Главная / Илм / Баёни холатхое, ки шикастани руза ё нагирифтани руза дар онхо чоиз аст

Баёни холатхое, ки шикастани руза ё нагирифтани руза дар онхо чоиз аст

1. Рузадоре ногахон бемор гардад, ба сурате ки агар нахурад ва ё
нанушад, бими халокат ё зиёдшавии беморй ва ё таъхире дар барка-
роршавии тандурустиаш ба вучуд ояд, дар ин холатхо шикастани
(хурдан) руза барояш чоиз аст.
2. Ташнагй то чое рузадорро бехол намояд, ки агар об наншад,
шояд бимирад, дар ин хол низ шикастани руза барояш чоиз аст.
3. Зани бордор вакте хавфи халокати худ ё тифлашро эхсос намо-
яд, хурдани руза барояш чоиз аст. Дар ду холати номбурда (беморй ва
бордорй) агар хануз барои руза ният накарда бошад, метавонад руза-
ро нагирад. Локин барои бемор ба махзи тахмину хаёл ин кор чоиз
нест, балки бояд табиби хозик (донишманд) ва бодиёнате ин холатро
таъйид намояд.
4. Табиб чизе нагуфта, вале аз тачриба ва нишонахои дигар до-
нист, ки ба сабаби руза беморияш шиддат пайдо мекунад ва ё дар
баркароршавии саломатиаш таъхир меафтад, дар ин сурат низ чоиз
аст руза нагирад.
5. Бемор солим гашта, вале хануз бемадор бошад ва олиби гумон ин
аст, ки бо руза гирифтан мумкин аст дубора бемор шавад, руза нагирад.
6. Шахси бемор ва мусофире, ки дар холати беморй ва сафар дар-
гузаштаанд, барои рузаи хурдаашон дар охират бозхост намешаванд.
Зеро шариат дар ин холатхо хурдани рузаро барояшон ичозат додааст.
7. Шахсе муддати дах руз бемор бошад ва панч руз бехтар шавад,
вале дар ин муддат казоии даврони беморияшро нагирад ва баъд аз он
даргузарад, панч рузи даврони беморияш муъоф буда, барои панч
рузи дигараш бозхост мешавад.
8. Дар мусофират рузаро нагирифт ва чун ба хона баргашт, аз
дунё гузашт, ба андозаи хамон чанд рузе, ки дар хона буда ва казои
рузаашро ба чой наовардааст, бозхост мешавад. Чунин шахс бояд ба
ворисонаш васият кунад, ки фидяи рузхои казо наёвардаашро пардохт
намоянд. Фидяи руза барои хар руз ним соъ гандум аст.
9. Мусофире, ки барои камтарин муддати икомат (15 руз) ё беш-
тар аз он нияти икомат намояд, хурдани руза барояш чоиз нест. Агар
аз он микдор камтар нияти икомат намояд, хар ду тарафи кор барояш
яксон аст. Бубинад, агар хурдан барояш муносибтар бошад, бихурад
ва агар руза доштан бехтар бошад ва машаккате барояш ба вучуд на-
ояд, руза бигирад.
10. Кофире дар миёнахои руз мусалмон шавад ва ё кудаке ба ба-
логат расад, барояшон мустахаб аст, ки бозмондаи он руз аз хурдану
нушидан худдорй намоянд ва агар бихуранд хам, казое бар онхо ло-
зим нест.
11. Шахсе дар мусофират касди нагирифтани рузаро дошта бо-
шад, вале пеш аз нисфирузй (завол) ба хонааш баргашта муким шавад
ва ё дар як чунин вакте нияти икомат намояд ва то хол чизе нахурда
ва нанушида бошад, метавонад аз хамон вакт барои руза ният бандад.
12. Шахси пиру нотавон вакте бардаму тавоно гашт ва ё бемори
барчомондае бар асари кушиши табибон саломатияш дубора барка-
рор шуд, бояд казои рузаашонро ба чой оварад, зеро дар ин сурат
фидя наметавонад чойгузини руза гардад.
13. Бар зиммаи шахсе чанд руз рузаи казой бошад ва дар вакти
мурдан ба додани фидя васият кунад, он (васият) пас аз кафан ва дафн
аз як сеюми молаш бароварда мешавад. Бе васият аз моли ба ирс гу-
зоштааш фидя додан ба хохиш ва ихтиёри ворисон вобаста аст. 
14. Агар микдори фидяе, ки бояд дода шавад, аз як сеюми моли
даргузашта зиёдтар бошад, бо вучуди васият, бе ризояти ворисон ба-
ровардани микдори зиёдатии фидя чоиз нест.
15. Васият барои додани фидя дар ивази намозхои казо кардааш
низ хамин хукмро дорад.
16. Бар зиммаи шахсе закоти молаш монда бошад ва ба хангоми
марг ба додани он васият намояд, дар ин холат низ ворисон баъд аз
кафан, дафн ва адои карзхояш аз сеяки молаш закот медиханд.
17. Бар асоси мазхаби ханафй аз тарафи шахси даргузашта намоз
хондан ва руза гирифтани каси дигаре чоиз нест ва чизе аз зиммааш
сокит намешавад.
18. Бе узр хурдани рузаи мохи мубораки Рамазон гунохи кабира
(гунохи бузург) аст. Набояд бандаи муъмин ин фикри хаторо дар сар
бипарваронад, ки холо, ки вакт аст, мехурам ва чун умрам ба чое ра-
сид, руза мегирам ва казохои гузаштаро ба чо меоварам, зеро дар ха-
дис аст, ки агар тамоми умрро руза бигирад, бо як рузи рузаи мохи
Рамазон баробар намешавад. Дигар ин ки шояд ачал уро фурсат на-
дихад, то умраш ба чое бирасад.
19. Кудаки ноболие руза гирад ва сипас онро бихурад, казое бар
вай вочиб намегардад, вале агар намозро ният кунад ва бишиканад,
бояд онро аз сар бихонад.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222