Главная / Илм / Равандҳои инноватсионӣ

Равандҳои инноватсионӣ

Таҳлили раванди инноватсионӣ собит месозад, ки гузариш аз як ҳолати сифатӣ ба ҳолати дигар хароҷоти захираҳо (қувва, вақт, молиёт, захираҳои инноватсионӣ ва иттилооти)-ро талаб мекунад. Раванди интиқоли навигари, инноватсия низ хароҷоти захираҳои гуногунро, ки асосашон раванди инноватсионӣ ва вақт ба ҳисоб мераванд, талаб менамояд. Дар шароити бозор, хамчун низоми муносибатҳои иқтисодии хариду фурӯши мол, ки дар чорчӯбаи он талабот, таклиф ва нарх, ки ҷузъҳои асосии фаъолияти инноватсионӣ ба шумор мераванд, ташаккул меёбанд ва дар шакли навигариҳо, инноватсияҳо ва навовариҳо баромад мекунанд. Навигариҳо-бозори навовариҳоро (новатсияҳоро), сармоягузориҳо бозори сармояҳо (сармоягузориҳоро), инноватсияҳо бозори рақобати тозаи навовариҳоро ба вуҷуд меоранд.

imagesТаҳти унвони равандҳои инноватсионӣ дар мафҳуми васеи худ истифодаи фоиданоки навигариҳо дар намуди технологияҳои нав, намудҳои маҳсулот ва хизматрасониҳо, қарорҳои ташкилию техникӣ ва иҷтимоию иқтисодии хусусияти истеҳсолӣ, молиявӣ, тиҷоратӣ, маъмурӣ ва ғайра дошта, фаҳмида мешавад. Ба вуҷудоии андеша, замина ва паҳнсозии он то истифодааш арзивуҷуд намудани инноватсия номида мешавад. Бо назардошти анҷоми пайдарҳами корҳо ба вуҷуд омадани инноватсия ҳамчун раванди инноватсионӣ баррасӣ мегардад.

Истилоҳҳои «инноватсия» ва «раванди инноватсионӣ» ба ҳам наздиканд, вале якхела нестанд. Раванди инноватсионӣ бо бунёд сохтан, азхудкунИ ва паҳнсозии инноватсионӣ вобаста аст. Бунёдкунандагони инноватсионӣ дар фаъолияти хеш чунин меъёрҳоро ба мисли давраи арзи вуҷуд намудани маснуот ва самараноки иқтисодИ чун раҳнамо қарор медиҳанд. Стратегияи онҳо ба он нигаронида шудааст, ки бояд аз рақиб пеш гузашт, навигарие ба вучуд овард, ки дар соҳаи муайян назир нахоҳад дошт. Эҷодкориҳои илмӣ-техникӣ ва навовариҳо ҳамчун натиҷаҳои мобайнии даври илмӣ-истеҳсолӣ баромад намуда, аз рӯи истифодаи амалиашон ба инноватсияи илмӣ- техникӣ, яъне натиҷаҳои ниҳоӣ муббадал мегарданд. Эҷодкориҳо ва ихтирооти илмӣ-техникӣ замимаи дониши нав бо мақсади истифодаи амалии он, инноватсияи илмӣ-техникӣ бошад – ин моддикунонии андешаҳои нав ва дониш, кашфиёт, ихтироъот ва эҷодкориҳои илмӣ- техникӣ дар ҷараёни истеҳсолот бо мақсади ба фурӯш баровардани онҳо баҳри қонеъ сохтани талаботи муайяни истеъмолкунандагон ба ҳисоб мераванд. Хусусияти ҳатмии навигарии илмӣ-техникӣ истифодаи он дар истеҳсолот ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, инноватсияҳои илмӣ-техникӣ бояд чунин бошанд:

  • дорои навоварӣ,
  • қонеъсозандаи талаботи бозор,
  • барои истеҳсолкунанда фоидаовар.

Паҳнсозии инноватсияҳо, навовариҳо, ба мисли эҷоди онҳо қисми таркибии раванди инноватсионӣ ба шумор меравад.

Се шакли мантиқии раванди инноватсионӣро, яъне-шакли оддии дохилиташкилотӣ (воқеӣ), шакли оддии байниташкилотӣ (молӣ) ва васеъро аз ҳамдигар фарқ месозанд.

Раванди инноватсионӣи оддии дохилиташкилотӣ барпо кардан ва дар дохили худи ҳамон ташкилот истифодабарии навовариҳоро пешбинӣ менамояд, навоварӣ дар ин ҳолат бевосита шакли молиро намегирад. Ҳангоми раванди инноватсионӣи оддии байниташкилотӣ навоварӣ ҳамчун ашёи хариду фурӯш баромад мекунад. Чунин шакли раванди инноватсионӣ ва истеҳсолкунандаи навоварӣ маънои аз вазифаи истеъмолкунандагӣ ҷудо гардидани вазифаҳои барпосозиро дорад. Раванди васеи инноватсионӣ дар масъалаи бавуҷудории истеҳсолкунандагони навоварӣ, дар барҳамдиҳии монополиявии истеҳсолкунандаи нахустин зоҳир мегардад, ки ба воситаи рақобати муштарак ба такмили хусусиятҳои истеъмолии моли истеҳсолшаванда мусоидат мекунад. Дар шароити раванди инноватсионӣи молӣ ҳадди ақал ду субъекти хоҷагидор-истеҳсолкунанда (бунёдкунанда) ва истеъмолкунанда (истифодабаранда)-и навоварӣ амал мекунанд. Агар навоварӣ- раванди технологӣ бошад, истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаи он метавонанд, ки дар як субъекти хоҷагидорӣ ҷойгир шаванд.

Раванди оддии инноватсионӣ дар ду марҳила ба шакли молӣ мегузарад; 1) бавуҷудории эҷоди навигарӣ ва паҳнсозии он; 2) бо ҳам омехтани навоварӣ. Марҳилаи аввал – ин давраҳои пайдарпайи тадқиқотҳои илмӣ, корҳои таҷрибавию нақшакашӣ, ташкили истеҳсолоти таҷрибавӣ ва фурӯш (савдо), ташкили истеҳсолоти тиҷоратӣ мебошад. Дар марҳилаи аввал ҳанӯз самараи фоиданокии навоварӣ амалӣ нагашта, танҳо имкониятҳои татбиқи он ба вуҷуд меояд. Дар марҳилаи дуюм самараи ҷамъиятию фоиданокӣ дар байни истеҳсолкунандагонинавоварӣ, инчунин  дар байни истеҳсолкунандагону истеъмолкунандагон аз нав тақсим мешавад.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222