Главная / Илм / Заруратхо ва ниёзхо дар аснои эътикоф

Заруратхо ва ниёзхо дар аснои эътикоф

Ниёзхо ва заруратхое, ки шахси эътикофнишаста метавонад ба-
рои онхо аз чои эътикофаш берун ояд, бар се кисманд. Дар ду кисми
аввал эътикоф фосид намегардад, вале дар кисми сеюмаш эътикоф фо-
сид мешавад.
1. Табии, ба монанди: а) казои хочат рафтан; б) омода намудани
хурду хурок, дар сурате ки касе набошад, ки дар ин кор ба у кумак
намояд.
Корхои зерин низ аз чумлаи ниёзхои табиии шахси муътакиф бу-
да, анчом додани онхо дар масчид барояш чоиз мебошад:
Хурдану нушидан, 2. хоб рафтан, 3. шона ва тоза кардани муи сар
ва риш, 4. бо мардум сухбатхои шаръи кардан, 5. иваз кардани либос-
хо ва атру хушбуи задан, 6. агар бемор гардад, худро муолича наму-
дан, 7. таълим гирифтан ва таълим додани Куръон ва дигар илмхои шар-
ъй, 8. шустан ва духтани либосхои чиркингашта ва дарида, 9. хорич
шудани бод аз шикам дар холати зарурй ва дигар ниёзхои бадан.
Хамчунин шахси муътакиф метавонад барои азон гуфтан аз мас-
чид берун барояд ва пас аз азон фавран ба масчид баргардад, хох дар
он масчид муаззини расмй бошад, хох не.
2. Шаръи, ба монанди ба чо овардани намози чумъа ва намози
идайн, хамчунин барои анчом додани гусли чанобат. Агар дар дохили
масчид имконоти гусл гирифтан мавчуд набошад, метавонад ба беру-
ни масчид барояд ва дар гуслгох гусл намояд, агар дар атрофи масчид
низ гуслгох ва ё имконоти гусл намудан мавчуд набошад, метавонад
ба хонааш биравад ва пас аз гусл фавран ба масчид баргардад. Барои
вузу низ метавонад аз масчид хорич шавад ва собуну сарчок ва асбоби
дандоншуияшро ба хамрох бигирад. Вале агар барои гусли муста-
хабй ва суннатй, ба монанди гусли рузи чумъа аз масчид хорич шавад,
эътикофаш фосид мегардад.
3. Зарурй, ба монанди начот додани гаркшаванда, хомуш кардани
сухтор, тарси фуру рафтани сакфи боми масчид ва гайра. Тарк наму-
дани чои эътикоф ба сабаби пешомадхое, ки ахёнан (гохе) вокеъ ме-
шаванд, ба монанди ходисахои мазкур бар хилофи мароми эътикоф
мебошад ва эътикофро фосид мегардонад. Дар тамоми ин холатхо хо-
рич шудан аз эътикоф гунох нест, балки барои начот ва нигавдории
чони худ ва дигарон лозим аст, аммо эътикоф фосид мешавад. Хамчу-
нин, бо аёдати бемор ва хузур дар маросими чаноза ва ира эътикоф
фосид мешавад, вале гунахгор намегардад.
Пас аз бароварда сохтани заруратхо ва ниёзхои ду навъи аввал
шахси эътикофнишаста бояд фавран ба чои эътикофаш баргардад.
– Агар имоми панчвактае эътикофро дар масчиди чомеъ (чумъа-
хонй) гузаронад, он бо карохият чоиз мешавад. Зеро кавмаш бе имом
мемонанд.
– Агар аз руи фаромушй чои эътикофашро тарк намояд, эътико-
фаш фосид мегардад.
Аммо агар шахси эътикофнишастае барои бартараф намудани за-
руратхои табий ва ё шаръй аз чои эътикофаш берун шавад ва пеш ё
баъд аз он ба аёдати беморе равад, он ишколе надорад.
Барои адои намози чумъа бояд фурсатеро дар назар бигирад, ки
дар он фурсат битавонад тахийяи масчид ва суннати чумъаро дар мас-
чиди чомеъ бигузорад. Баъд аз гузоридани фарз метавонад барои хон-
дани суннат таваккуф намояд.
Вакте ба таври мачбурй аз чои эътикофаш берун карда шавад, эъти-
кофаш фосид мегардад. Масалан, бо иттихоми чинояте аз тарафи додгох
дастгир ва аз масчид берун карда шавад, эътикофаш фосид мегардад.
Барои рафъи зарурати шаръй ва ё табиие аз чои эътикофи худ бе-
рун гардад ва баъд аз он бемор шавад ва ё пешомади дигаре руй
дихад, ки сабаби таъхири баргаштан ба чои эътикофаш гардад, эъти-
кофаш фосид мегардад.
Дар холати эътикоф бе зарурат ба корхои дунявй, ба монанди
тичорат ва гайра машгул гардидан макрух аст, вале дар зарурат боке
надорад. Албатта, дар сурати раво будан низ набояд амволи тичора-
тияшро ба масчид оварад.
Дар вакти эътикоф куллан хомуш нишастан макрухи тахримй ме-
бошад. Албатта, аз суханони зишту беманфиат бояд пархез намояд,
вале набояд ба таври куллй хомуш нишинад, балки ба хондани Кур-
ъон, зикр кардан ва намоз гузоридан машгул гардад.
Агар дар натичаи пешомад ва ходисае, ба монанди сухтор ва ди-
гар хаводиси табий натавонад ба эътикофи худ дар он масчид идома
дихад, дар он сурат чоиз аст ба масчиди дигаре гузарад ва эътикофи
худро дар он чо ба поён расонад.
Вакте эътикофи вочиб ва суннат бо яке аз холатхои номбурда фо-
сид гардад, казо доштани он дар вакти дигар вочиб аст. Эътикофи во-
чибро ба андозаи рузхое, ки бар худ вочиб гардонидааст, казо медо-
рад ва эътикофи суннатро як руз казо медорад. Дар эътикофи вочиб
пай дар пай ба чо овардани он вочиб мебошад ва казои он низ бояд
пай дар пай, яъне пайваста ба чо оварда шавад.
Чй тавре зикр гардид, эътикофи дахаи ахири мохи Рамазон сун-
нат аст, вале чун эътикофи хар рузи он аз рузхои дигар мустакил ме-
бошад, дар сурати фосид шудан танхо казои як руз бар вай вочиб ме-
гардад. Эътикофи мустахаб бошад, ба махзи фосид шудан ба поён ме-
расад ва дигар казое надорад.
Шоёни зикр аст, ки бо хурдани руза низ эътикоф фосид мешавад.
Зеро руза дар эътикофи вочиб ва суннат шарт аст. Дар вакти ба чо
овардани казои эътикофи вочиб ва суннат пас аз мохи Рамазон хат-
ман бояд руза бигирад.

Дар борамон

Инчунин кобед

kampir

Маоши аввал – хикоя

Кариб як хафта буд, ки Саидахола дар хавли танхо мезист. Писараш дар хидмати харби, кели- …

222222222222222