Главная / Илм / ИМОМАТ – ин Раҳбарӣ ё пешвоӣ аст

ИМОМАТ – ин Раҳбарӣ ё пешвоӣ аст

Чорумин асл аз усули дини ислом имомат аст.”и м о м а т”– раҳбарӣ ва пешвоии омма -уммати мусалмон дар корҳои дунявӣ ва динӣ тавассути шахсе ба ниёбат аз паёмбар аст. И м о м аз пешоянди арабӣ амома- пеш ба тоҷикию форсӣ маънии пешво ва раҳбарро дорад. Асли имомат ҳам дар мазҳаби аҳли тасаннун (сунниҳо) ва ҳам аҳли ташайюъ (шиъаҳо) мавриди қабул аст. Вале дар байни аҳли тасаннун (ҳадди ақал дар сатҳи шуури мазҳабии омма) ин асл ба маънии хело тангу маҳдуд шахси пеш намоз маъруф аст. Имоматро метавон назария (доктрина)-и раҳбарии сиёсӣ ва мазҳабӣ номид.

Асосан иллати нахустин ихтилоф дар ҷомеаи исломӣ, ки баъдан бо номи ихтилофи шиъа ва суннӣ маъруф гардид рӯи ҳамин масъалаи имомат, яъне масъалаи раҳбарии сиёсӣ ва мазҳабии уммати мусалмон, баъд аз марги Паёмбари ислом(с) буда аст. Сунниҳо роҳи худро интихобӣ аз тариқи байъат меноманд. Шиъаҳо бошанд аз тариқи интисобӣ, яъне гузаштан ё интиқол ёфтани имомат аз насл ба насли аҳли хонадони Паёмбар(с) рафтанд.

Сунниҳо назарияи интисобӣ будани имомат ва маъсумият ( бехатогӣ ва бегуноҳи)-и имомро, ки яке аз шароити асосии имомат аст, қабул надоранд. Баъзе аз мазҳбҳои аҳли тасаннун ҳатто мӯътақиданд, ки фаразан, шахсе бо роҳи зӯрӣ ва ғалаба зимоми раҳбарии сиёсии уммати исломро бидуни байъат ба даст оварад, агарчи фосиқ ва ҷоҳил бошад, имомат бар ӯ мунъақид мешавад. Ҳамчунин онҳо итоъати имомро, модом ки амали ӯ мухолифи ҳукми шаръӣ набошад, хоҳ одил бошад хоҳ ҷобир воҷиб мешуморанд. Мақсад аз имомат ҳифзи халалнопазирии ислом ва дафъи истилову тақаллуб бар мусалмонон аст. Яъне имом раҳбари сиёсӣ ва мазҳабии ҷомиъаи исломӣ аст. Шинохти имоми замон бар мусалмон воҷиб гуфтаанд. Дар ин маврид ҳадисест, ки ҳам сунниҳо ва ҳам шиъаён қабул доранд ва дар он омадааст:”Дар кас қабл аз шинохти имоми замони худ бимирад, мурдааст аз навъимурдаи ҷоҳилия”. Ин қазовати хело вазнин аст,чун онҳое ки дар ҷохилият мурдаанд мушрику бутпараст будаанд.

Аҳли ташайюъ имоматро , чунон ки гуфтем, мансуб ба хонадони Муҳаммад медонанд, яъне пас аз Муҳаммад мебоист Алӣ ибн Абутолиб (домод ва амакбачаи Паёмбар (с)) раҳбари уммат ва давлати исломӣ мешуд. Вале бисту ду сол тӯл кашид то лигоми хилофат баъд аз се халифи рошидини аввал (Абӯбакр, Умар ва Усмон) ба дасти Алӣ ибн Абутолиб расид. Аз ин рӯ шиъаён ҳокимияти ин се халифи аввалро қонунӣ намешуморанд ва онҳоро ғосибони ҳокимият меҳисобанд.

Онҳо дар мавриди дурустӣ ва мувассақ будани иддаои худ оёт ва ҳадисҳоеро зикр кардаанд. Маъруфтарини он ҳадиси “Ғадири Хум” аст, ки тибқи он Паёмбар (с) фармудааст: “Ҳар киро, ки ман волӣ(роҳбар) будам, хамоно Алӣ низ волии ӯст”. Ахли ташайюъ мегӯянд, ки ин ҳадисро Паёмбар ҳангоми баргашт аз «ҳаҷҷи видоъ» дар маҳалли “Ғадири Хум” изҳор кардааст. Дигар далелу бурҳонҳо ҳам доранд, ки мо дар рисолаи “Исломшиносӣ” муфассал овардаем. Дар ақидаи аҳли шиъа имомат фақат ҳокимияти сиёсӣ нест, балки ҳамон вазифаеро дорад, ки анбиё доранд. Он анбиёе, ки шариати анбиёи пешинро таблиғ кардаанд.

Мавриди тазаккур аст, ки на ҳамаи анбиё соҳибшариат будаанд, балки баъзеи онҳо шариати паёмбарони пеш гузаштаро таблиғу тарғиб кардаанд. Яке аз далоили аҳли назар он аст, ки мегӯянд: Муҳаммад(с) наметавонист дар зарфи 23 сол тамоми мавзуъот ва масоили назарию амалии исломро ба мӯъминон ё аксар аз он ба инсоният баёну шарҳу тавзеҳ кунад, аз ин рӯ пас аз сари ӯ мебоист афроди баргузида, ки нишонаҳои лутфи илоҳӣ ба онҳо аз матни Қуръон ва аҳодиси набавӣ аён аст, ин корро анҷом медоданд.

Ба боварии аҳли шиъа ин мақому мартабаро Алӣ ибни Абутолиб ва ёздаҳ имоми пас аз ӯ омада доранд. Ҳарчанд аксари уламои аҳли суннат ва ҷамоъат имоматро ҳамчун яке аз панҷ (ё ҳашт) усули дин, яъне таълимоти бунёдии ислом қабул кардаанд, пажӯҳиш дар масоили назарии ин мавзӯъ таърихан назди сунниҳо хело ночиз аст. Шояд яке аз сабабҳои чандон амиқ омӯхта нашудани масълаи имомат ҳамчун асоси назарияи сиёсӣ ва давлатдории исломӣ маҳз дар масълаи имомат, пас аз сари паёмбар эҷод гардидани ихтилоф байни аҳли суннат ва аҳли ташайюъ бошад. Ба ҳар сурат масъалаи имомат дар мазҳаби аҳли тасаннун ниёз ба омӯзиш ва таҳқиқи бештар дорад.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

diyet

Раҳнавард Зарёб ва Шогирди соатсоз шудам

Он солҳо падарам ва модарам тақрибан ҳар шабу рӯз даъво мекар-  данд ва сару садо …

222222222222222