Чорумин асл аз усули дини ислом имомат аст.”и м о м а т”– рахбари ва пешвоии омма -уммати мусалмон дар корхои дуняви ва дини тавассути шахсе ба ниёбат аз паёмбар аст. И м о м аз пешоянди араби амома- пеш ба точикию форси маънии пешво ва рахбарро дорад. Асли имомат хам дар мазхаби ахли тасаннун (суннихо) ва хам ахли ташайюъ (шиъахо) мавриди кабул аст. Вале дар байни ахли тасаннун (хадди акал дар сатхи шуури мазхабии омма) ин асл ба маънии хело тангу махдуд шахси пеш намоз маъруф аст. Имоматро метавон назария (доктрина)-и рахбарии сиёси ва мазхаби номид.
Асосан иллати нахустин ихтилоф дар чомеаи исломи, ки баъдан бо номи ихтилофи шиъа ва сунни маъруф гардид руи хамин масъалаи имомат, яъне масъалаи рахбарии сиёси ва мазхабии уммати мусалмон, баъд аз марги Паёмбари ислом(с) буда аст. Суннихо рохи худро интихоби аз тарики байъат меноманд. Шиъахо бошанд аз тарики интисоби, яъне гузаштан ё интикол ёфтани имомат аз насл ба насли ахли хонадони Паёмбар(с) рафтанд.
Суннихо назарияи интисоби будани имомат ва маъсумият ( бехатоги ва бегунохи)-и имомро, ки яке аз шароити асосии имомат аст, кабул надоранд. Баъзе аз мазхбхои ахли тасаннун хатто муътакиданд, ки фаразан, шахсе бо рохи зури ва галаба зимоми рахбарии сиёсии уммати исломро бидуни байъат ба даст оварад, агарчи фосик ва чохил бошад, имомат бар у мунъакид мешавад. Хамчунин онхо итоъати имомро, модом ки амали у мухолифи хукми шаръи набошад, хох одил бошад хох чобир вочиб мешуморанд. Максад аз имомат хифзи халалнопазирии ислом ва дафъи истилову такаллуб бар мусалмонон аст. Яъне имом рахбари сиёси ва мазхабии чомиъаи исломи аст. Шинохти имоми замон бар мусалмон вочиб гуфтаанд. Дар ин маврид хадисест, ки хам суннихо ва хам шиъаён кабул доранд ва дар он омадааст:”Дар кас кабл аз шинохти имоми замони худ бимирад, мурдааст аз навъимурдаи чохилия”. Ин казовати хело вазнин аст,чун онхое ки дар чохилият мурдаанд мушрику бутпараст будаанд.
Ахли ташайюъ имоматро , чунон ки гуфтем, мансуб ба хонадони Мухаммад медонанд, яъне пас аз Мухаммад мебоист Али ибн Абутолиб (домод ва амакбачаи Паёмбар (с)) рахбари уммат ва давлати исломи мешуд. Вале бисту ду сол тул кашид то лигоми хилофат баъд аз се халифи рошидини аввал (Абубакр, Умар ва Усмон) ба дасти Али ибн Абутолиб расид. Аз ин ру шиъаён хокимияти ин се халифи аввалро конуни намешуморанд ва онхоро госибони хокимият мехисобанд.
Онхо дар мавриди дурусти ва мувассак будани иддаои худ оёт ва хадисхоеро зикр кардаанд. Маъруфтарини он хадиси “Гадири Хум” аст, ки тибки он Паёмбар (с) фармудааст: “Хар киро, ки ман воли(рохбар) будам, хамоно Али низ волии уст”. Ахли ташайюъ мегуянд, ки ин хадисро Паёмбар хангоми баргашт аз «хаччи видоъ» дар махалли “Гадири Хум” изхор кардааст. Дигар далелу бурхонхо хам доранд, ки мо дар рисолаи “Исломшиноси” муфассал овардаем. Дар акидаи ахли шиъа имомат факат хокимияти сиёси нест, балки хамон вазифаеро дорад, ки анбиё доранд. Он анбиёе, ки шариати анбиёи пешинро таблиг кардаанд.
Мавриди тазаккур аст, ки на хамаи анбиё сохибшариат будаанд, балки баъзеи онхо шариати паёмбарони пеш гузаштаро таблигу таргиб кардаанд. Яке аз далоили ахли назар он аст, ки мегуянд: Мухаммад(с) наметавонист дар зарфи 23 сол тамоми мавзуъот ва масоили назарию амалии исломро ба муъминон ё аксар аз он ба инсоният баёну шарху тавзех кунад, аз ин ру пас аз сари у мебоист афроди баргузида, ки нишонахои лутфи илохи ба онхо аз матни Куръон ва аходиси набави аён аст, ин корро анчом медоданд.
Ба боварии ахли шиъа ин макому мартабаро Али ибни Абутолиб ва ёздах имоми пас аз у омада доранд. Харчанд аксари уламои ахли суннат ва чамоъат имоматро хамчун яке аз панч (ё хашт) усули дин, яъне таълимоти бунёдии ислом кабул кардаанд, пажухиш дар масоили назарии ин мавзуъ таърихан назди суннихо хело ночиз аст. Шояд яке аз сабабхои чандон амик омухта нашудани масълаи имомат хамчун асоси назарияи сиёси ва давлатдории исломи махз дар масълаи имомат, пас аз сари паёмбар эчод гардидани ихтилоф байни ахли суннат ва ахли ташайюъ бошад. Ба хар сурат масъалаи имомат дар мазхаби ахли тасаннун ниёз ба омузиш ва тахкики бештар дорад.