намуд. Дар ин хуччат сабабхои бавучудоии шахспарастии Сталин тахлил гардида, роххои бархам
додани окибатхои он пешниход шуда буд. Дар карор кайд карда шуда буд, ки дар натичаи суистеъмол аз хокимият ва дагалона поймол намудани хукуки шахрвандон ва усулхои нодурусти рохбарии гайридемократи хаёти чамъияти ба вучуд омад. Пешниход карда шуд, ки барои демократигардонии чомеаи Шурави бояд макомоти ХК баланд бардошта шавад ва назорати хизби аз болои сохторхои хокимият пурзур гардад.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …