Главная / Илм / Рақобатпазирии Сармояи зеҳнӣ

Рақобатпазирии Сармояи зеҳнӣ

Дар шароити маънавикунонӣ, интеллектуаликунонии иқтисодиёт соҳаи саноатии хоҷагӣ аз иқтисодиёти дониш қафо мемонад. Ҳамзамон дар баробари он сармояи инсонӣ тадриҷан ба сармояи зеҳнӣ гашта, меҳнат бо эҷодиёт иваз карда мешавад. Бо вуҷуди ин, асоси сармояи зеҳниро донишҳои зеҳнӣ ташкил медиҳанд. Бинобар ин рақобатпазирии иқтидори инсонӣ дар ҳама соҳаҳои фаъолияти онҳо пайдо шуда, дар навбати аввал ба таъмини рақобатпазирии технологӣ, ки дар асоси он бартарияти захираҳои донишҳои технологӣ, меҳнатИ, сармоягузори, ташкилию идоракуниро дар бар гирифтааст, мувофиқат мекунад. Ин донишҳо байни ҳам алоқамандии зич дошта, тавассути захираҳо ва иқтидори инсонӣ муайян мегарданд.

intel_bДар Тоҷикистон барои самаранок ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда дар доираи Стратегияи миллии рушд то давраи соли 2015 дар қатори афзалиятҳои миллии рушди нерӯи инсонӣ, ки асосан ба афзоиши ҳаҷм ва сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолии камбизоат ва ноил шудан ба мақсадҳои рушди ҳазорсола, фаъолнокии иштироки аҳолӣ дар раванди инкишоф, таҳкими шарики иҷтимоӣ нигаронида шуда, муайян карда шудааст.

Рақобатпазирӣ дараҷаи асосии иқтисодиёти ҳозиразамон ва шарти муҳими амалигардонии муттаҳидшавии кишвар ба хоҷагии беш аз пеш ҷаҳонишудаистодаи дунявӣ мебошад. Муттаҳидшавии амиқи мамлакат бо хоҷагии ҷаҳонӣ маънои ба маҷрои асосии рушди ҷаҳонӣ дохилшавии онро дорад. Давлатҳое, ки дар хоҷагии ҷаҳонӣ дар як саф буда наметавонанд, худ аз худ дар қисмати карахтии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мемонанд. Ташаккул додани иқтисодиёти фарогиранда, ки бо риштаҳои молиявӣ, истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, технологии бо ҳам пайваста ва якҷоамалкунандаи сарҳадҳоро бемонеа убуркунанда пайваст мешаванд, шароити мавҷудияти давлатҳои ҷудогонаро куллан дигаргун месозад.

Аз ин рӯ, хоҳ нохоҳ масъалаи аҳамияти рақобатпазирӣ, дараҷаҳои баҳогузорӣ, омилҳои таъмин кардани он ба миён меояд. Дар адабиёти иқтисодии сершумор, ба корҳои илмии солҳои охир дар бораи рақобатпазирии иқтисодиёти кишвар, механизмҳои гуногуни таъмини он дахл карда мешавад, вале моҳияти рақобатпазирӣҳамчун категория дар назарияи иқтисодӣ пурра муайян карда нашудааст. Бо вуҷуди ин рақобатпазирӣ дар шароитҳои васеъшавии хамгирои ва алоқаҳои байналхалқии давлатҳо дар хоҷагии ҷаҳонӣ дараҷаи ҳаматарафа фарогиранда дар низоми бозоргонӣ хоҳад шуд.

Дар муайян кардани моҳияти рақобатпазирӣ донистани мафҳуми «рақобат» (конкуренция), маънои дар ягон саҳна рақобат кардани шахсони алоҳидаро, ки мақсади ягона доранд, дошта бошад. Дар миқёси васеътар рақобатпазирӣ муборизаи шарикони ҳамкор барои ба даст овардани қисми зиёдтари даромад, бозори фурӯш, сарчашмаҳои ашёи хом ва ғайраро мефаҳмонад.

Дар шароити муттаҳидшавии пайвастаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ мафҳуми «рақобатпазирии байналхалқӣ» истифодаи васеъ пайдо кард, ки ҳангоми баҳодиҳиҳо ба ҳар як давлат дар низоми хоҷагии ҷаҳонӣ истифода мешавад. Барои иҷрои он якчанд усулҳо мавҷуданд. Ҳамчунин се маркази асосие мавҷуд мебошад, ки бо масъалаҳои рақобатпазирӣ машғуланд. Донишгоҳи Гарвард (ИМА), Форуми умумиҷаҳонии иқтисодии Давос (Нуфузи Давос) ва Донишкадаи рушди менеҷменти Лондон.

Аз ҷониби Форуми умумиҷаҳонии иқтисодии Давос 90 нишондиҳанда, ки дар 9 гурӯҳ муттаҳид карда шудаанд, ба назар гирифта мешавад. Бо дастури Донишкадаи Лондон бошад, 320 нишондиҳанда ва баҳои экспертӣ баҳогузорӣ мешавад. Дар ин дастур маҷмӯи нишондиҳандаҳо, ки вазъияти мамлакатро дар низоми нуфузиҷаҳонӣ муайян мекунад, пешниҳод шудааст. Дар байни онҳо ба нишондиҳандаҳои муҳими макроиқтисодӣ, монанди ҳаҷми истеҳсолоти маҳсулоти дохилӣ, суръати афзоиши он, истеҳсоли маҳсулот ба ҳар як нафари аҳолӣ баҳогузорӣ мешавад.

Иқтисодиёти рақобатпазирро бе иқтидори рақобатпазирии инсонӣ тасаввур кардан душвор аст. Захираҳои инсониро ба яке аз омилҳои асосии тараққиёти милливу ҷаҳонӣ мансуб донистан лозим аст. Таҳқиқи иқтидори инсонӣ солҳои охир вусъат ёфта истодааст. Дар баробари ин ҷабҳаҳои гуногуни он, аз ҷумла нишондиҳандаҳои демографӣ бештар мавриди таҳқиққарор доранд. Чунин таҳқиқи яктарафа ба назари мо он қадар қобили қабул нест. Иқтидори демографӣ бешубҳа як қисми иқтидори инсонист ва ташаккули афзоиши онро нишон медиҳад. Аз ин нуқтаи назар миқдори муайянкунандаҳои шумораи аҳолӣ, сохторҳои он аҳамияти муҳим касб мекунанд. Аммо дар шароити муттаҳидшавии мунтазами байналхалқӣ сифати нави иқтидори инсонӣ аҳамияти аввалиндараҷаро соҳиб мешавад.

Мувофиқи Тавсияҳои Созмони байналхалқии меҳнат (СБМ) №195 «Дар бораи рушди захираҳои инсонӣ: таҳсилот, тайёр кардани кадрҳо ва таҳсилоти муттасил», ки дар Конфронси генералии СБМ (ш. Женева, 1 июни соли 2004) қабул гардидааст, гуфта мешавад, ки «таҳсилот, тайёр кардани кадрҳо ва таҳсилоти муттасил ба таъмини манфиатҳои шаҳрвандони ҷудогона, муассисаҳо, иқтисодиёт ва умуман ҷамъият мутаносибан бо чунин нуқтаҳои муҳим ҳамчун машғулияти пурра, аз байн бурдани бенавоӣ, таъмини муттаҳидшавии иҷтимоӣ ва афзоиши мунтазами иқтисодиёт дар шароити ҷаҳонишавии он саҳми муносиб мегузоранд».

Дар ин Тавсияномаи СБМ мақсадҳои ниҳоии инкишофи захираҳои инсонӣ, нерӯи он аниқ нишон дода шудаанд ва онҳо самтҳои асосии ташаккули босифати нерӯи инсониро муайян намуда, сифати нави онро таъмин мекунанд. Онҳо барои баҳодиҳии миқдори нерӯи инсонӣ дар асоси барномаи СММ, ҳисоботҳои ҳарсолаи афзоиши одамон ва нишондиҳандаи ривоҷи инсониро истифода мебаранд. Истифодаи ин нишондиҳандаҳо имкон медиҳад, ки нуфузи давлатҳо дар иқтисодиёти ҷаҳонишуда аз рӯи давомнокии миёнаи умри аҳолӣ, ҳолати саломатии онҳо (ки аз рӯи андозаи хароҷотҳои бевоситаи тиббӣ муайян мешавад), саводнокии аҳолӣ, ҳаҷми истеҳсолии дохилӣ ба ҳар як нафари аҳолӣ рост меомада, муайян карда шавад. Дар асоси консепсияи замонавии иқтидори инсонӣ сифати нави иқтидори инсонӣ ва таъмини рақобатпазирии он дар шароитҳои муттаҳидшавии байналхалқӣ ва ҷаҳонишавии иқтисодиёт бояд ба назар гирифта шаванд.

Ба назар гирифтан лозим аст, ки амалигардонии консепсияи меҳнати арзанда бояд барои коргарон, дар куҷое, ки набошад, яке аз масъалаҳои асосии БМ мебошад. Дар баробари ин, ба назари мо нуқтаи муҳим он аст, ки зери мафҳуми «меҳнати арзанда» чӣ дар назар дошта шудааст. Меҳнати арзанда ба фикри мо ин кори доимӣ мувофиқи ҷои пурраи корӣ мебошад, ки ба талаботҳои касбии корманд ҷавобгӯ бошад, ки ӯ метавонад имкониятҳои касбии худро бо рӯҳияи баланди меҳнатӣ ва ҳисси қаноатмандӣ дар шароитҳои мусоид ва ҳифзи бехатарии меҳнат ва музди баланд пурра истифода бурда тавонад.

Барои ин зарур аст, ки мавқеъ ва нишондиҳандаҳои рақобатпазирии иқтидори инсонӣ, ки ба инкишофи захираҳои инсонӣ баҳо дода метавонанд, интихоб карда шавад. Баҳодиҳӣ ба рақобатпазирии иқтидори инсонӣ аз рӯи ин нишондиҳандаҳои муайяни вазъияти баамаломада ва дараҷаи рақобатпазирии иқтидори инсонӣ баҳогузорӣ мешаванд. Минбаъд баландшавии рақобатпазирии иқтидори инсонӣ аз бисёр ҷиҳат ба таъсири байниҳамдигарии омилҳои онро таъминкунанда вобаста мебошанд, ки иборат аз:

  1. рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат;
  2. сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ;
  3. ислоҳоти маориф, тайёркунии касбӣ ва ҷорӣ кардани таҳсилоти муттасил;
  4. азнавташкилдиҳии низоми тайёр кардани кадрҳо бо маълумоти миёнаи касбӣ;
  5. таъмини дастрасӣ ба меҳнати арзанда бо музди баланд;
  6. тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои технологияи дараҷаи баланди иқтисодиёт;
  7. ташкили нерӯи бо кор таъминкунӣ дар бозори дохилии меҳнат;
  8. таъмини афзалиятҳои рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат;
  9. таҳсилот ва таҳсили муттасили кадрҳо бо назардошти азхудкунии на камтар аз се забон, забони давлатӣ, забони русӣ ва забони англисӣ.

Таъсири байниҳамдигарии омилҳои мазкур ҳангоми аз тарафи давлат танзим намудани онҳо бо сифати нав ва баландшавии рақобатпазири иқтидори инсонӣ мусоидат менамояд, ки маънои ба даст овардани ҳосилнокии баланди меҳнат ва шуғл, афзудани талабот ба захираҳои инсонӣ дар бозорҳои       дохилӣ ва берунии меҳнатро мефаҳмонад.

Таъмини рақобатпазирии иқтидори инсонии Тоҷикистон дар соҳаи вусъатноки шуғл ва дар бозори меҳнат пеш аз ҳама аз ҷиҳати муайян кардани мавқеи ҷумҳурӣ дар тақсимоти байналхалқии меҳнат имконпазир аст. Ин маънои махсусгардонӣ ва тағйирдиҳии соҳаҳоро бо назардошти ҷорӣ кардани истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонӣ дар асоси технологияи навини рақобатпазирро дорад. Дар ин самт ислоҳоти маориф, азнавташкилкунии тайёрии касбии миёна ва таҳсилоти муттасили кадрҳо ҳатмист.

Нобаробарии талабот ва пешниҳоди қувваи корӣ аз рӯи нишонаҳои сифатӣ, хусусан дар бозори меҳнати ҷавонон ва занон аён мегардад ва ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ душвориҳо пеш меоранд, ки сабабгори асосии бекории ҷавонон ва занон мегардад.

Дар навбати аввал зарур аст, ки рақобатпазирӣ дар соҳаи шуғл ва бозори меҳнат дар асоси баландбардории касбии қувваи корӣ мувофиқи талаботи бозор таъмин карда шавад. Баландшавии рақобатпазирии иқтидори инсонӣ, афзоиши шуғлнокӣ ва пастшавии дараҷаи бекорӣ меъёри муҳими рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ дар маҷмӯъ мебошад.

Лаҳзаи муайянкунанда дар ҳалли муаммоҳои ин самт ислоҳоти маориф ва илм, қабули чораҳои низомӣ оид ба баланд бардоштани сифати таълими томактабӣ, умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ба баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳо ва рақобатпазирии онҳо мусоидат мекунад.

Таъмини рақобатпазирии қувваи корӣ маънои ба даст овардани ҳунари олӣ дар асоси фаро гирифтани ҳар як корманд ба «низоми таълим барои тамоми умр», соҳиби таҷрибаи калони корӣ шуданро дорад. Танҳо бо ин роҳ имкон дорад талаботро дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонии меҳнат қонеъ намуда, барои шуғлнокӣ имкон пайдо гардад. Дар айни замон гузариш аз усули пешинаи роҳбарии кадрҳо ба идоракунии захираҳои инсонӣ, ки яке аз сохторҳои муҳими менеҷменти муассисаҳо мебошад, амалӣ гардонида мешавад. Тадриҷан тағйирёбии сиёсати кадрҳо, идоракунии тобеон ва ташаккули консепсияи идоракунии захираҳои инсонӣ ҳамчун соҳаи мустақил ва дар айни замон қисми таркибии менеҷменти корхона ва умуман иқтисодиёт амалӣ мегардад.

Илми менеҷмент ва амалӣ гардонидани қарорҳои идоракунӣ дар ҳамаи дараҷаҳои иқтисодиёт ташкил кардани мактаби миллии идоракуниро талаб мекунад, ки дар стратегияи давлатҳои бештар рақобатпазири дунё ба назар гирифта шудааст. Ташкили марказҳои нави илмӣ дар асоси ҳамкорӣ бо марказҳои илмии ҷаҳонӣ ва марказҳои маҳаллии соҳавӣ ва академии илмӣ ва ташкилотҳо бо пешниҳод намудан дар назардошти шароитҳои имтиёзнок таъсис додани мактаби идоракунии миллӣ имконпазир аст. Дар баробари ҳалли масоили идоракунӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбӣ таълимот дар соҳаи идораи захираҳои инсонӣ ба роҳ монда шавад.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

Биби

Маоши аввал – ҳикоя

Қариб як ҳафта буд, ки Саидахола дар ҳавлӣ танҳо мезист. Писараш дар хидмати ҳарбӣ, кели- …

222222222222222